Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таваҷҷӯҳи Тоҷикистон ба паймони апостил


Пайвастани Тоҷикистон ба Паймони апостил мушкили ҳазорон шаҳрвандашро дар хориҷ осон хоҳад кард.

Вақте ки пизишки тоҷик Майсара Калонова ба Шведсия ҳиҷрат кард, гумон дошт, бо дипломи аълои донишгоҳи тиббӣ ва таҷрибааш дар бемористони Маскав дар ягон дармонгоҳ ё беморхонаи ин кишвари аврупоӣ кори хубе пайдо мекунад ва зиндагияшро пеш мебарад. Аммо дипломи ӯро дар ин кишвар эътироф накарданд ва маҷбур шуд, дар бемористон фаррош шавад.

Майсара Калонова мегӯяд: «Ман охирхои солхои 80 Донишгохи тибби Точикистонро бо дипломи аъло хатм карда будам. Интернатураро дар клиникахои машҳури Маскав гузаштам. Аммо бо фурӯпошии Шӯравӣ мо маҷбур шудем ба Шветсия кӯчем. Дар он ҷо дипломи маро эътироф накарданд. Маро дар як клиника аввал ҳамчун санитарка ба кор гирифтанд. Баъди даводавии бисёр вазорати тандурустии ин кишвар ба ман иҷоза дод, ки бо ин дипломам чун ҳамшираи хурди тиббӣ дар ҳамон клиника кор кунам. Ҳол онки ман дипломи аълои табибро доштам.» Хонум Калонова гуфт, агар дипломи духтурии вай дар кишвари ҳиҷраткардааш эътироф мешуд, метавонист маоши ба маротиб баландтар гирад.

Аксари муҳоҷирони тоҷик дар кишварҳои хориҷӣ бинобар эътироф нашудани ҳуҷҷатҳояшон ба чунин душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд ва маҷбуранд ба корҳои дур ва ҳатман пойинтар аз сатҳи касбу ихтисоси худ шуғл варзанд.
Ахиран Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо мусоидати Корпоратсияи байналмилалии молӣ (IFC) ва Палатаи савдои Амрико барои пайвастан ба конвенсияи апостил таваҷҷӯҳ зоҳир кардааст.

Ба гуфтаи коршиносон дар сурати тасвиби ин паймон аз ҷониби Тоҷикистон кулли ҳуҷҷатҳои шаҳрванди ин кишвар, ки аз ҷониби мақомоти расмӣ дода шудаанд, дар 72 кишвари дигаре, ки ин санадро ба тасвиб расонидаанд, бидуни ягон расмиёти дигар эътироф мешаванд.


Кристоф Бернасконӣ
Кристоф Бернасконӣ
Кристоф Бернасконӣ - муовини дабири кулли Конфронси Гаага доир ба ҳуқуқи хусусии байналмилалӣ, ки бо як сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошт, мегӯяд, дар сурати тасвиби ин ҳуҷҷати байналмилалӣ аз сӯи Тоҷикистон муҳоҷирони кориаш ба мушкили эътирофи ҳуҷҷатҳояшон дар хориҷ дучор нахоҳанд шуд: «бояд гуфт, ки Русия низ конвенсияи мазкурро ба тасвиб расонидааст ва шомил шудани Тоҷикистон ба ин конвенсия ба муҳоҷирони тоҷик кумаки зиёд хоҳад кард.»

Ҷаноби Бернаскони ҳамчунин зикр кард, ки Тоҷикистон ягона кишвари узви Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ (СНГ) аст, ки то ҳол узви Конфронси Гаага доир ба ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ нест ва ҳеҷ як аз 38 паймони ин созмонротасвиб накардааст.


Кристофер Миллер
Кристофер Миллер
Кристофер Миллер - роҳбари намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молӣ (IFC) дар Тоҷикистон мегӯяд, тасвиби ин конвенсия натанҳо ба муҳоҷирон, балки барои ҷалби бештари сармоягузорони хориҷӣ ба кишвар низ мусоидат мекунад: «Барои як ширкат ва ё шаҳрванди хориҷӣ, ки хоҳиши боз кардани бизнесро дар Тоҷикистон дорад, эътироф шудани ҳуҷҷатҳояш дар инҷо хеле муҳим аст. Аммо ҳоло ин кори ҳатмӣ хеле гаронарзиш ва вақтгир аст. Паймони апостил ин равандро хеле осону сода ва ба ҷалби бештари сармоягузорони хориҷӣ мусоидат мекунад.»

Аммо чаро Тоҷикистон то ба ҳол ин конвенсияро, ки ба гуфтаи коршиносон, мушкили шаҳрвандонашро дар хориҷ ба маротиб осон кардаву мояи ҷалби бештари сармоя ба кишвар мешавад, тасвиб накардааст? Абулфайз Атоев , сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷкистон гуфт, «мутаассифона, бинобар сабабҳои объективӣ , набудани мутахассисони соҳа, заминаҳои ҳуқуқӣ ва фаъол набудани субъектҳои кишварамон дар хориҷи кишвар то ҳамин вақт наметавонист ба конвенсияи мазкур дохил шавад.»

Апостил- як шеваи байналмилалии таъйиди аснод аст, ки аслӣ будани ҳуҷҷати расмии дигар кишварҳо, мисли шаҳодатномаи таваллуд, никоҳ, марг ва ё ҳукми додгоҳро тасдиқ мекунад ва дар ҳоли ҳозир дар 72 кишвар, аз ҷумла дар кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо эътироф карда мешавад.
XS
SM
MD
LG