Панҷшанбе, Октябр 30, 2014

Тоҷикистон

С.Амиршоева: "Никоҳи хешутаборӣ бояд манъ шавад!"

Баҳси тарҳи қонуни манъи никоҳи хешутаборӣ тарафдорон ва мухолифони ин иқдомро дар як мизигирд дар шаҳри Душанбе гирди ҳам овард.

x
Саодат Амиршоева, вакили парлумон ва аз мубтакирони аслии ин лоиҳа дар ин мизи гирд, сабаби пофишории худ ба манъи чунин никоҳҳоро шарҳ дода, гуфт, ки ин як масъалаи иҷтимоист ва ҳадафи асосӣ ҳифзи саломатӣ ва тоза кардани хуни мардуми тоҷик аст: «Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, дар ҷумҳурӣ беш аз 25 ҳазор кӯдакони маъюб аст, ки 60-70 дар сади онҳо аз издивоҷҳои хешу таборӣ ва бемориҳои модарзодӣ мебошанд.»

Ба гуфтаи Саодат Амиршоева солҳои охир никоҳи хешутаборӣ бениҳоят зиёд шудааст, ба хусус аз ҷониби сарватмандон, ки намехоҳанд моликияташон бегона шавад.

Ин андешаи Саодат Амришоеваро намояндаи Раёсати сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии вазорати адлияи Тоҷикистон - Муслима Миразимова - низ ҷонибдорӣ карда, гуфт, ҳарчанд тадқиқоте нисбат ба никоҳи хешу аборӣ анҷом нашудааст, ва чунин бемамониат сабт мешаванд, аммо «ба хотири инки бояд генофонди мо ҳамеша тоза бошад, ман тарафдори манъи никоҳи хешутабориам.»

Аммо гурӯҳи дигари ширкаткунандагони ин нишаст мегӯянд, шитоб дар ин масъала дуруст нест. Шодӣ Малахзод, рӯзноманигори тоҷик гуфт, «дар ин ҷо бояд тадқиқоти ҷиддии тиббӣ гузаронида шавад, ки то ҳол аз ҷониби Вазорати тандурустӣ анҷом дода нашудааст. Худи онҳо иқрор карданд, ки дастгоҳҳои лозимаро танҳо акнун оварда истодаанд.» 

Дар ҳамин ҳол, вакили парлумон Саодат Амиршоева иттилоъ дод, ки тарҳи қонун алакай барои баррасӣ ба Академияи улуми тиб ва Пажӯҳишгоҳи модару кӯдак ва вазоратҳои дигари зидахл фиристода шудааст.

Манъи издивоҷи хешу таборӣ ахиран аз сӯи Саодат Амиршоева садо дод ва парлумон ба манзури баррасии ҳамаҷонибаи ин масъала як гурӯҳи корӣ таъсис додааст.  Ин пешниҳод сардусадоҳои зиддунақизеро дар ҷомиаи барангехт, вале хонум Амиршоева ҳамчунон бар қонунӣ манъ шудани издивоҷи хешу таборӣ пофишорӣ мекунад.

Бар пояи пажӯҳише, ки соли гузашта дар вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон анҷом шуд, мушаххас гардидааст, ки то 80 дарсади кӯдакони маъюб дар хонаводаҳое ба дунё меоянд, ки издивоҷи хешутаборӣ доранд. Ва 15 дарсади хурдсолоне, ки аз бемориҳои мухталиф ҷон медиҳанд, низ аз никоҳҳои хешутаборӣ зода мешаванд. Бештари мавориди никоҳи хешутаборӣ, бино бар ин таҳқиқот, дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Ғончӣ, Исфара ва Истаравшан ба мушоҳида расидааст.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
    Баъдӣ 
Ном: zokir аз: Dushanbe
28.04.2013 14:15
Saodat baroi chy. dar boray zanoneky az hysoby fohyshagy kudakoy badunyo miyoran. harf namezaned onchizero ki khudo ijozad dodaast zid hastet?
Дар посух

