Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Исмоили Сомонӣ се рахнагари интернетиро ҷазо дод


Додгоҳе дар Тоҷикистон бори аввал се рахнагари интернетиро, ки аз ҳисоби муштариён ва ширкатҳои мобилӣ дар кишвар садҳо ҳазор сомониро дуздидаанд, ҷазо дод.

Додгоҳи Исмоили Сомонӣ, баъди муҳокимаи тӯлонӣ, ки Денис Раҳимов, Ҷамшед Ҷӯраев ва Парвиз Назаровро барои “тағйир додани иттилооти компютерӣ” ва соҳибкории ғайриқонунӣ гунаҳкор донист ва амр дод, аз ҳар кадоми онҳо 14 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима ситонда шавад.

Додгоҳи Исмоили Сомонӣ Денис Раҳимов, Ҷамшед Ҷӯраев ва Парвиз Назаровро ба соҳибкории ғайриқонунӣ ва “тағйир додани иттилоотии компютерӣ” гунаҳкор донистааст. Ин ҳарсе нафарро кормандони раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорати умури дохилӣ, моҳи июни соли равон дар пойтахт дастгир карданд.

Дар ҳукми додгоҳи Исмоили Сомонӣ омадааст, ки Денис, Ҷамшед ва Парвиз дар ҳамкорӣ бо Виталий Кулагин, як шаҳрванди Русия, аз моҳи июни соли 2012 то моҳи октябри ҳамин сол, як хонаеро дар хиёбони Рӯдакӣ ва сипас дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ иҷора гирифта ва бо истифода аз таҷҳизоти махсус, комютер ва 58 модем, зангҳои воридотии байналмилалии муштариёнро ба зангҳои дохилӣ тағйир медоданд ва пулеро, ки аз он мемонд, ба ҷайби худ мезаданд.

Ин пул аввал дар ҳисоби шаҳрванди Русия ҷамъ мешудааст ва сипас ӯ ба шаҳрвандони Тоҷикистон аз тариқи бонк ҳаққи корашонро медодааст. Ба гуфтаи додгоҳи Исмоили Сомонӣ ин рахнагарон ба ширкатҳои “Бабилон Мобайл ва “Индиго Тоҷикистон” зиёни ҷиддӣ дидаанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон моҳи июли имсол гуфта буд, ки ҳарсе нафар ба ширкати Бабилон М бештар аз 226 ҳазор сомонӣ ва ба ширкати “Индиго” тақрибан 101 ҳазору 298 сомонӣ зиёни молӣ расонидаанд. Ба гуфтаи як манбаъ, дар ширкати Бабилон аз кори рахнагарони интернетӣ ҳамчунин муштариёни онҳо низ зиён медиданд ва шикоят мекарданд.

Ӯ ҷазои додгоҳ нисбат ба гунаҳкоронро сабук донист ва гуфт, аз ин навъ ҷиноят, яъне “терминатсия“ ва ё иваз кардани зангҳои байналмилалӣ ба дохилӣ ва ё баръакс зиёдтар мешавад ва ширкатҳои мобилӣ ба он хотир қазияро ба додгоҳ кашидаанд, то ба дигарон дарс шавад, ки ин гуна ҷиноят беҷазо намемонад.

Тобистони ҳамин сол, Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон аз афзоиши ҷиноятҳои интернетӣ дар кишвар изҳори нигаронӣ карда ва гуфта буд, вазорат қасд дорад, мубориза алайҳи чунин ҷиноятҳоро тақвият бахшад.
XS
SM
MD
LG