Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хисороти сел дар Бадахшон ҳудуди 3 миллион $ ҳисоб шудааст


Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, ки сели харобиовар дар Шуғнони Бадахшон 56 манзили сокинонро пурра хароб карда, як мактабу фурӯшгоҳ ва роҳу хатҳои барқро низ вайрон намудааст.

Сел дар ҷамоати деҳоти Шуғнони вилояти Бадахшон 56 оиларо бе манзил карда, бинои як мактаб ва шаш фурӯшгоҳро низ пурра вайрон намудааст. ​

Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, 18 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, "сел як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, дуним километр роҳи байнулмилалии Душанбе-Мурғоб, 2 километр роҳи мошингарди маҳҳалӣ, 4 километр хатти интиқоли нерӯи барқ, 3 ҳазор дарахти мевадиҳанда, 6 мошин ва 4 пулро пурра хароб кард."

Бино ба ҳисоби пешакӣ маблағи хисороти сел дар Шуғнон 19 миллиону 353 ҳазор сомонӣ баробар ба тақрибан 3 миллион доллар, будааст. ​Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон дар раъси як ҳайати баландпоя ба Бадахшон рафтааст. То кунун даҳҳо нафар аз маҳалҳои селзада тавассути чархболҳо ба ҷои амн кӯчонда шудаанд. Ҳукумати Тоҷикистон барои ёрӣ ба сокинони осебдида 60 тонна орд, шакар, равған, макарон ва дигар маводи ғизоӣ фиристодааст.

ПАЁМАДИ СЕЛ: 17 ИЮЛ

Масъулони ҳукумати вилояти Бадахшон мегӯянд, ки барои ёрӣ ба осебдидагони сел дар ноҳияи Шуғнон се чархбол - як чархболи Бунёди Оқохон ва ду чархболи ҳукумат - хидмат мекунанд. Нуралӣ Риёев, муовини раиси Бадахшон 17 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, дар маҳалҳои селзада аз 40 то 50 ҳазор нафар ба сар мебаранд ва онҳо бо ёрии ин чархболҳо тавонистаанд, ки гурӯҳе аз мардумро ба ҷойи амн кӯчонда, ҳамин тавр, аз талафоти ҷонӣ пешгирӣ кунанд.

Азиз Гиёев -- раиси ноҳияи Шуғнон низ гуфт, ки сели харобиовари 16 июл беш аз 39 манзили сокинони ҷамоати деҳоти Сӯчонро пурра ва даҳҳо хонаи дигарро қисман вайрон кардааст. Ӯ афзуд, то ба ҳол маблағи хисороти ин сел ҳисоб нашуда, аммо ба тахмини онҳо "хеле зиёд аст".

Гиёев гуфт, "чор купрӯк, ду километр роҳи мошингард ва дуним километр хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ ҳам тахриб шудааст. Об яке аз пулҳои мошингард, ки роҳро ба деҳаи Барсем мепайваст, шуста дар миёни дарё қарор дод ва дар натиҷа, як садди сунъӣ ба вуҷуд омада дар муддати кӯтоҳ кӯле ба дарозии 1,5 километр дар ин дарё пайдо шуд. Ҳамчунин, оби рӯди Ғунд купрӯки мошингузареро, ки роҳро ба сӯи Мурғоб мепайваст, пурра вайрон кардааст."

Азиз Гиёев
Азиз Гиёев

Раиси ноҳияи Шуғнон мегӯяд, ҳоло деҳаҳои ҷамоати Сӯчон баъди шуста шудани пулҳову роҳҳо аз иртибот бо роҳи мошингард маҳруманд ва мақомот танҳо бо ёрии чархбол ба мардум кумак мерсонанд. Азиз Гиёев афзуд, дар навбати аввал тариқи чархбол одамони беморро аз ин мавзеъ то ба беморхона интиқол медиҳанд.

Аз ин пештар созмони амрикоии FOCUS, ки дар Бадахшон фаъолият дорад, аз вайрон шудани 29 манзили сокинон дар ин минтақа хабар дода буд. Абдулло Амонбеков -- сухангӯи "Помир Энержӣ" низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хароб шудани хатҳои интиқоли нерӯи барқро тасдиқ кард, аммо гуфт, ин ширкат алакай барои барқарорсозии онҳо сар кардааст. "Коргарон дар маҳалли ҳодиса ҳастанд ва дар зудтарин фурсат ду километр хатҳои барқи селбурдаро барқарор хоҳанд кард," -- афзуд ӯ.

Сели харобиовар дар Бадахшон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:12 0:00

Амонбеков мегӯяд, дар ҳоли ҳозир нерӯгоҳи "Помир 1" фаъол аст, аммо бинобар хароб шудани хатҳои интиқоли барқ нерӯ то ба шаҳри Хоруғ, маркази Бадахшон, намерасад.

Нерӯгоҳи "Помир 1"
Нерӯгоҳи "Помир 1"

Дар ҳамин ҳол, бархе аз сокинони рустои Барсем дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки оби бисёр дар поёни деҳаи онҳо сангу чӯб ва лойро дар як ҷо ҷамъ оварда, обанбори сунъӣ сохтааст, ки дар сурати рахна шуданаш метавонад маҳаллаҳои поёнобро зер кунад. Сокинони деҳаи Бердибекободи ноҳияи Шуғнон ҳам мегӯянд, шаби гузаштаро дар болои кӯҳ рӯз карда ва бо чашмони худ диданд, ки чигуна об манзили онҳоро вайрон кард.

Муқим, як бошандаи Бердибекобод гуфт, ки сокинони наздисоҳилӣ танҳо либосу ашё ва дигар лавозимоти рӯзгорро аз хонаҳояшон берун кашида, дуртар аз он маҳал, дар хаймаҳо ба сар мебаранд. Ба қавли ин ҳамсӯҳбати мо, ин деҳа аз сӣ хоҷагӣ иборат буд.

Як манбаъ дар Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи Бадахшон гуфт, комиссияи махсус баъд аз омӯзиши ин вазъ маълум кардааст, ки сел бар асари гармои шадид ва об шудани пиряхҳо омадааст. "Аммо сангу гил аз дараи Сучон ба дарёи Ғунд рехта, пеши обро банд намудааст, ки дар натиҷа об дар деҳаи Барсем хонаҳои истиқоматиро тахриб намуда, як кӯли сунъӣ ҳам дар назди ин деҳа ба вуҷуд омадааст," -- афзуд манбаъ.

XS
SM
MD
LG