Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳиди парванда мегӯяд, ки ба ӯ таҳдид мекунанд


Кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳамадонӣ шоҳиди як парвандаи пурсару садоро барои шоҳиди надодан мувофиқи хостаи онҳо, латукӯб кардаанд.

Маҳмуд Назиров, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ 14-уми август бояд дар парвандаи Файзалӣ Давлатов, ки бо гумони куштор дар боздоштгоҳ қарор дорад ва парвандаашро додгоҳи Олии Тоҷикистон барои баррасии дубора ба додгоҳи Хатлон ирсол кардааст, шоҳидӣ медод. Аммо Назиров мегӯяд, қабл аз мурофиаи додгоҳӣ ӯро ба ШКД даъват карданд ва гуфтанд, ки шаҳодаташро тибқи гуфтаи онҳо баён созад, вагарна ӯро ҷисман маъюб хоҳанд кард. Аммо замоне, ки ӯ ин гуфтаро рад мекунад, ӯро мавриди лату куб қарор медиҳанд.

Кормандони пулиси ноҳияи Ҳамадонӣ соле пеш Файзалӣ Давлатов, як сокини Ҳамадониро бо гумони «қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ, ки боиси марг мешавад» дар марги Дилшод Латипов, сокини дигари ин ноҳия гумонбар дониста, боздошт карда буданд. Аммо наздиконаш иддао доранд, ки Дилшод Латипов, ки Давлатовро дар марги ӯ муҷрим медонанд, худ ҳангоми сархӯшӣ афтода сараш дар бетон бархӯрда ҳалок шудааст, на ин ки аз зарби мушт афтодааст.

Маҳмуд Назиров, ягона шоҳиди афтидани Латипов ба замин аст, ки ҳоло мегӯяд, кормандони ШКД-и Ҳамадонӣ барояш мегӯянд, ин ҳолатро ба гунаи дигар дар додгоҳ байён созад. Ӯ дар тамос бо Радиои Озодӣ гуфт: «Маро кормандони ШКД-и ноҳияи Ҳамадонӣ маҷбур доранд, ки ба хостаи

Маҳмуд Назиров
Маҳмуд Назиров

онҳо шоҳидӣ диҳам. Илтимос, маро назананд, ман дурӯғ гуфта наметавонам. Дар ҳама ҷо гуфтам, ки ман дидам, ки Дилшод худаш афтид ва задани Файзалиро надидам. Аммо маро мегӯянд, ҳодисаро дигар хел нақл кун. Чӣ тавр дурӯғ бигӯям? Илтимос маро назананд, ки дурӯғ гуфта наметавонам. Маро чанд мушт заданд ва як ангуштамро қатъ карданд, ки ҳоло сахт маъюб шудааст.»

Ин шоҳиди парванда мегӯяд, исми кормандони милисаро намедонад, вале агар бубинад, онҳоро мешиносад, зеро қабл аз ҳар мурофиа барояш таъкид мекунанд, ки бар хилоф ҳақиқат шоҳиди диҳад. Аммо дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳамадонӣ рӯх додани чунин ҳолатеро комилан рад карданд.

Латукӯби шоҳиди ин парванда дар ҳолест, ки чанде қабл наздикони Файзалӣ Давлатов аз шадидан латукӯб шудани наздикашон аз ҷониби кормандони ШКД хабар дода буданд. Дастагул Давлатова, хоҳар ва вакили мудофеи ин боздоштшуда мегӯяд, зерҳимояаш ба ҳаде латту кӯб шудааст, ки бинӣ бо қисме аз пешонӣ ва охӯраки дасти росташ шикаста, аз зарбаҳои эҳтимолан дар сараш хӯрда ҳолати рӯҳиаш хеле бад аст. Ӯ мегӯяд, осори бинии шикаста ва охӯраки дасташ рӯшан ба назар мерасад, аммо инки Файзалӣ боз чӣ қадар ва аз куҷои баданаш зарб хӯрдааст, бо чашм дида намешавад.

Файзалӣ Давлатов 29-уми июни соли 2013 бо гумони даст доштан дар ҳалокати Дилшод Латипов, як сокини дигари ноҳияи Ҳамадонӣ боздошт шудааст. Ӯро дар содир кардани ҷиноят тибқи моддаи 110 қисми 3, қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ, ки боиси марг мешавад, гумонбар медонанд.

Гуфта мешавад, ки Файзалӣ рӯзи 29-уми июн дар дӯкони фурӯши маводи спиртӣ бо Дилшод Латипов баҳс мекунад. Шахси ҳалокшуда ба ӯ ҳамла мекунад, аммо дар давоми моҷаро сараш ба бетон бархӯрдааст ва ӯ пас аз як ҳафта дар беморхона ба ҳалокат мерасад. Худи гумонбар дар додгоҳ изҳор доштааст, ки дар афтидани марҳум ва ба бетон бархӯрдани ӯ даст надоштааст, балки вай худаш афтидааст.

Наздикони Давлатов мегӯянд, ки агар ҳатто дар натиҷаи ҷанҷол миёни ин ду нафар сари марҳум Латифов ба бетон бархӯрда бошад, ин ҳолат аз беэҳтиётӣ рух додааст, на қасдан. Бинобар ин, бояд парванда тибқи моддаи 108, яъне аз беэҳтиётӣ ба ҳалокат расидани шаҳрванд баррасӣ шавад, на тибқи моддаи 110. Онҳо ба ин боваранд, ки маъмурони милиса Файзалӣ Давлатовро барои он шиканҷа кардаанд, ки айбномаи дилхоҳи онҳоро ба гардан гирад.

XS
SM
MD
LG