Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷиноятҳои умдаи ҷавонон дар Суғд -- дуздиву қаллобӣ, авбошиву занозанӣ


Ҷавонону ноболиғони суғдӣ сол то сол зиёд даст ба ҷиноят мезананд ва ин ҳол мояи нигаронии амиқи мақомот қарор гирифтааст.

Бино ба маълумоти додситонии Суғд, соли гузашта аз ҷониби ҷавонону ноболиғони минтақа беш аз 1 ҳазору 200 ҷиноят содир шудааст, ки дар онҳо беш аз 150 бачаҳои то 18 сола низ даст доранд. Шумораи ҷинояткорони ҷавон назар ба соли 2012 ҳудуди 100 нафар зиёд ба қайд гирифта шудааст.

Дуздиву ғорат, авбошиву қаллобӣ ва занозанӣ ё ба ибораи қонун – “зарари ҷисмонӣ расонидан” аз ҷиноятҳои умдаи содиркардаи насли ҷавон аст.
Маркази давлатии солимгардонии кӯдак дар Хуҷанд бачаҳоеро, ки бори аввал ҷинояти сабук содир кардаву ба гурӯҳи душвортарбия шомиланд, қабул мекунад. Ҳоло дар ин марказ 18 духтару писарони зери синни 18 давраи таълимиро паси сар мекунанд.

Мадина номи мустаори духтаракест, ки аз ноҳияи Ҷаббор Расулов аст ва дар пайи дуздии 150 сомонӣ маблағ ба дасти пулис афтодаву ба ин ҷо фиристода шудааст. Вай чунин нақл мекунад: “Модарам дар хонамон, аммо бемор, роҳ рафтан наметонанд. Акаам дар корхонаи хишт кор мекунад. Як бародар дорам, синфи ҳаштум мехонад. Падар надорам, вафот кардааст. Ман шароити хондан надоштам.”

Мадина тавассути маркази кӯдак дар яке аз мактабҳои Хуҷанд дар синфи 9 таҳсил мекунад. Вай мегӯяд, тақдири бачаҳое, ки баъди қонуншиканӣ ё содир кардани ҷиноят ба ин марказ интиқол шудаанд, аз як ҷиҳат ба ҳам монанданд: “Мо бачаҳои ин ҷо ҳама дар сарамон ягон мушкил дорем. Ё бе падару модар, ё зиндагии вазнин, ё падару модар - ҷанҷолӣ. Ҳамин душвориҳо ба роҳи бад мебарад.”

Нимрӯзи 18 - уми апрел, ки бо бачаҳои Маркази атфоли душвортарбияи Хуҷанд сӯҳбат мекардам, ба гуфтаи мураббиён, чанд шогирдони синфҳои болоии онҳо аз дарсхонӣ ҳанӯз барнагашта буданд.

Акмал номи мустаори писараки 10 солаест, ки модараш дар ноҳияи Ашт ӯро танҳо дар хонаи кадом хешаш гузошт ва худ роҳи муҳоҷирати кории Русия пеш гирифт ва Акмал низ ба Хуҷанд омада, ба гурӯҳи кӯдакони хиёбонӣ пайваст. Вай мегӯяд: “Падарам аз мо ҷудо шудагӣ. Модарам Русия рафт. Тағому очам ва хоҳарча дорам, тағом ҳам Расия рафтанӣ шуданд, ман Хуҷанд омадам.”

Акмал мегӯяд, аслан ба хонаашон баргаштанӣ нест, магар ки модараш бихоҳад ва ба суроғаш ояд. Айни ҳамин гапи Акмалро бисёр шогирдони ин марказ низ дар суҳбат бо “Озодӣ” гуфтанд. Ба онҳо компутеру дарсхониву иштирок дар чандин гурӯҳҳои омӯзишӣ, ғамхории мураббиён хуш омадааст. Чизе, ки онҳо дар оилаҳои худ аз он маҳрум буданд ва худро ба ҳар роҳ мезаданд. Вақти суҳбат бо гурӯҳи кӯдакон мураббиашон ба онҳо сартарошӣ ёд медод.

Тӯҳфа Эргашева, раҳбари маркази мазкур дар сӯҳбат бо “Озодӣ” сабаби ба роҳи бад ва ҷинояткорӣ дохил шудани кӯдаконро умдатан ба таъсири мушкилоти иҷтимоии хонаводаҳои тоҷик меномад: “Ҳар кӯдаке, ки мо қабул мекунем, камаш се-чор мушкилӣ бар дӯш доранд. Ё бекасу бепарастор мондаанд, ё падар ё модарашон зиндагии бемаънӣ доранд, ё падар гурехта рафтааст ё фарзандони волидайнашон беникоҳ ба дунё оварда. Хуллас, фарзандони оилаҳое, ки дар бораи ояндаи фарзандашон фикр намекунанд ва ӯро ба ҳоли худаш гузоштаанд.”

Хонум Эргашева афзуд, умдатан чунин кӯдакони маҳрум аз ғамхорӣ дар хонаводаҳои бепарастору беназорат даст ба ҷинояткорӣ мезананд ва онҳо ба дастгирӣ ва парастории давлат ниёз доранд. Кӯдаконеро, ки сахтии рӯзгор маҷбур кардааст даст ба талбандагӣ баранд, дар назди бозори “Панҷшанбе”-и Хуҷанд ҳар рӯз ба чашм мерасанд. Як духтараки 14-15 солае, ки сари роҳ менишаст, мегӯяд, танҳо падар дорад ва як бародар, аммо падараш шаробхора асту ҷойе кор намекунад ва ночор бори рӯзгорро ин духтари хурдсолаш бо гадоӣ мекашад.

Додситонии Суғд ахиран бо баргузории як ҷаласа бо иштироки мақомоти масъули шаҳру навоҳии вилоят вазъи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва навҷавонони минтақа ва роҳҳои ислоҳи онро баррасӣ кард.

Маркази давлатии солимгардонӣ ва ҳифзи кӯдакони душвортарбия дар Хуҷанд ягона чунин марказ барои инчунин бачаҳо др вилояти Суғд аст. Он барои қабули то 80 кӯдак имкон дорад. Кӯдаконе, ки дубора даст ба ҷиноят мезананд, барои ислоҳ ба мактаби махсуси бачаҳои душвортарбия ба Душанбе фиристода мешаванд.
XS
SM
MD
LG