Ном: Донишчу аз: Донишгох
29.04.2013 08:34
Ин кадар якравед шумоен муллоёни аз илм бехабар.
Дар дуне илме хаст ки номаш "ГЕНЕТИКА" мебошад. Ин илм исбот кардааст, ки хар як хучраи бадани инсон аз коди генетики иборат мебошад (ДНК ва РНК) ва дигаргунихо дар занчири ташаккули генхо МУТАТСИЯ номида мешаванд. Дар холати Мутатсияи генхо ба дуне тифли носолим(аклан ва ё чисман нуксондор) ба дуне меояд.
Яке аз сабабхои асосии мутатсия дар баробари истифодаи аз хад зиёди нушокахои спиртиву тамоку никохи хешутабори мебошад.
Ба умеди тадкикоти Вазорати тандурусти нашуда аз мутахассиони давлатхое, ки каблан дар ин соха тадкикот бурдаанд кумак бояд пурсид.
Дар посух

Ном: donishjui digar аз: stroikai yak ghulomdor
29.04.2013 22:50
Mutaziyai DNK yak chizi muqarrarist vagarna tamomi insonho yakxela mebudand.
Дар посух

Ном: Нимчамулло
30.04.2013 10:10
Бародари Донишчуи беношими ман.
1. Илми муосир тасдик мекунад, ки никохи хешутабори ба саломатии тифл бо фоизи камтарин таъсир мерасонад, мисли зане ки баъди 40-солаги таваллуд мекунад, пас барои чи баъди 40-сола тавалуд карданро манъ намекунед? (ба тасдики суханони ман метавони дар интернет чустучу куни)
2. Чи хеле худат тасдик карди "Яке аз сабабхои асосии мутатсия дар баробари истифодаи аз хад зиёди нушокахои спиртиву тамоку мебошад." пас барои чи нушокахои спиртиву тамокуро манъ намекунед?
Дар посух

Ном: Беном
29.04.2013 11:05
Он чиз бе ин хам манъ шудаги. Мавзуро ба суи дигар набаред
Дар посух

Ном: Беном
30.04.2013 10:12
Ту як шаб аз назди саховат ва караболо гузар ва ба амали фоишахо зиддият нишон дех, дери дераш баъди 10 дакика дар отдел дубинкаборон мешави, вале онхо (фоишахо) кори худро давом медиханд.

Ном: Тахлилгар
28.04.2013 14:40
Хонум Амиршоева бо ин лоихае ки пешниход кардед сухани Худову Пайгамбарро гуш намедихед ва ба мукобил харакат доред. Шумо ки мизи гирдро ба хам овардед чаро дар он уламои ъизомро даъват накардед. Ман ба шумо гуфтаниям, ки дар парлумон бисёр конунхое буданд ки бояд ба онхо чавоби мусбат медодед лекин хомуширо риоя кардед ва мехохед бо ин кор имичи худатонро баланд бардоред. Боз илова кардед ки оилахои сарватманд мехоханд дороии худро бегона накунанд бе далел харф назанед. Агар духтари сарватманд ба бачаи камбизоат маъкул нашавад дороии онро нигох намекунад ё баракс. Хонуми мухтарам дар ин маъалахо Худованд дар курони мачид муфассал баён кардаги хаст!
Дар посух

Ном: ЭКСПЕРТ
28.04.2013 15:05
Худованд дар сураи Нисои Куръони Карим мефармояд: "Модаронатон ва духтаронатон ва хоҳаронатон ва аммаҳоятон ва холаҳоятон ва духтарони бародаронатон ва духтарони хоҳаронатон ва заноне, ки шуморо шир додаанд ва хоҳарони ширхораатон ва модарони занонатон бар шумо ҳаром шудаанд. Ва духтарони занонатон, ки дар канори шумо ҳастанд, ҳар гоҳ бо он занон ҳамбистар шудаед, бар шумо ҳаром шудаанд. Вале агар ҳамбистар нашудаед, гуноҳе муртакиб нашудаед. Ва низ занони писароне, ки аз пушти шумо ҳастанд, бар шумо ҳаром шудаанд. Ва набояд ду хоҳарро дар як замон ба занӣ гиред, магар он ки пеш аз ин чунин карда бошед. Албатта, Худо омурзанда ва меҳрубон аст."
Дар посух

Ном: НФС аз: Душанбе
28.04.2013 18:04
Хусусан дар нохияхои Айни (кариб 99%), Панчакент (95%), Дарвоз (90%) никохи хешу табори маъмул аст. Дигар худашон намедонанд, ки кадоми хохари кадом асту кадом бардари кадом. Бояд харчи зудтар пеши рохи ин кор гирифта шавад. Бас аст хеш ... Як духтари Айниги сухани хубе гуфта буд, "Хешро хешиаш бас". Вале сад афсус, ки вайро низ боз ба хешаш доданд.
Дар посух

