Чоршанбе, Апрел 16, 2014

Тоҷикистон

Тарафдорони "ов" ва "вич" бештар шудаанд

Додситони кулли Тоҷикистон аз таваҷҷӯҳи ҷавонон ба навишти насаби худ бо пасвандҳои русӣ нигаронӣ кардааст.

Шерхон Салимзода, Додситони кулли Тоҷикистон.
Шерхон Салимзода, Додситони кулли Тоҷикистон.
Ҳаҷми матн - +
Додситони кулли Тоҷикистон гузориши солонаи худ доир ба натиҷаи  санҷишҳову таҳдқиқотҳои мақомоти прокуратура дар соли 2013-ро ба нашр расонда, аз ҷумла дар мавриди бештар шудани таваҷҷӯҳи ҷавонон ба навишти насаби худ бо суффиксҳои “ов” ва “вич” изҳори нигаронӣ карда, инро тарбияи заъифи соҳаи маориф ва парвариши кишвар унвон кардааст.

Шерхон Салимзода ин гузориши худро дар саҳифаи нашрияи ҳукуматии «Ҷумҳурият» ба нашр расонида, мегӯяд, ки санҷиши қонунгузориҳо дар мақомоти маориф, адлия ва идоракунии ҳарбӣ нишон додааст, ки тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ ва ватандустӣ коҳиш ёфтааст.

Вай бо нигаронӣ зикр мекунад, ки солҳои охир раванди даст кашидан аз тарзҳои миллии номгузорӣ зиёд ба мушоҳида расида, шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ ба ин мусоидат менамоянд. Ба унвони мисол, дар се соли охир дар Донишгоҳи давлатии тиҷорат 177 нафар, Донишгоҳи омӯзгорӣ 113 ва Донишгоҳи давлатии тиббӣ 223 донишҷӯ аз тарзи миллии номгузорӣ, даст кашида, ба тарзи шӯравии  номгузорӣ (суффиксҳои “ов” ва “вич”) гузаштаанд.

Вай мегӯяд, ки дар ҳамин муддати се сол гузашта дар ҳамин донишгоҳҳое, ки санҷида шуданд, танҳо 2 нафар тарзи миллии номгузориро интихоб намудаанд. Ҷаноби Салимзода меафзояд, ки чунин ҳолат дар дигар мактабҳои олии кишвар низ дида мешавад.

Аммо бархе хонаводаҳои тоҷик мегӯянд, ки танҳо пас аз ихроҷ шудани фарзандашон аз Русия, ба таври иҷборӣ ному насби миллиро ба шакли шӯравии «ов» ва «вич» табдил додаанд. Саёрабек Афзалов, як сокини Қӯрғонтеппа мегӯяд, ки сарфи назар аз тарбияи милливу ватандӯстӣ, хонаводаи вай аз ҳисоби муҳоҷират рӯз мебарад аз ин рӯ насаби фарзандаш «Ҷамшед Афзалзода»-ро ба хотири ин, ки пас аз хатми мактаб назди бародараш ба Русия хоҳад рафт ва ба хотири пеш наёмадани мушкил дар шиносномааш, «Афзалов Ҷамшед Саёрабекович» хоҳад кард.

Ва мегӯяд, ки мисли ӯ даҳҳо ва садҳо нафар ҳастанд, ки пас аз ихроҷ шудан аз Русия, ночор насаби худро бо суффикси «ов» ва «вич» табдил мекунанд.

Тағйири ному насаб дар давраҳои пеш ба хонаводаҳои зиёиён рабт дошт. Вале маъракаи бозгашт ба номгузории тоҷикӣ ба даврони баъд аз пошхӯрии Шӯравӣ рост меояд ва то ин замон аксари зодагони даврон истиқлолият дар ҳуҷҷатҳои шахсиашон номҳои тоҷикӣ доранд.

Дар рӯзи Наврӯзи соли 2007 раисҷумҳури Тоҷикистон ва бо пайравӣ аз ӯ, як идда вазирону мақомдорони Тоҷикистон низ аз пасвандҳои русии «ов»-у «ев» даст кашиданд. Аз ҷумла вазирони вақт Гул Шералӣ ва Ғулом Бобозода низ дар ин давра ному насаби худро тағйир дода буданд.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо. Сафҳаи аз 3
    Баъдӣ 
Ном: Абдулло аз: ваҳдат
20.01.2014 17:47
Мебахшед чанобон дуруғ нанависед. Додари ман,ки донишчуи донишгоҳи тичорат аст ба хотири он иваз намуд,ки бе "ов" ва "вич" барои ҳучатгузориҳо бо мушкили ру ба ру мешуд. Ҳато уро бакор нагирифтанд ба боҳнаи насаб. Ҳам барои Россия рафтан бо ин гуна насаб душвори буд. Ошкоро гуянд,ки мо аз пеши зуд чи коре карда наметавонем. Мо дар ихтиёри дигароем.
Дар посух

