Шанбе, Апрел 19, 2014

Тоҷикистон

Тарафдорони "ов" ва "вич" бештар шудаанд

Додситони кулли Тоҷикистон аз таваҷҷӯҳи ҷавонон ба навишти насаби худ бо пасвандҳои русӣ нигаронӣ кардааст.

Шерхон Салимзода, Додситони кулли Тоҷикистон.
Шерхон Салимзода, Додситони кулли Тоҷикистон.
Ҳаҷми матн - +
Додситони кулли Тоҷикистон гузориши солонаи худ доир ба натиҷаи  санҷишҳову таҳдқиқотҳои мақомоти прокуратура дар соли 2013-ро ба нашр расонда, аз ҷумла дар мавриди бештар шудани таваҷҷӯҳи ҷавонон ба навишти насаби худ бо суффиксҳои “ов” ва “вич” изҳори нигаронӣ карда, инро тарбияи заъифи соҳаи маориф ва парвариши кишвар унвон кардааст.

Шерхон Салимзода ин гузориши худро дар саҳифаи нашрияи ҳукуматии «Ҷумҳурият» ба нашр расонида, мегӯяд, ки санҷиши қонунгузориҳо дар мақомоти маориф, адлия ва идоракунии ҳарбӣ нишон додааст, ки тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ ва ватандустӣ коҳиш ёфтааст.

Вай бо нигаронӣ зикр мекунад, ки солҳои охир раванди даст кашидан аз тарзҳои миллии номгузорӣ зиёд ба мушоҳида расида, шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ ба ин мусоидат менамоянд. Ба унвони мисол, дар се соли охир дар Донишгоҳи давлатии тиҷорат 177 нафар, Донишгоҳи омӯзгорӣ 113 ва Донишгоҳи давлатии тиббӣ 223 донишҷӯ аз тарзи миллии номгузорӣ, даст кашида, ба тарзи шӯравии  номгузорӣ (суффиксҳои “ов” ва “вич”) гузаштаанд.

Вай мегӯяд, ки дар ҳамин муддати се сол гузашта дар ҳамин донишгоҳҳое, ки санҷида шуданд, танҳо 2 нафар тарзи миллии номгузориро интихоб намудаанд. Ҷаноби Салимзода меафзояд, ки чунин ҳолат дар дигар мактабҳои олии кишвар низ дида мешавад.

Аммо бархе хонаводаҳои тоҷик мегӯянд, ки танҳо пас аз ихроҷ шудани фарзандашон аз Русия, ба таври иҷборӣ ному насби миллиро ба шакли шӯравии «ов» ва «вич» табдил додаанд. Саёрабек Афзалов, як сокини Қӯрғонтеппа мегӯяд, ки сарфи назар аз тарбияи милливу ватандӯстӣ, хонаводаи вай аз ҳисоби муҳоҷират рӯз мебарад аз ин рӯ насаби фарзандаш «Ҷамшед Афзалзода»-ро ба хотири ин, ки пас аз хатми мактаб назди бародараш ба Русия хоҳад рафт ва ба хотири пеш наёмадани мушкил дар шиносномааш, «Афзалов Ҷамшед Саёрабекович» хоҳад кард.

Ва мегӯяд, ки мисли ӯ даҳҳо ва садҳо нафар ҳастанд, ки пас аз ихроҷ шудан аз Русия, ночор насаби худро бо суффикси «ов» ва «вич» табдил мекунанд.

Тағйири ному насаб дар давраҳои пеш ба хонаводаҳои зиёиён рабт дошт. Вале маъракаи бозгашт ба номгузории тоҷикӣ ба даврони баъд аз пошхӯрии Шӯравӣ рост меояд ва то ин замон аксари зодагони даврон истиқлолият дар ҳуҷҷатҳои шахсиашон номҳои тоҷикӣ доранд.

Дар рӯзи Наврӯзи соли 2007 раисҷумҳури Тоҷикистон ва бо пайравӣ аз ӯ, як идда вазирону мақомдорони Тоҷикистон низ аз пасвандҳои русии «ов»-у «ев» даст кашиданд. Аз ҷумла вазирони вақт Гул Шералӣ ва Ғулом Бобозода низ дар ин давра ному насаби худро тағйир дода буданд.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо. Сафҳаи аз 3
 Пешӣ    
Ном: Умар аз: Истаравшан
21.01.2014 09:43
Бародарон мансабхои асосии давлати холо дар дасти коммунистон аст, шахрдори Истаравшан аз коммунистиаш даст накашид, аз оеву, евичаш даст мекашад? Барои дигаргунихои куллии милли акидаи комунистиву руспарасти бояд аз байн равад, холо дар сари кудрат коммунистон оё фарзандони онон, тамоми мардум дар мухочират дар русия пас худатон казоват кунед кай хисси милли ташаккул меёбад!!!!!!!