Ном: Комрон аз: Русия
28.04.2013 15:25
Хазор рахмат ба хамин гурдофариди точик, намояндаи хакикии мардуми Саодат Амиршоева !!! Бисер кори хайрро пешниход кардаанд. Агар депутатхо кушиш кунанду пешниход кабул шавад миллати точик бурд хохад кард.
Дар посух

Ном: Далер аз: Душанбе
28.04.2013 16:46
Комрон бародари гироми ин депутат рафта дигар масъалахоро хал кнад мо худамон медонем ки кира гирему кира не.Инхо дигар кор надоарнд ки дастурхони мо назоратмекунанд кичи мехурему чанкадар мехмон фарёд мекунем.Ба тарбияи кудакону фарзандонамон дахолат мекунанд.Акнун занириамонро низ назорат мекунанд.Вобаста ба дастгирии шумо бародар хаминро гуфтаниам ки ба ин депутат пешниход кунед ки як лоихаи конун дарбораи хамбистарии зану шавхар кабул кунанду назорат баранд ки як мард бо занаш чанд маротиба хукуки хобу хуфтро дорад.Шояд ин хам яке аз проблемахои акибмонии точикистону дарбадар шудани беш аз як миллион мардум бошад!!!!
Дар посух

Ном: Комрон аз: Душанбе
28.04.2013 19:21
НФС, чаро бедалел сухан мегуи? Азкучо оварди он чиро ки дар Дарвоз 90 фоиз никоххо хешутабори будаанд. Дуруг хам агарчи дуруг бошад, вале хад дорад. Дуруг торикии ИМОН аст.
Оиди манъи никоххои хешутабори он чи ки дар Кодекси оила аст, кифоя аст. Ин пешниходоти депутат асоси илми надоранд.

Ном: САЛОМ
28.04.2013 16:15
МАН ТАРАФДОРИ НИКОХИ ХЕШУТАБОРИ.
1.АВВАЛ БОЯД ХУНИ ЯКДИГАРРО БИСАНЧАНД ДАР ХОЛАТИ МУСБАТ ЗАНУШУИ НАМОЯНД ВА ДАР ХОЛАТИ МАНФИ НА.
2. САБАБИ НОРОЗИ БУДАНАМ АЗ РУИ ГУФТАИ ХАКТАЪОЛ ДАР СУРАИ "НИССО" ОВАРДА ШУДААСТ, ОН ЧО ГУФТА ШУДААСТ КИ МЕТАВОНАД НИКОХРАС БОЩАД ВА ХЕЧ КАС Е ХУКУМАТ ХАК НАДОРАД ЗИДДИ КУРЪОНИ ФИРИСТОДАИ ХУДОВАНД КОНУН КАБУЛ КУНАД!

ДАР ХАЁТАШОН КУРЪОНИ АКАЛАН КИРИЛИРО ХОНАНД ВА БАЪД ЗИДДИ ИСЛОМ МИСЛИ КОНУНИ МАСЪУЛИЯТИ ПАДАР ВА МОДАР КИ ТО СИННИ 18 ФАРЗАНДОНАМОНРО АЗ ХОНДАНИ НАМОЗ ДАР МАСОЧИД МАНЪ КАРДАНД!!!
Дар посух

Ном: НФС аз: Душанбе
28.04.2013 18:10
ту рози хасти, ки духтари туро писари бародарат гирад ва ё духтари хохаратро писари ту?
Дар посух

Ном: Alaik
28.04.2013 19:42
Alabatta rozi ast. Bo dokazat xohad kard ki dar Quroni arabi chunin izdivoj ijozat doda shudaast. In toifa dar tuli tarix Quronro chunon manidod kardaand ki digar buridani dastu povu gushu bini hama ijozat ast baroshon.

Ном: УСТУВОР аз: САРО
28.04.2013 16:43
ДАРХОЛАТИ КАБУЛ ШУДАНИ ИН ЛОИХА БОЗ ЯК КОНУН ЗИДДИ КОНУНИ ХУДО КИ ХОЛИКИ АМИРШОЕВА ХАМ ХАСТ МЕШАВАД ВА ИБОЗ ЯК ТЕША БА РЕШАИ ИН МИЛЛАТУ МН ДАВЛАТ ХОХАД ШУД ШУМО ВАКИЛОНИ ХАЛК БА ФАРМОНИ ХОЧАХОИ ХОРИЧИ ГУШ НАДОДА БА ОНХОЕ КИ БА ШУМО АМОНАТИ ХУДРО ДОДААНД ГУШ КУНЕД

