Cешанбе, Октябр 21, 2014

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Чаро духтарони тоҷикро дар “Одноклассники” бисёр ғам медиҳанд?

“Ман ҳеҷ намефаҳмам, ки чаро духтарони тоҷик дар Одноклассники, пеши саҳифаҳояшонро девори бетонӣ гирифтаанд” гуфтааст, як ҷавони тоҷик дар як баҳсе дар Одноклассники ва аз рафиқаш чунин ҷавоб гирифтааст: “Ноз мекунанд.”

Манзур аз девори бетонӣ саҳифаҳои бастаи духтарони тоҷик аст, ки ба истиснои дӯстонашон дигар корбарони бегонаву ношинос ба он роҳ ёфта наметавонанд. Агар саҳифа баста бошад, каси бегона ба шумо навишта ва ё зери аксатон шарҳ гузошта наметавонад. Воқеан духтарони тоҷик барои қалъабандии саҳифаашон дар Одноклассники далел доранд, зеро агар саҳифаи худро боз гузоранд, ҳар рӯз пешниҳоде барои муносибати маҳрамона мегиранд ва ё дашном мешунаванд.

Азиза, яке аз корбарон, ки барои муддате саҳифаашро дар Одноклассники боз гузошта буд, паёмҳои беҷавоби гирифтаашро ба ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт, ки бароятон мехонем: “Паҳ тағота куштӣ, ита безебай, ваҳҳ Ҷеки Чан вертушка шапт кна.” Яке дигар рамзи ишқу акси гулу, яхмос фиристодааст. Аммо баъди чунин комплиментҳои беҷавоб, Азизаро дашномҳои зиште кардаанд, ки забон ба гуфтани он намепечад.

Сарвинози РӯҳуллоҳСарвинози Рӯҳуллоҳ
x
Сарвинози Рӯҳуллоҳ
Сарвинози Рӯҳуллоҳ
Сарвиноз Рӯҳуллоҳ, ҳамкори мо дар Радиои Озодӣ, ки дар Одноклассники саҳифаи баста дорад, мегӯяд, бисёре аз духтарон аз муносибати бади писарон ба танг омада ва баъзеашон онро комилан тарк мекунанд: “Бисёр одамони бегона ба саҳифаи ман медаромаданд, аз ҷумла писарон, зери аксҳои ман шарҳҳои ҳархела менавиштанд. Баъд нафароне буданд, ки як бор саҳифаи маро медиданд, баъд дархости дӯстӣ мефиристоданд ва вақте ман онҳоро ба сафи дӯстонам қабул намекарданд, ҳатман чизе менавиштанд.”

Баъзе аз ҷавонон ба қавле барои ҷалби таваҷҷӯҳи духтарон аксҳои нимаурёну бозуҳои худро ба онҳо намоиш медиҳанд, ба ин умед, ки шояд мойилашон мешавад. Рустам Маҷидов, хабарнигори тоҷик, ки масъалаи шабакаҳои иҷтимоиро зиёд таҳқиқ мекунад, мегӯяд, агарчӣ писарони тоҷик дар зиндагии воқеъӣ ҳам гоҳ-гоҳ чунин рафтор мекунанд, аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ худро озодтар эҳсос карда ва аз ҳама марзҳои ахлоқӣ мегузаранд.

Ба қавли Рустам Маҷидов, бисёре аз ҷавонон чунин мепиндоранд, ки шабакаҳои иҷтимоӣ “манбаи фисқу фуҷуранд” ва духтаронро бадахлоқ мекунанд ва маҳз ҳамин андешаи ғалат сабаби тамоми “мусибатҳои” духтарон дар Одноклассники пурбинандатарин торнамои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон шудааст:

“Чун як тассавуре ҳаст, мабно ба фикри аввалӣ, ки шабакаҳои иҷтимоӣ ба қавле духтаронро вайрон мекунад ва писарон фикр мекунанд, он духтароне, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд, то ҷое “дастрас” ҳастанд. Ба ҳамин хотир чизҳои фаҳш менависанд, кӯшиши наздикшавӣ мекунанд, кӯшиши наздикшавӣ бо мақсади фаҳш зиёд дида мешавад.”

