Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

11 ҷавоби рад барои сабти Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ


Дилрабо Самадова
Дилрабо Самадова

Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, созмони ҳомии ҳуқуқи ҷавонони синни даъват ба артиш ва сарбозон мегӯяд, ки ду сол боз барои сабти намояндагиаш дар Суғд 11 ҷавоби рад гирифтааст.

Созмони Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, ки бештар аз ҳаққи ҷавонони синни даъват ба артиш ва сарбозон дифоъ мекунад, аз соли 2014 боз натавонистааст намояндагиаш дар вилояти Суғдро фаъол намояд. Дилрабо Самадова, масъули ин созмон, рӯзи 28 апрел ба Озодӣ гуфт, дар тӯли ду соли гузашта барои сабти намояндагии дафтарашон 11 бор ба Вазорати адлия муроҷиат карда, ҳамин қадар ҷавоби рад гирифтаанд.

Ҳоло, ба гуфтаи Самадова, бо дархости мақомоти адлия идораи андоз ҳам ба дари намояндагии онҳо дар Суғд муҳр задааст ва ҳеч кас ҳаққи дохил шуданро надорад.

Дар посух ба ин суол, ки мақомот барои сабт накардани намояндагии Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ дар Суғд чӣ далел пеш меоранд? Дилрабо Самадова гуфт: "Ҳар дафъа сабабҳои мухталиф пеш меоранд ва дар номаи ахир зикр кардаанд, ки гӯё банду басти оиннома мувофиқат намекунад. Беҳад талош мекунем, ки Вазорати адлия моро фаҳмад, аммо фаҳмидан намехоҳад."

Ӯ гуфт, ки ҳоло маҷбур шудаанд бори 12-ум ба Вазорати адлияи Тоҷикистон муроҷиат кунанд.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар навоҳии кишвар кореро иҷро мекунад, ки бояд мақомоти ҳукумати кишвар анҷом диҳанд. Ин созмон бо ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон, аз ҷумла бо Вазорати дифоъ барномаҳои муштарак дорад ва бо сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ кор мебарад ва набояд чанд хатои кӯчак боиси сабти ном нашудани бахши вилоятии ин созмон шавад.

Бобоназарова афзуд: “Шумо бубинед, ин созмон бемаблағ аз сарбозоне, ки дучори шиканҷа мешаванд ва аз навдаъватоне, ки “облава” мешаванд, ҳимоят мекунад. Ҳол он ки ин вазифаи органҳои давлатӣ аст. Ман намефаҳмам, вақте ки ҳамкории давлат бо ҷомеъа мегӯем, маънояш дастгирии ҳамин созмонҳои ҷамъиятӣ аз тарафи мақомот аст. Барои ман нофаҳмо аст, ки барои чӣ ба ин созмон ин қадар часпидаанд? Агар хатое ҳам дар ҳуҷҷатҳои он вуҷуд дошта бошад, ислоҳ кунанд ва шароити мусоид фароҳам оранд.”

Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ дар асоси созмони собиқи “Ампаро” ташкил шудааст. Соли 2012 раёсати адлияи вилояти Суғд ба додгоҳи шаҳри Хуҷанд алайҳи “Ампаро” даъво бурда буд, ки гӯё ин созмон қонуни иттиҳодияҳои ҷамъиятиро нақз карда, бар хилофи меъёрҳои Оинномааш суроғаи ҳуқуқиро тағйир додааст ва бе огоҳ кардани раёсати адлия дар Душанбе ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон зерсохтор кушодааст. Баъдан ин созмон бо қарори додгоҳ баста шуд.

“Ампаро” соли 2005 ташкил шуда, дар се самт – ҷавонон, маълулон ва сарбозон - фаъолият мекард. Ин созмон ҳар сол дар мавриди ҷалби ҷавонон ба артиш ва вазъи хизмати низомӣ дар Тоҷикистон мониторинг мегузаронд.

Ҳамин корро баъдан Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ идома дод. Вакилони мудофеи Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ дар баҳсҳои додгоҳӣ аз сарбозону навдаъватшудаҳое, ки мавриди латту кӯб қарор мегиранд ва ё бо роҳи “облава” ба артиш бурда мешаванд, ҳимоят мекунад.

Ин созмон ахиран эълон кард, ки аз аввали соли ҷорӣ ҳалокати як сарбози тоҷик бар асари шиканҷа дар қисмҳои низомиро сабт кардааст. Дилрабо Самадова ҳам мегӯяд, дар се моҳи гузаштаи соли ҷорӣ дар маҷмӯъ аз сӯи сокинон 7 муроҷиати расмӣ дар бораи шиканҷа шуданашон дарёфт кардаанд, ки аз ин ҳисоб чор ҳолати он дар қисмҳои низомӣ рух додааст.

Дар ду соли охир чандин мавриди бадрафтории кӯҳнасарбозон дар баробари аксарони навдаъватшуда дар артиши Тоҷикистон волидонеро, ки фарзандонашон ба синни аскарӣ расидаанд, нигарон кардааст. Вале мақомот вуҷуди ҳамагуна "дедовшина" дар қисмҳои низомиро рад крада ва мегӯянд, ки барои назорат аз болои сарбозон ва рафтори онҳо дурбинҳои назоратӣ насб шудааст.

XS
SM
MD
LG