Ном: Ростгуй
28.04.2013 17:15
Хуб мешуд,ки ин намояндаи мардуми аввал як конунро ба мачлиси намояндагон пешниход мекард дар бораи кумак кардани бевазанхо ятимоне,ки модаронашон мехоханд кор кунанд аммо чои кор надоранд.Хукуки мардуми одди ва чавононеро ки аз беадолати хукукашон поймол шудааст.
Конун дар бораи бастани чалабхонахо ва чазо додани далахо ва касоне,ки духтарони точикро ба кочок дар он тарафи марз иваз мекунанд.
Хатаре,ки чалабхо барои миллат доранд ин баробар ба яроки биологи аст.Дар дарун чалаб(бемрихои сифилис спид гонарея хламидиоз ва гайрахо вучуд доранд), 10 чалаб гирифтори чунин беморихо метавонад шахри кургонтепаро вайрон кунад чаро дар ин бора гап намезанед.Агар шумо гамхори миллат бошед,пас чи корхое кардед барои пешравии он аз о чое,ки намояндаи мардуми интихоб шудаед.Шумо ягон корхона ва е ягон кудакистон ва е ягон муассисаи тибби ташкил кардаед то ки барои мардум хизмат кардабошанд.Сари мардумро гаранг карда аз хали камбудихои хаккики мегурезед.
Дар посух

Ном: Маконаҷон аз: Душанбе
28.04.2013 18:17
Никоҳи хешутаборӣ ягон зиён надорад ва мардуми мусалмони Тоҷикистон тибқи фармудаҳои худо ва шариати Ислом амал менамоянд.
Дар посух

Ном: Беном
28.04.2013 19:44
Navistaanadat ku dar Quron nikohi xeshutabori harom gufta shudaast. Agar xondan tavoni yak hamon Qurona girifta surai Nisso ya yofta chashmota kaaaaalon kushoda xon ki chi navishta shudaast.
Дар посух

Ном: НФС аз: Душанбе
29.04.2013 00:34
Агар гуем, ки номаъкул аст сухани Шумо шояд, ки ранчед. Барои хамин мегуем, ки номаъкул кардед. Агар тибки шариат рафтор мекардед ба чунин кор рози намешудед.

Ном: Толиб аз: Тоҷикистон
28.04.2013 17:50
Албатта, ин қонун қабул мешавад. Чун ин намояндаҳои "мардумӣ"-и мо кадом кореро сар гиранд, ҳатман ба охир мерасонанд. Барои онҳо фикри мардум арзиши ҷаверо надорад. Ман ҳайронам, дар ин масъала шитобзадагӣ ба манфиати кӣ бошад? Чаро аввал пажӯҳиши густурдаву амиқе нагузаронему баъд сари масъала баргардем? Аз рӯи "пажӯҳишҳо"-и гӯё суратгирифта ва тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, ки хонум Амиршоева онҳоро ҳамчун далел меорад, 60-70% кӯдакони маъюб натиҷаи никоҳи хешутабориянд. Шахсан ман ба саҳеҳии ин рақамҳо шак дорам, чун аз чаҳор кӯдаки ноқисе, ки онҳоро аз наздик мешиносам, волидайни ягонтояш пайванди хешӣ надоранд. Хайр, тасаввур кардем (ҳарчанд, бе тасаввур ҳам, чуноне зикр шуд) ин қонун бидуни инобати назари мардум қабул шуд. Акнун чизи дигарро, яъне механизми дар амал татбиқ шудани ин қонунро тасаввур кунед. Ба идораи ақди никоҳ навхонадорон бо справкаи тасдиқкунунда меоянд, ки бо ҳамдигар хешӣ надоранд? Справкаро кӣ медода бошад? Падару модар ё ҳамсояҳо? Ё сохторҳои қудратӣ аз паси ҳар шаҳрванд ҷосусеро гумошта мекунанд, то хешутаборияшро пинҳон карда натавонад? Ё тасаввур кунем, ки навхонадорон хешутабории худро пинҳон дошта, ақди никоҳ бастанд ва пасон сирри онҳо фош шуд. Дар ин сурат мақомот чӣ амалеро пеш мегирифта бошад? Онҳоро ба бекор кардани ақди никоҳ водор мекунанд? Ё якеро (масалан шавҳарро) ё ҳардуро аз озодӣ маҳрум мекунанд? Ва монанди ҳамин боз саволҳои зиёде бармехезад. Ба гумони ман ин боз як қонуни навбатии беназири тоҷикӣ мешавад.
Дар посух