Фариштамоҳ ГуловаФариштамоҳ Гулова
x
Фариштамоҳ Гулова
Фариштамоҳ Гулова
Фариштамоҳ Гулова, аз Бунёди ҷамъиятии ташаббуси шаҳрвандӣ ва сиёсати интернет дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳатто навореро дидааст, ки дар он гуфта мешуд, агар духтаре дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифа дошта бошад, ӯро келин накунед. Аммо бо вуҷуди ин ҳама, шумораи корбарони Одноклассники аз ҳисоби духтарони тоҷик кам нест, чун онҳо роҳҳои эмин мондан аз ин ҳамлаҳоро ёд гирифтаанд. Баъзе аз онҳо исмашонро тағйир медиҳанд, ё агар ин корро накунанд, саҳифаҳояшонро бар рӯи бегонаҳо мебанданд.  Онҳое, ки шавҳару фарзанд доранд, ба ҷойи акси худ акси фарзанд ё ҳамроҳ бо шавҳарро гузоштаанд, то писарон ба онҳо ба қавле начаспанд.

Фариштамоҳ Гулова, ки дар таҳияи одобномаи муошират дар Интернет саҳм дорад, мегӯяд, бо гузашти муддате одоби корбарон дар муошират ба ҳадде беҳтар мешавад, вале дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам мисли ҳаёти воқеъӣ ахлоқи инсон нақши аслиро иҷро мекунад: “Муошират аз ахлоқи инсон вобастагӣ дорад ва ҳамаи мо умед бар он дорем, ки бо мурури замон битавонем, одоби муошират дар шабакаҳои иҷтимоиро каме беҳтару хубтар гардонем. “

Одобе, ки бисёре аз корбарони ҷавони тоҷик дар Одноклассники ҳам доранд ва далели ин гуфта, ширкати озоди духтарон дар баъзе аз баҳсҳо ҳаст ва посухи ҷавонон, ки ба он духтар бо “хоҳар” гуфта муроҷиат кардаанд.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
    Баъдӣ 
Ном: берзод аз: пахтакор
25.01.2014 09:38
хозир дар ок.ру сайтои духтарира бачохо кушодагиян аз хамин сабаб ба фикри ман !!!
Дар посух

Ном: абдулочон
28.01.2014 10:50
БА ХАР ЯК ДАРОМАД БА ИН САЙТ АЗОБИ КАБР ЗИЁДТАР МЕШАВАД!!!
ман намедонистам, ман намефахмидам гуфтани гап нест!!!
Аллохро фиреб додан НОМУМКИН АСТ !

Ном: Фируз аз: Душанбе
25.01.2014 10:19
Рости имрузхо шабакахои ичтимои як бозича шудааст. Хар кас ки чизе хост менависад, мегузорад ба таври худаш. 99 дарсади истифодабарандагони имрузаи шабакахои ичтимои хусусан Одноккласик барои муносибатхои махрамонаю фахшона пайдо кардан бо дигарон вориди ин шабака мешаванд. Шояд баъзехо бахташонро кобанд, шояд баъзехо бо дустонашон сухбат кунанд, шояд баъзехо тичораташонро рушт диханд, шояд баъзехо реклама кунанд худашонро. Ман рости 5 мох дар ин шабака аъзо шудам дигар вичдонам набардошт аз он чизхои хондаву дидаам дар ин шабака ва сахифахамро нест кардам ва дигар ворид намешавам. Хато дар як гурухе вох хурда будам ки "Пупсикчахои Хучанд" ном дошт дар ончо 5-6 расм буд ва дар зерашон шахсиятхояшон муарифи шуда буданд. Хизматрасонии ин гурух фохишаги будааст. Имруз сатхи маданияти истифодабарандагони ба хусус чавонон хело коста аст.

Ном: Рустам аз: Душанбе
25.01.2014 10:31
Сабаб пастии сатхи маърифати бархе аз корбарон аст. Онхо вокеан хам фикр мекунанд, ки ба духтароне, ки аз интернет истифода мебаранд, хар гуна муомилаю муносибат кардан мумкин аст. Мисли он ки солхои 60-80 асри гузашта нисбати духтарони институтхон хамин хел бархурд мекарданд. Дар холе ки савияи фарханги духтарон хангоми истифодаи интернет ба маротиб баланд аст. Чуноне мегуянд бонухо табиатан доно мешаванду бачахо аз хондан. Аммо мутаасифона чавонон майли хондан надоранд. Шояд ин мархилае бошад, ки мегузарад ва чавонони мо одоби истифодаи интернетро бо мурур риоят мекунанд.

