Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба марҳалаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё роҳ ёфт


Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон ба марҳалаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2014, ки соли оянда дар Вйетнам баргузор мешавад, роҳ ёфт.

Мунтахаби Тоҷикистон дар бозии охиринаш дар мусобиқаи интихобӣ бар тими Туркманистон бо ҳисоби 5-4 пирӯз шуд. Ин бозии даври севуми сабқати гурӯҳи “А” шоми 7-уми ноябр дар маҷмааи варзишии “Узбакистон”-и шаҳри Тошканд ба анҷом расид.

Голҳо: Гурбонгулӣ Аширов, 3 (0:1). Аннаев, 4 (0:2). Мансур Мамедбобоев, 5 – ба дарвозаи худ (0:3). Хуршед Маҳмудов, 7 (1:3). Хуршед Маҳмудов, 13 (2:3). Шерзод Ҷумъаев, 20 (3:3). Раҷабов, 27 (3:4). Мансур Мамедбобоев, 27 (4:4). Шерзод Ҷумъаев, 28 (5:4).

Бозии охирини ин гурӯҳ, ки шаби панҷшанбе миёни дастаҳои мунтахаби Узбакистону Қирғизистон баргузор шуд, бо ҳисоби 5-1 ба нафъи футболбозони узбак хотима ёфт.

Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин бозиаш 5-уми ноябр бар тими Қирғизистон бо ҳисоби бузурги 8-4 пирӯз шуда буд. Панҷ голи мунтахаби Тоҷикистонро Хуршед Маҳмудов зад. Алишер Улмасов ду гол ва Шерзод Ҷумъаев як гол ба самар расонданд.

Вале футболбозони тоҷик дар бозии дувумашон аз тими мизбон - Узбакистон бо ҳисоби 4-5 мағлуб шуданд. Нахустин голро Самад Шоҳзуҳуров, бозигари мунтахаби Тоҷикистон, дар дақиқаи 9-ум ба дарвозаи дастааш зад. Голи дувуми мизбононро Дилшод Раҳматов дар дақиқаи 20-ум ба ҳадаф расонд. Се голи дигари мунтахаби Узбакистонро Дилшод Ирсалиев ва Артур Юнусов дар дақиқаи 22-юм, инчунин, Нодир Елисбоев дар дақиқаи 29-ум вориди дарвозаи футболбозони тоҷик карданд.

Ду голи мунтахаби Тоҷикистонро Хуршед Маҳмудов, дар дақиқаҳои 35-ум ва 39-ум ба самар расонд. Шерзод Ҷумъаев дар дақиқаи 22-юм ва капитани даста Алишер Улмасов дар дақиқаи 33-юм якголӣ заданд.

Ба ин тартиб, мунтахаби Узбакистон дар гурӯҳи “А” бо 9 имтиёз ғолиб шуд. Мунтахаби Тоҷикистон бо 6 имтиёз ҷойи дувумро касб кард. Дастаҳои Қирғизистону Туркманистон бо якимтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои севуму чорум қарор гирифтанд.

Аз ин гурӯҳ се даста – Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба марҳалаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2014, ки соли оянда дар Вйетнам баргузор мешавад, роҳхат гирифтанд.

Натоиҷи бозиҳои гурӯҳи «А» :

Даври 1-ум
5-уми ноябр (сешанбе)

Қирғизистон – Тоҷикистон – 4-8
Узбакистон – Туркманистон – 10-1

Даври 2-юм
6-уми ноябр (чоршанбе)

Туркманистон – Қирғизистон – 2-2
Тоҷикистон – Узбакистон -4-5

Даври 3-юм
7-уми ноябр (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Туркманистон – 5-4
Узбакистон – Қирғизистон – 5-1
XS
SM
MD
LG