Ном: НФС аз: Душанбе
28.04.2013 18:14
Никохи хешу табори чи бехтари дорад, барои чи бародарзодахо бо хам оили бунёд кунанд, чи лозим никохи хешу таборон
Дар посух

Ном: Беном
28.04.2013 19:48
Nikohi xeshutabori faqat baroi on lozim ki in mardum ba ghair as ahli oilai xudashon ba yagon insoni digar dar rui zamin bovari nadorand. Hatto yakero shunida budam ki meguft: "baroi bacham i qadar chiz xridam bo yagon begonaya xona oram ki hamasha sohbi kna?" Hama chiz xaridu furush meshavad dar TJ - vijdon, vazifa, farzand, duston, millat, zamini Vatan i td i tp.

Ном: sumaila аз: dushanbe
28.04.2013 18:30
avalan man zid nestam bar nikohi hewu tabori ,sababi farzandi mayb sababi hewu tari nest , pew az man kardani nikohi hewu tabor aval nawamandi,araq nuwi,va qanhiqhonaho,,,,,va gaira horo man kunan hamin hizro agar man kunan inwoolo huni milati mo toza mewavad inson pew az man kardani hizho boyd ba han hiz nazar kunad

Ном: Сомон аз: Душанбе
28.04.2013 18:40
Хуни мардуми точикро тоза кардан мегуед.якбор кади кучаи москва санпербург дубай худи душанберо назар кунед.дигар масъалахое хаст ки бояд шумо намояндагони халк ба манфиати халк хал кунед на коре ки зиёда аз 1500 сол давом доштаро маън кунед.ё шумо намедонед ки ин коро маън карда наметонед.кадом коргари давлати биёяд пулаш дихи чашмашро мепушад.мисли хамон конунатон дар садака одами зиёд набошад ранги пештара пур одам.танзим меояд хакаша мегирад садакаро мехурад меравад.хандаовар.
Дар посух

Ном: Шохин аз: Душанбе
28.04.2013 20:19
Ягон коре ки ба наъфи ХАЛК бошад масъалагузори кунед намешавад ки факат низоъандози ,шуру футур андози.Халкро аз масъалахои асосии зиндаги дур мекунед.Биеед набошам барои тоза кардани ,хуни халк е генофонд " конун дар бораи факат зани гайри точик гирифтанро барорем.Мо шукронаи олох хама халки точик хешу таборем.

Ном: Беном аз: ISTARAVSHAN
29.04.2013 05:46
Депутатхои мухтарам, агар мехохед хуни миллати точик вайрон нашавад пас чаро издивочи духтарони точик бо хитойихо манъ намекунед, е чунин издивочхо ба андешаи шумо ба нафъи миллат аст?

Ном: Шахс аз: макон
29.04.2013 09:18
Дар асл риски никохи хешу табори зиёд аст ва ин проблемаро Шамсиддин ном шахс, яке аз намояндахои тиб доим ташвик мекард.Лекин маълумам шуд,ки худи Шамсиддин ба кариби писарашро бо духтари апааш хонадор кардааст.Пас,инро чи хел фахмем?
Дар посух

Ном: Толиб аз: Тоҷикистон
30.04.2013 11:24
Шахси гиромӣ. Кӯшиши фаҳми ин қазияро пеш нагиред. Мантиқи рафтори Шамсиддини зикршударо ба гумони ғолиб худи ӯ намедонад. Дар кишвари мо ҳама тарғиботи тариқи Васоити ахбори омма пахш шаванда фармоишӣ аст. Ин ба касе пӯшида нест. Он Шамсиддини бечораро вазифадор кардаанд, то ин шеваи рафторро тарғиб кунад...
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
    Баъдӣ 

Назари Шумо чист?

Бойгонии назарсанҷӣ

Писандидаҳо

Тамос бо Радиои Озодӣ

Агар хабаре доред ё мехоҳед, масъалаеро дар миён гузоред, бо имейли Tajik@rferl.org ё телефони интернетии ozodi.skype бо мо дар тамос шавед. Ҳамчунин телефонҳои мо дар хидмати Шумо:

Дар Душанбе:          988 65 94 63               988 65 94 64            985 63 83 56
Дар Прага:               420 725 03 79 43   
Skype Me™! Add me to Skype