Ном: Точик аз: Сугд
25.01.2014 13:01
Ин чи шурест дар ин даври камар мебинам, Хама офок пур аз фитнаву шар мебинам.........Яке аз балохое ки ба сари халки Точик омад ин хамин ,,оДнаклассникии,лаьнати ва дигараш ин филмхои гарби ,,,инхо чизхое мебошанд чавонону кудакон аз ин чизхо корхоеро ед мегиранд ки ба забон овардани ин амалхо душвор....Ман аз ин сарварони давлат мехохамки пеши рохи ин чизхоро гиранд!!

Ном: Точик аз: Сугд
25.01.2014 13:01
Ин чи шурест дар ин даври камар мебинам, Хама офок пур аз фитнаву шар мебинам.........Яке аз балохое ки ба сари халки Точик омад ин хамин ,,оДнаклассникии,лаьнати ва дигараш ин филмхои гарби ,,,инхо чизхое мебошанд чавонону кудакон аз ин чизхо корхоеро ед мегиранд ки ба забон овардани ин амалхо душвор....Ман аз ин сарварони давлат мехохамки пеши рохи ин чизхоро гиранд!!

Ном: Беном
25.01.2014 13:16
ваҳҳ Ҷеки Чан вертушка шапт кна.)))))))

Ном: honest аз: Россия
25.01.2014 13:23
Гапи созро гуфтаанд дар хамон видеои тамошокардагии Фариштамох Гулова "зани одноклассникшин нагрен"...Аввал телефон баромад,хамаи духтарон сохиби телефон шуданд,баъд боз интернетшин шуданд-шуд Точикистон Рости ман дар 2-3 сол як маротиба Точикистон меравам,аммо мебнам ки духтари созро ефта ба зани гирифтан хеле душвор аст. Агар пеши рохи инро нагирем бовар кунед аз Россияву дигар давлатхо мегзаронем. Дигар ба ДУХТАР будани духтар ахамият намедихем,чунки намемонад чунин духтархо ва мачбур шуда мегирем дастзадагора.Озоди гапи хака гуфтм,гуфти аму бародар бчопш!!!

Ном: Firuz
25.01.2014 14:20
"Purmadaniyati"-i javoni tojik na tanho dar "Odnoklassniki" balki dar "Youtub" niz hamchunun ast. Zeri navori saroyandaduhthoi tojik niz javonak ba dashnom dast mezanad, jo ba nomusulmoni gunahkor mekunad...Umuman javonhoi tojik az donistani zaboni adabivu, madaniyati hub, guftori nek, ba hamdigar chun barodaru hohar nigoh kardan tamoman barhurdor nestand...

Ном: Шрек аз: Хувайло
25.01.2014 14:50
avval in ki khonum Sravinoz va Aziza charo akshoi khudatonro dar saythoi shabakavi memoned, misli Odnoklasniki ?!
va duvum in ki pisaron va dukhtaroni hozira bisyor beadab shudaand,
tavsiya ba dukhtarho : agar dukhtar nakhohad yagon pisar zorravu tavalo karda yo majburi, ba kavli hozira namechaspad.

Ном: Меха аз: RaZVILka
25.01.2014 15:27
Rustam ay Hudo tars, Hudovand gumone mekuni ay durugda azobwa bolo hisob mekna. Man fikr mekunan tu ay tajribai hud harf mezani,hamin sayfai hudatro varaq gardonan az 30% , 25% duhtar bo hamunoham to sini 20sola mebowan. Ozodi 4op kun. Dar borai duhtaro bowad andewae badam nadoran 5/1 panja yak nes ku...
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
    Баъдӣ 

Назари Шумо чист?

Бойгонии назарсанҷӣ

Писандидаҳо

Тамос бо Радиои Озодӣ

Агар хабаре доред ё мехоҳед, масъалаеро дар миён гузоред, бо имейли Tajik@rferl.org ё телефони интернетии ozodi.skype бо мо дар тамос шавед. Ҳамчунин телефонҳои мо дар хидмати Шумо:

Дар Душанбе:          988 65 94 63               988 65 94 64            985 63 83 56
Дар Прага:               420 725 03 79 43   
Skype Me™! Add me to Skype

Мавзӯъҳои рӯз