Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

64 шаҳрванди Тоҷикистон аз Яман рафтан намехоҳанд


Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки 64 шаҳрванди кишвар, ба шумули 10 ноболиғ дар Яман боқӣ мондаанд.

То имрӯз 168 шаҳрванди Тоҷикистон ин кишварии арабии мубтало ба ҷанги шаҳрвандиро тарк намуданд. Дар ин бора Абдулфайз Атоев, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 17 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабар дод ва гуфт, охирин гурӯҳ иборат аз кормандони тиб ва аъзои хонаводаи онҳо ахиран тавассути Дубай ба Тоҷикистон баргашт. Ӯ афзуд, ба омори 168 нафари аз Яман беруншуда шаҳрвандоне, ки шиносномаи Русия доранд, шомил нестанд.

Абдулфайз Атоев
Абдулфайз Атоев

Айни ҳол, ба гуфтаи Абдулфайз Атоев, се шаҳрванди Тоҷикистон аз Яман ба Арабистони Саудӣ рафтаанд ва сафорати Тоҷикистон дар такопӯи ба кишвар интиқол додани онҳост. Cухангӯи вазорати умури хориҷӣ афзуд, ки “70 нафар, аз ҷумла, даҳ кӯдаки ноболиғ бо ихтиёри худ дар қаламрави Яман боқӣ мондаанд, аммо рӯзи панҷшанбе шаш нафари онҳо низ хостори хурӯҷ аз кишвар шудаанд ва ҳоло дипломатҳо дар ҷустуҷӯи роҳҳои аз Яман берун кардани ин шаҳрвандонанд”. Агар афроди боқимонда, ки ба назар мерасад, маҳалли кору иқоматашон дар Яман амн аст, хостори бозгашт ба Ватан шаванд, сафоратҳои Тоҷикистон дар Қатару Аморати Муттаҳидаи Араб ва консулгарии дар Дубай аз пайи ин кор мешаванд, гуфт Абдулфайз Атоев.

То кунун даҳҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бештарашон бо қарордоди ширкатҳои Русия, асосан ба табобати мардуми Яман машғул буданд, ҳамроҳ бо хонаводаашон тавассути ҳавопаймоҳои вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия аз Яман ба Маскав ва сипас ба ватан оварда шудаанд.

Ихроҷи шарвандони хориҷӣ аз Яман бо шурӯи амалиёти Эътилофи ба раҳбарии Арабистони Саъудӣ алайҳи шӯришиёни ҳусӣ – мухолифони шиамазҳаби ҳукумати Яман, ки бовар меравад аз пуштибонии Эрон бархӯрдоранд, оғоз ёфт.

Ёдовар мешавем, нахустин гурӯҳи панҷнафарии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо ҳавопаймои русӣ Яманро тарк карда буданд, 3 апрел ба Тоҷикистон баргашт. Як рӯз баъд аз ин бо ҳавопаймоҳои вазорати ҳолатҳои изтирории Русия 70 шаҳрванди Тоҷикистон аз Санъо, пойтахти Яман, берун оварда шуданд, ки дар миёни онҳо 14 кӯдак низ буд.

Дар ҳамин ҳол, Созмони Милали Муттаҳид, аз сарнавишти мардуми Яман ва хориҷиёне, ки дар кишвар мондаанд, изҳори нигаронӣ карда, хостори ҷамъоварии 273 миллиону 700 ҳазор доллар барои ниёзмандиҳои онҳо дар се моҳи оянда шуд. Идораи Созмони Милал дар масоили ҳамоҳангсозии умури башарӣ рӯзи 17 апрел изҳор намуд, ки бар асари набардҳо дар Яман дасти кам 150 ҳазор нафар манзили зисти худро тарк намуданд. Ба иттилои ин ниҳод, аз 19 март то 13 апрел даргириҳо мунҷар ба ҳалокати 767 яманӣ шуданд ва теъдоди қурбониён рӯзҳои ахир афзоиш ёфтааст.

Низоъ дар Яман идома меёбад. Хабаргузории Франс Пресс бо такя ба як мақоми маҳаллӣ рӯзи ҷумъа хабар дод, ки бар асари зарбаи ҳавопаймоҳои Эътилофи таҳти фармони Арабистони Саъудӣ ба корвони ошӯбгарон дар шаҳри бандарии Адан дасти кам 20 тан аз шибҳанизомиёни ҳусӣ кушта шуданд. Ин хабаргузорӣ дар бораи ҳалокати 16 нафар, аз ҷумла, се сокини осоишта дар задухӯрд миёни ҳусиҳо ва сарбозони содиқ ба раисиҷумҳури барканоршудаи Яман Абдраббу Мансур Ҳодӣ дар шаҳри Таез, воқеъ дар ҷанубу ғарби кишвар иттилоъ дод.

Бан Ки Мун, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, рӯзи 16 апрел хостори оташбас ва хатми низоъ дар Яман шуд.

XS
SM
MD
LG