Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавсифи президенти ФИФА аз рушди футболи тоҷик (21 АКС)


 Йозеф Блаттер
Йозеф Блаттер

Йозеф Блаттер, президенти ФИФА, дар як нишасти хабарӣ, ки рӯзи 26-уми март дар Душанбе баргузор шуд, аз рушди футбол дар Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи ҳукумати ин кишвар ба ин риштаи варзиш изҳори қаноатмандӣ кард.

Вай аз он изҳори хушнудӣ кард, ки футбол солҳои охир дар Тоҷикистон рушд меёбад ва имконоту шароит барои пешрафти риштаи варзиш фароҳам мегардад. Ҷаноби Блаттер гуфт, дар Тоҷикистон ба рушди футбол ва соҳаи варзиш таваҷҷуҳи амиқ зоҳир мекунанд.

Дар идомаи суханаш ҷаноби Блаттер дар бораи нақшаҳои ФИФА ва омодагиҳо ба Ҷоми ҷаҳонии футбол-2016 дар Бразил изҳори назар кард.

Ӯ аз истиқболи гарм ва пазироии мизбонон ва бахусус тамошои бозии футбол барои Суперҷоми Тоҷикистон дар варзишгоҳи марказӣ изҳори хушҳолӣ кард.
Ба гуфтаи ӯ, бозии дирӯза нишон дод, ки сатҳи футболи тоҷик боло меравад ва дар оянда футболбозони моҳир ба камол мерасанд. Ҷаноби Блаттер изҳори боварӣ кард, ки футболбозони ҷавони тоҷик ба мисли солҳои пешин дар чемпионати ҷаҳон ширкат меварзанд. Инчунин вай дар бораи футболи занона ва нақшаҳои ФИФА оид ба рушди футбол миёни занон иттилоъ дод ва аз ширкати мунтахаби футболи занонаи Тоҷикистон байни духтарони синнашон 14-сола дар мусобиқоти минтақавии қаҳрамонии Осиё истиқбол кард.

Баъдан раиси ФИФА ба саволҳои хабарнигорон посух дод.

Дар рӯзи дувум ва ниҳоии боздиди Блаттер аз Тоҷикистон субҳи имрӯз, 26-уми март, раиси ФИФА бо ширкат дар як ҷашнвораи футболи кӯдакон ба Соли футболи оммавӣ дар Тоҷикистон оғози расмӣ дод. Ӯ инчунин, дар расми ифтитоҳи майдони сунъӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо кӯмаки молии барномаи “Гол-2”-и ФИФА бунёд шудааст, ширкат варзид.

Ҷаноби Блаттер, инчунин ба раиси Созмони хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов вимпели ФИФА-ро тақдим намуд.


Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Йозеф Блаттер

Рӯзи 25-уми март дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо президенти Федератсияи ҷаҳонии футбол (ФИФА) Йозеф Блаттер масоили вобаста ба рушди футбол ва таъмини оммавияти варзиш дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Аз дафтари матбуотии раиси ҷумҳур иттилоъ доданд, ки Йозеф Блаттер “Соли футболи оммавӣ” дар Тоҷикистон эълон гардидани соли 2014-ро “иқдоми шоистаи дастгирӣ номида, изҳор дошт, ки “иштирок дар маросими оғози татбиқи ин ташаббус аз ҳадафҳои сафар”-и ӯ ба Тоҷикистон аст.”

Эмомалӣ Раҳмон ба Йозеф Блаттер барои дастгириҳои пайвастаи ФИФА аз рушди футбол дар Тоҷикистон изҳори ташаккур кард.

Бо ҳамин сафари дурӯзаи Йозеф Блаттер ба Тоҷикистон пеш аз зуҳри 26-уми март ба анҷом расид ва раиси ФИФА аз Душанбе барои ширкат дар Конгураи Иттиҳодияи футболи Аврупо (УЕФА) ба Қазоқистон парвоз намуд.
XS
SM
MD
LG