Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти дувуми Тоҷикистон дар Боку, ин дафъа аз Ҷопон


Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи футболи Тоҷикистон дар бозии дувумаш дар Ҷоми Каспий дар Боку 30-юми май аз тими Ҷопон бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.

Дар бозии охирини гурӯҳи D бозигари мунтахаби Ҷопон Матсуака дар дақиқаҳои 10-ум, 29-ум ва 72-юм ба дарвозаи дастаи Тоҷикистон се гол зада, хет-трик кард. Як голи мунтахаби Тоҷикистонро Рустам Толибов дар дақиқаи 76-ум ба самар расонд.

Ёдовар мешавем, ки футболбозони навраси тоҷик бо раҳбарии мутахассиси ҷопонӣ Чикаши Сузуки дар нахустин бозиашон дар Ҷоми Каспий аз тими Уругвай бо ҳисоби бузурги 0:3 шикаст хӯрда буданд.

Ин мусобиқаи байналмилалӣ дар пойтахти Озарбойҷон бо ширкати 12 даста ҷараён дорад. Дастаҳо ба чор гурӯҳ тақсим шудаанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи худ бидуни имтиёз дар ҷойи охирин қарор гирифт ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои Ҷоми Каспий маҳрум шуд. Футболбозони навраси тоҷик барои ҷойҳои 9-12-ум талош хоҳанд кард.

Дастаҳои мунтахаби Уругвай ва Ҷопон, ки сеимтиёзӣ доранд, дар даври охирин дар гурӯҳи D рӯзи шанбе, 1-уми июн барои ҷойи аввал ва роҳ ёфтан ба даври баъдӣ бо ҳам рақобат мекунанд.

Гурӯҳи А: Озарбойҷон, ИМА, Қирғизистон.
Гурӯҳи B: Булғористон, Гурҷистон, Қазоқистон.
Гурӯҳи C: Туркия, Узбакистон, Урдун.
Гурӯҳи D: Уругвай, Ҷопон, Тоҷикистон.

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои аввалро мегиранд, муборизаро барои ҷом идома медиҳанд. Дастаҳое, ки ҷойҳои дувумро мегиранд, барои ҷойҳои 5-8-ум ва дастаҳои дар гурӯҳҳо ҷойҳои охиринро ишғолкарда барои ҷойҳои 9-12-ум мубориза мебаранд.


Бозиҳои гурӯҳии Ҷоми Каспий

29-уми май, чоршанбе

Уругвай – Тоҷикистон – 3-0
Голҳо: Перез, 4, 39, Рамизер, 24
Туркия – Урдун -4-0
Булғористон – Қазоқистон – 13-0
Озарбойҷон – Қирғизистон – 7-0

30-юми май, панҷшанбе
Қазоқистон – Гурҷистон – 1-13
ИМА – Қирғизистон – 11-0
Тоҷикистон – Ҷопон – 1-3
Голҳо: Матсуака, 10, 29, 72, Рустам Толибов, 76
Урдун – Узбакистон – 0-7

1-уми июн, шанбе
Ҷопон – Уругвай
Узбакистон – Туркия
Гурҷистон – Булғористон
Озарбойҷон - ИМА

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Каспий барои бори дувум ширкат меварзад. Футболбозони навраси тоҷик соли 2011-ум дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки бо ширкати 8 даста дар ду гурӯҳ баргузор шуда буд, дар ҳар се бозии гурӯҳи “В” аз тимҳои Испания бо ҳисоби 0:6, аз Гурҷистон бо ҳисоби 0:3 ва аз Қазоқистон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрда, аз ҳаққи мубориза барои Ҷом маҳрум гашта буд. Дар рақобат барои ҷойи 7-ум дастаи Тоҷикистон бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ғолиб шуда буд.

Ду сол муқаддам дар ин мусобиқаи байналмилалӣ дастаи мунтахаби наврасони Туркия, ки дар бозии ниҳоӣ бар тими Испания аз рӯи силсилаи зарбаҳои пеналтӣ бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуда буд, барандаи Ҷоми Каспий гардид. Замони асосӣ ва изофии ин бозӣ бидуни гол хотима ёфта буд.
XS
SM
MD
LG