Ном: Сирочуддин (Сергей) аз: Россияи Мехрубон
20.01.2014 18:32
Бале! Бе "ов" ва "вич" чавонон дар Россия ба мушкили дучор мешаванд. Масалан, аз як тараф барои муайян кардани насаб, ном ва номи падар бошад, аз тарафи дигар мавриди мазоху тахкири авбошони пулис мешаванд. Бар ин бино, баргаштан ба хамон "ов"-у "ич/вич"-и руси бисёр муносиб аст ва хеч чои бади надорад. Ин як тачрибаи забони буд, ки натичаи манфи дод, ва он хам натича аст (отрицательный результат - тоже результат). Ин нишондихандаи он аст, ки чамъияти точикон барои дигаркунихои лугави холо омода нест. Алъон замони гузариш аст ва ин падида набояд аз чунин мушкилихо ори бошад. Шояд вакти он расида бошад, ки аломати чудои (ь) хам ба алифбои точики баргардондf шавад?! Шумо чи фикр доред?
Дар посух

Ном: Мухаммади
20.01.2014 21:06
Чи хитоихову авгонхо, ветнамсову корейсхоро дар Русия мазок намекунанд, ва охир онхо пас аз мазоки русхо аз ному насаби миллии худ даст накашидаанд. Дигар тарафи пахлу ин аст, ки агар хато накунам дар вактхои охир дар худи ЗАГСхонахо истифодабарии насабхои точикиро кабул намекунанд.
Дар посух

Ном: мурод аз: душанбе
21.01.2014 00:54
Сирочуддин фикри мо номатро сергей миронов монед. Медал медиханд ба шумо дар Россия.
Дар посух

Ном: Сергей (каблан Сироч) аз: Маскав
21.01.2014 02:56
Хитоихову авгонхо ва ветнамихоро дар Россия мазок намекунанд! Ба хеч вачх! Аз хитоихо ва ветнамихо сахт дар харосанд. Дар телевизори Маскав дар бораи афгонхо умуман хабаре шунидаи? Не! Гуё, ки онхо дар Россия умуман вучуд надошта бошанд. Харчанд шумораи афгонхо дар худуди факат Маскав то 50 х. мерасад. Кореягихо дар Масав ками дар каманд. Онхо танхо дар ширкатхои бузурги худашон, ба мисли Самсунг, Киа ва г. кор мекунанд ва фархангашон мисли аврупоихо болои болост! Касеро хохи, худи онхо мазох мекунанд, агар хоханд!! Лекин ин хел мардум нестанд, хоксоранд. Дигар тарафи пахлуи кор точикон аст, ки шармандатарин мардум дар Маскав ба хисоб мераванд. Аз хама пасттарин! Ва хамин тавр хам хаст! Масалан, ин шабу руз харорати хаво дар Маскав то -20 аст, вале дируз ман дар метро чанд точики чавони девонабашараеро дидам, ки дар пойхояшон кети буд. Хуш аз сару парам парид!!!!!!!?????????
Вас-салом!
Дар посух

Ном: Альфред аз: Олмон
20.01.2014 23:59
Хамин чаноби Шерхон худаш аз номгузории точики химоят мекарда бошад (мисли пуштибони аз боздошти халабонхои рус)ю.

Ном: Мехмон
20.01.2014 18:09
Хамон "ов"-у "ич" буд ,зиндагии мардум хубтар буд ва хама бо чои кору барки доими таъмин буданд.
Дар посух

Ном: Махмуд аз: Душанбе
21.01.2014 11:14
Ва боз хамон "ов"-у "ич" имрузхо мардумро дар Руссия сохиби як бурда нон карда, иктисоди Точикистонро (3.5 милиард доллар) чархонида истодааст.
Дар посух

Ном: мардон аз: свпткз
22.01.2014 02:06
Наход ов у ич тура як бурда нон дихад..мардум мехнат мекнад як бурда нонашро меёбад. Риска Худованд медихад...махмуд герой
Дар посух