Ном: ном аз: макон
21.01.2014 09:45
Дар мо хисси милли- махалли таваллуд, хештаншиноси- авлодшиноси шидай. Парвои миллат касе надорад!

Ном: Ном аз: ДШБ
21.01.2014 11:40
Агар хамаи бланкахои диплом, шиноснома, аттестат ва дигар хуччатхоро ройгон таъмин намоянд, мархамат имруз рафта "ов"-у "вич"- ро иваз мекунем.

Ном: РУСТАМ аз: ХАТЛОН
21.01.2014 12:20
Россия ва дигар давлатхо ба ному насаби точикон кор надоранд. Танхо ба кормандони ЧАМОАТХО ва идорахои сабти ном, азчумла идораи шиносномадиханда, зарур аст, ки худашон аввал босавод бошанду ШИНОСНОМАро дуруст пур кунанд. Дар сатре-графае, ки бояд НАСАБро нависанд НОМро нанависед. Барои мисол: Аввал НАСАБ: Гафурзода, баъд НОМ: Саид, ва нихоят НОМИ ПАДАР: Абдулло. Дар чунин шакли пур кардани Шиноснома касе ба шумо кор надорад...
Дар посух

Ном: Махмуд аз: Душанбе
21.01.2014 14:00
Офарин хаки гапро гуфти. Лекин натича намедихад. Чунки боз хамон бесавод кор мекунаду босавод ба Россия рафта, аз амали анчомдодаи ин бесавод азоб мекашад.

Ном: Rustam аз: Dushanbe
21.01.2014 12:47
Ман хайронам, ки прокурори генерали ба номгузори чи кор дошта бошад ??? Охир ин ба салохияти прокурор ягон рабте надорад ку ? Ва баъдан бигзор хар фард чи тавре, ки ба худаш махкул аст хамон тарз номгузори намояд, чаро мо ба кори шахсии у дахолат кунем ? Дар чомеа хазорон проблемахои дигар мавчуданд, ки ба он бояд таваччух кард.

Ном: Камол аз: Душанбе
21.01.2014 13:31
Хукуки хар шахрванд аст чи гуна будани насаби худро интихоб кунад. Барои Прокурори генерали бошад, аз ин дида масъалахои мухимтаре мавчуданд.

Ном: РУСТАМ аз: ХАТЛОН
21.01.2014 17:22
Ба: Ном: Камол аз: Душанбе. Гап дар бораи интихоби ному насаб намеравад, бовар кунед, балки дар бораи он, ки шиносномаи Точикистон ба меъёри байналмилалй чавобгу мебошад, вале он мутасади бемасъулият онро бесаводона пур мекунад. Вале ман аз Прокурори Генрералии Точикистон хохиш мекардам, ки фавран нисбати масъулони ЧАМОАТ, ЗАГС ва ПАСПОРТНЫЙ СТОЛ, ки ба ин рох медиханд, чорахои зарурй бинанд. (Узр мехохам, ки калимахоро бо забони русй менависам)

Ном: Шаҳриёр аз: Ҳисор
23.01.2014 08:00
АсаломуАлайкум бародарон!!!

Ман як нафар донишчуй ҳастам имсол Худо хоҳад ман тамом мекунам ва МАГИСТРАТУРА дар Россия яъне САНКТ ПИТЕРБУРГ ҳучатҳоямро супоридани ҳастам... Вале ман бе фамиля (ном ва номи падар) дар паспорт омадаги.....

Бародарон!!!! Оё ман бо чунин паспорт дар Россия таҳсил карда метавонам?
ба ман мушкили меояд?

Зеро ки ман намехоҳам фамиля кунам. Ба ман ҳамин фарҳанги номгузори маҳқул аст...
Илтимос бародарон ба саволи ман чавоб медодед...

Дар посух

Ном: Беном
24.01.2014 09:24
Ному номи падар хуб аст. Лекин фамилияи хонаводаги лозим аст. Хафт пуштат бо хамон як фамилия меояд. Он гох фахмо мешавад ки ки аз авлоди кист. Бе фамилияи ягонаи авлод нодуруст аст.
Назарҳо. Сафҳаи аз 3
 Пешӣ    

Назари Шумо чист?

Бойгонии назарсанҷӣ

Писандидаҳо

Тамос бо Радиои Озодӣ

Агар хабаре доред ё мехоҳед, масъалаеро дар миён гузоред, бо имейли Tajik@rferl.org ё телефони интернетии ozodi.skype бо мо дар тамос шавед. Ҳамчунин телефонҳои мо дар хидмати Шумо:

Дар Душанбе:          988 65 94 63               988 65 94 64            985 63 83 56
Дар Прага:               420 725 03 79 43   
Skype Me™! Add me to Skype