Ном: Беном
22.01.2014 16:44
Ба Мардон аз свпткз: аз сайти Азия-плюс шархеро ба ту чавобан иктибос мекунам "мои герои они и их 2 миллиона, они вынуждены выехать и принимать правила страны, который их кормить, подметают дворы в чужой стране, их унижают, притесняют, убивают, но они терпят ради своих родных, чтобы прокормить это вас не мучает да? вам господин прокурор это сказать легко,кресло удобное, пространство теплое, семья с собой, одевай их обувь и пойми им не до имени, не до фамилии, не до нации, не до политики-они хлеб ищут!"
Дар посух

Ном: мардон аз: озоди
23.01.2014 15:06
Беном: мисол наоред, аз душманони миллат, ин конун аз охири солхои 80-уми асри 20 кабул карда шудааст. Барои забони точики давлати шудан ва номгузори ачдоди шудан мардони миллат захматхои бисёр кашидаанд. То имруз ин фишору таъкиб давом дорад аз тарафи душманони бахили миллат...ягон кас дар ягон давлат бе пул кор намекунад. Они работают, подметают тудим сюдим, да они у себя не хотят работать у чужих работают...кто больше заплатить, там и работают. Хунар дошта боши хеч кучо хор намешави...мужик и в Африке мужик...Бахона накунед ному фамилияро

Ном: shams аз: Qurghonteppa
20.01.2014 18:21
Nafarone, ki dubora ba hamon sufikshoi "ov" va "vich" barmegardand, nogufta namonad, ki injo ayib-ayibi hukumatdoron ast. Baroi chi? 1. Baroi on ki az soli 2007-um, to in jonib qarib 7-soli purra meshavad, ki yak muhlati aniq naguzoshtaand, ki to falon zamon hama (man faqat millati tojikro) dar nazar doram, hatman ba nomu nasabi tojiki (ya'ne musulmoni) guzarem. 2. Duyum in ki maqomothoi lozima dubora ba onhoe, ki boz ba hamon nomu nasabi rusi meguzarand (yo mekhohand bargardand), digar hujjati nav bo sufikshoi "ov" va "vich" nadihand. Yo in ki behtarash parlumoni Tojikiston qonuni navero dar hamin mas'ala jori kunand, ki to ba javobgari kashida shavad yo jarimai kalon bandand. Shoyad minba'd in korho takror nashavand. RO-i ba pesh!
Дар посух

Ном: қамар аз: Тамошотеппа
21.01.2014 02:25
Аъзои ҳизби наҳзатӣ ё ягон дигар ифротгарҳо? Ҳато фашистҳо дар даврони худ хеҷкаро маҷбур намекарданд номашро алиш кунад. Э, миллати фанатикем, да. Китоб хонетон мӯлтар, дониш гиритон, камтар ҷаҳонбиниатон васетар шавад.

Ном: Шимпанзе аз: Дангара
20.01.2014 18:28
САД фоиз фишори маориф ва супориши Хукумат аст , ки хонандагонро сар то сар ба ович ва ов гузаронед. Агар вазири маориф супориш дихад дар ЯК мох МИЛЛИОН хонанда ва донишчу аз ОВ ва Ович даст мекашанд.
Дар посух

Ном: Пир аз: Мугон
21.01.2014 08:00
Мухтарам Салимзода, Шумо айбро на дар ЗАГСу на дар Маориф чуед, Шумо айбро аз сиесати сусти давлати Точикон чуед. Чаро арману гурчиро, хатто курди беватану афгони гурезаро ба иллати ному насаб дар Руссия азият намедиханд. Факат Точикро, Точик дар Руссия маънии касбро гирифтааст. Агар кучарубро бинанд фикр мекунанд, ки маънии он Точик бошад. Ин шармандагии махз асту халос. Бинобар ин точики бесарпанох ному насаби худро руси мекунад. Сад хайфу сад айб, ки дар ин замону дар ин макон зода шудем. "Натавон мурд ба сахти, ки дар ин чо зодам..."

Ном: Хакикат
20.01.2014 19:43
Бовар кунед точиконе хастанд,ки 20 сол дар Маскав зиндаги доранд ва номхои фарзандонашон,ки дар ин шахр таваллуд шудаанд точики гузоштаанд. Мисол Рустам Рамазон дигарш Ализода Рахим ва гайра.Факат хисси милли доштан даркор.
Гурчихо Арманихо,ки хисси миллиашон баланд хаст чи дар даврони шурави чи хозир номхои худро Думбадзе Бамбаримидзе Гадилия е Карапетян Аэропетян Саркисян ва гайра мемонад.Чун,ки падару модаронашон хисси милли доранд.Бесабаб моро чамшуд ва равшан ном нагузоштаанд.
Дар посух

Ном: Даврон аз: Душанбе
20.01.2014 20:58
Комилан дуруст мегуи бародар ва танхо як чизеро гуфтаниам ки точикро харгиз бо гурчиву армани киёс накун, барои ба онон расидан намедонам чи гуям ба фикрам аз нав бояд чун миллати нав тачдид шавем.
Дар посух

Ном: мардон аз: озод
23.01.2014 15:14
Рахмат ба падарат Хакикат, сад дар сад рост аст. Чи мехохад ин мардуми дускуши душманпарвар? Дар магазин чам шуда фильми равшану чамшуда тамошо карда механданд. Боз кахрамонашон джими баймурат бо сатил суруд мехонад чими чими хача-хача))) Номхои точики инхоро раздражат карда истодааст..

Ном: Сайидмушарраф аз: Ховалинг
20.01.2014 19:52
Ба фикри ман хар кас дар ин масъала бояд озод бошад. Хохад Бобозода бошад, хохад Бобоев, Бобоберг ё Бобоштейн. Ин масъала нест. Масъала онаст, ки вакте ки Киргизистон омодаги мебинад, мо новобаста аз суффикси ному насабамон нагуреземмммммммммммммм..........

Ном: Мирсаид аз: Кулоб
20.01.2014 20:05
Дар Точикистон дигар проблема нест? Шумо хукуматдорон гайр аз мушкили эчод кардан ягон бехбуди мекардед хубтар мешуд. Ба ки даркор ин маскарабози боз дар пеш интеграция бо давлатхои пасошуърави. Дар 20 соли истиклол ба гайр 10, 15 хонахои хитои дигар ягон пешрави шудааст?! Проблемае, теси 2 Душанбе ки хануз як мох кор накардаст, ба муфлиси расид аз корхои пешгирифтаи шумо гувохи медихад. Бояд барои халк бехбудихо кунед шумо барои халк хазмат кунед на халк барои шумо. Як кам шарм доред. Бисёрии чавононе, ки аз зиндаги хеч чиз надида дар гариби мисли каниз кор мекунанд. Ба ки даркор хамин чизхои нодаркор аввал корхонахои нав бунёд кунед, халки азияткашидро бо кори доими таъмин кунед. Агар илочашро ёбед, ки дигар мардум ба мухочират наравад пас метавонед пешкаш кунед, ба кадоме ки даркор хамин тарз мекунад. Даркор нест мачбур накунед, мардум хизматгори шумо нест шумо хизматгори мардумед. Озоди чоп кунед.
Дар посух

Ном: Салмон аз: Форс
20.01.2014 20:51
Бале бародар мирсаид ман ба гуфтахои шумо сад дар сад рози ва хам фикр мебошам!

Ном: рохгузар аз: аз душанбе
20.01.2014 20:06
хамин сол ай даво дава мурдам барои як атестат то номашро сенома накуни намешавад мегуянд муалимони мактаб пас аз нав кардани ному фамилияи духтарчаам ба хамун атестатро доданд бо мегуянд ки мо ба фоидаи худатон гуфтем чунки дар донишгох хам бо номи точики хучатхоятонро кабул намекунанд

Ном: Диловар аз: Душанбе
20.01.2014 20:35
Кормандони чандин макомотро бояд то 70% ихтисор кард. Мисол, кормандони макомоти прокуратураро на кам аз 70% бояд ихтисор карда шавад. Барои он ки:
1. баъди бархам хурдани СССР тамоми корхонаву муассисахо, ки хама давлати буданд, шахси шуданд. Тибки меъёрхои байналмиллаи макомоти прокуратура хак надорад корхонаву муасисахои шакли моликияти хусусиро санчиш гузаронад. Танхо вобаста ба супоридани андоз ин гуна корхонахоро макомоти андоз бояд бисанчад, хатто на макомоти коррупсия. Мутаассифона.... хам макомоти прокуратураву хам коррупсия....
2. Санксия ба суд дода шуд....
3. Барои тафтиши чиноятхои коррупсиони макомоти махсус - Агентии коррупсия таъсис дода шуд. Ва гайраву гайра....
Аммо ба чойи он ки пас аз Шурави кормандони прокуратура ихтисор шаванд, зиёд мешаванд ва прокуртура бошад аз пашша фил сохта, барои оправдат кардани худ бехудаву бахуда ба парвандакуни машгул асту ба вохимакунихои бехуда, ки аз ин танхо халк зиён мебинад. Кормандони прокуратура аз бекори дар кучахо бо кормандони хадамоти танзими наклиёт ба машруткаву танксиманъкуниву ва дар магозахо бо кормандони оташнишони ба санчишхо машгуланд.
Бехтараш аз пайи ин шуд...

Озоди чаро чоп намекуни, метарси...

Ном: Шам
20.01.2014 20:39
Не!!! Хато аз худи хукмат аст, дар давоми 20 натавонист, ки миллатро ба насаби форси гардонад!!! Ман фарке намебинам, ки насаб Алиев бошад ё Аличунг ё Алияну Алиадзе, хамаи инхо барои мо фарке надорад аз Ову Уфу Вич!!! Барои хамин кулли миллат бояд ба насаби форси баргардад, новобаста аз он касе тарафдор аст ё бетараф!!!
Дар посух

Ном: Саддом аз: ш.Душанбе
30.01.2014 12:46
Ба мухокимаи мардум пешниход намудани нуктаи назар ва ё мавкеи хосаи хар як фард маънои онро дорад ки мо дар чомеаи хукукбунёду дуняви икомат дорем. Шарху тавзехи кавонуну мукарарот аз забони мансабдори аршади давлат аз он дарак медихад, ки У точик аст ва хукук дорад ки акидаи хешро баён намояд. Ба замми ин ба зиммаи У конститутсия назорати риояи дакик ва ичрои якхелаи конунхоро вогузор намудааст. Яъне У ваколатдор аст ки бо далел харф бизанад ва ба хар як конунвайронкуни посухи мушахас пешниход намояд. Вакто ки сухан дар бораи ному насаби точики меравад ин аз макоми баланд ва садокату дустдории як шахсият гувохи медихад, ки марзу бум ва миллати хешро дуст медорад.
Интикоде, ки рочеъ ба баёнияи Прокурори генерали пешнињод гардидааст, ба харфи орифи хунёгаре монанд аст, ки гуфтааст:
Дар миёни чор дарё тахтабандам кардаи,
Боз мегуи ки доман тар накун хушёр бош.

Яъне гурухе мехохад, ки прокурор ичроиши конунхоро назорат барад, дигаре талаб дорад, ки прокурор ба ин корхо дахолат накунад.
Акидаи пешниходкарда сухани волову орифона буда, аз садокат ба миллат ва хештаншиносии ин фард дарак медихад. ва ин амалро то имруз ягон мансабдори точик, билхоса мутасадиёни вазорати фархангу адлия ва дигар макомотњои марбута анчом напазируфтаанд, хол он ки масоили мазкур бояд мавриди бахс карор мегирифт.
Акидахое ки гуё дар Руссия точикон бо ин ному насаб гирифтори мушкили мешаванд, ботил аст, зеро дар Руссия Гогличидзеву Чугашвиливу Булбул огливу Саркисияну Ден Сияопину Чон Кенедихо бе мушкили сайру саёхат кардаанд ва мекунанд.
Аз мост ки бар мост. Мушкили дар худи мост дар ному насаб нест.Як гурухи хурди бадкешони Миллат то хол худро як милати вохид намешуморанд, сохибихтиёри ва истиклолияти вокеии милатро дарк намекунанд ва хатто ба забони руси харф задану бо русхо шабех буданро мояи ифтихори худ медонанд.
Дустиву рафокат варзидан ба кулли кавму милатхои дунё мояи аклу хирад ва пешравии хар як чомеъа аст. Аммо дар гирдоби фархангу гаризахои бегонагон гута задан нобахшиданист. Мушкилиро боаклонаву одилона хал намудан рохи ба марра расидан мебошад. Дар ин чо касе нанавиштааст, ки илат дар он аст, ки бояд шиносномахо ба дигар тарзу усул чоп карда шаванд, то ки барои макомотхои дахлдори Русия асос барои мухочирро ба далели хатогихои чузъи чарима гузоштану аз каламрави давлат берун кардан замина шавад. Мояи ифтихору саодат аст, ки ин сухан аз забони мансабдори аршади давлат, шахсе, ки фархангу милаташро дуст медорад, садо додаст.
Озоди илтимос чоп кунед.

Назарҳо. Сафҳаи аз 3
    Баъдӣ 

Назари Шумо чист?

Бойгонии назарсанҷӣ

Писандидаҳо

Тамос бо Радиои Озодӣ

Агар хабаре доред ё мехоҳед, масъалаеро дар миён гузоред, бо имейли Tajik@rferl.org ё телефони интернетии ozodi.skype бо мо дар тамос шавед. Ҳамчунин телефонҳои мо дар хидмати Шумо:

Дар Душанбе:          988 65 94 63               988 65 94 64            985 63 83 56
Дар Прага:               420 725 03 79 43   
Skype Me™! Add me to Skype