Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Фурӯшгоҳҳое, ки либосу кафш “чоп” мекунанд


Чопгар ва ё принтерҳои 3D ва себӯъдӣ, ки то чанд соли пеш фақат дар чанд арсаи маҳдуд истифода мешуданд, батадриҷ ба арсаҳои васеътаре роҳ меёбанд ва зоҳиран таъсири фавқуллодае ба иқтисоди ҷаҳонӣ хоҳанд дошт.

Худи мафҳуми чопи себӯъдӣ аз ин ҷараёни истеҳсолие пайдо шудааст, ки як моддаро барои афзоиши хос ба моддаи дигар изофа мекунанд. Масалан шумо моддаҳои мухталиф, оҳану резину, пластик ва шишаро мегиред, ба мошине меандозед ва аз тариқи комютер ба он амр медиҳед, ки ин моддаҳоро болои ҳам изофа карда ва масалан “каланд” бисозад.

Дар арсаҳои мошину мушаку сафинасозӣ, солҳои тулонӣ ин шеваро ба кор мебурданд. Бисёре аз қитъаҳои мушкилсози ҳавопаймоҳо, моҳвораҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишин аз ҳамин роҳ истеҳсол шудаанд. Ҳоло дар арсаи тибб ҳам чопгарҳои себӯъдиро ба кор мебаранд ва масалан, бо омезиши титан ва садаф дандонҳои сунъӣ месозанду мегузоранд.

Онгуна ки бо саноати компютерсозӣ рух дода буд, фанновариҳои чопи себӯъдӣ ҳам босуръат рушд мекунанд ва қиматашон ҳам фавқуллода поён меоянд. Яъне технологияҳое, ки фақат ба гурӯҳи маҳдуде аз ширкатҳо хос буд, ҳоло ба арсаҳои васеъ роҳ ёфта ва ҳатто барои муштариёни оддӣ ҳам дастрас мешавад.

Айни замон баъзе аз чопгарҳои себӯъдиро бо қиммати 1000 доллар мефурӯшанд. Террӣ Воллерс, мудири ширкати амрикоии “Воллерс Ассошиейтс”, аз пешгомони арсаи чопи себӯъдӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, имконоти ин навъи фанноварӣ беохир аст: “Ин фанновариҳо, имконоти фаровонеро барои тиҷорат, навъҳои нави соҳибкорӣ, таъсиси ширкатҳои нав фароҳам мекунад, ҳам барои истеҳсоли навъҳои нави моле, ки қаблан бисёр гарон буданд, ё истеҳсолашон ғайримумкин буд. Яъне, ин фанновариҳо имконоти зиёдеро бо худ меоранд. “

Аз ҳоло нақши дасти чопгарҳои себӯъдиро дар саноати пайкарасозӣ, телефонсозӣ, чармгарӣ ва чароғсозӣ мебинед. (www.freedomofcreation.com)
Тарроҳон ҳам айни корро мекунанд ва барои тарҳрезии ҷавоҳироту либос аз ҷумла нилонро дар чопгарҳои себӯъдӣ ба кор мебаранд. (http://www.continuumfashion.com)

Дар сӯи дигар меъморон бо истифода аз семент, маҳсулоти сохтмонӣ “чоп” мекунанд. Ҳатто мусобиқае идома дорад, ки кадом ширкат нахустин шуда, хонаеро месозад, ки маҳсулоташ комилан бо чопгарҳои себӯъдӣ рехта шудаанд. (http://www.dezeen.com/2013/02/13/protohouse-2-3d-printed-house-by-softkill-design/; http://www.dezeen.com/2013/01/20/dutch-architects-to-use-3d-printer-to-build-a-house/)

Дар ҷабҳаи тиббӣ пажӯҳишгарон саъй доранд, бо чунин принтер ва бо истифода аз нармаи устухон, устухон ва пӯст, аъзои алоҳидаи бадан биёфаранд. Айни замон бисёре аз мактабҳо дар Амрико бо принтер ва ё ҳамин чопгаҳои себӯъдӣ муҷаҳҳаз шудаанд. Бар асоси як таҳқиқи Воллер Ассошиейтс, ҳосили кори саноати чопи себӯъдӣ то соли 2016 ба 3,1 миллиард доллар ва то соли 2020 ба бештар аз 5 миллиард доллар хоҳад расид.

Томас Фрей, мудири Пажӯҳишгоҳи Да Винчӣ дар аёлати Колорадои Амрико мегӯяд, чопи себӯъдӣ дар оянда “воқеан ба тамоми ҷанбаҳои ҷомеа” таъсир хоҳад гузошт ва ба истеҳсолгарон имкон медиҳанд, бо қимати арзон ва бар мувофиқ ба табъи мизоҷ, моли хостаи онҳоро тавлид кунанд: “Тассавур кунед, ки чанд сол баъд шумо ба як мағозаи либос меравед. Онҳо аввал тасвири комили андоми шуморо бардошта ва иттилоъро ба дастгоҳ мерезанд ва амр медиҳанд, ки либоси хостаи шуморо чоп кунад. Яъне шумо метавонед, ҳар навъ либос ва бо ҳар навъ рангро фармоиш диҳед ва дар ҳамонҷо либосро чоп карда ба шумо медиҳанд. На фақат либос, балки кафши поятонро низ. “

Бо вуҷуди ҳунари ҳайратангези ин фанновариҳо, ба гуфтаи мутахассисон, ин дастгоҳҳо барои иқтисоди ҷаҳонӣ метавонанд, мушкилоти зиёде биёфаранд. Бисёриҳо мегӯянд, ки кишварҳои мутаррақии дунё метавонанд, бо тавлиди маҳсулот аз роҳи чопи себӯъдӣ, бахше аз саноатҳои маъмулии тавлиди маҳсулот дар кишварҳои дар ҳоли рушдро аз фоида маҳрум кунанд. Ҷорҷ Магнус, иқтисоддони лондонӣ мегӯяд, чопи себӯъдӣ мумкин аст, рақобати ҳозира дар тавлиди молро тағйир дода дигарбора масалан аз Чин ба Амрико, Аврупои Ғарбӣ ва Ҷопон баргардонад.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоле, ки тавлиди мол дар Чин, бо мушкилоти зиёд ҳамроҳ аст, қимати роҳ ба он изофа мешавад, нархи молаш ҳам болотар меравад, кишварҳои харидор бартарӣ медиҳанд, ки молро дар дохил ва ё бозорҳои наздиктар ба худ тавлид кунанд. Барои чопи себӯъдӣ ҳам сохтани корхонаҳои бузург бо хатҳои печидаи истеҳсолӣ лозим нест ва ширкатҳои соҳиби дастгоҳҳои чопӣ ҳам коргару маҳсулоти камтар лозим доранд ва арзиши молашон ҳам арзонтар мешавад.

Вале бо вуҷуди ин аз ҳоло набояд “мотами саноати маъмулиро хонд”, зеро чопи себӯъдӣ ҳам тавони ҳамачизро надорад. Ҳод Липсо донишманди амрикоӣ ва яке аз муаллифони китоби “Ҷаҳони нави чопи себӯъдӣ” дар ин бора мегӯяд:
“Имрӯзҳо, ҳосили кори саноати чопи себӯъдӣ, 0,1 дар сади ҳаҷми кору хидмати саноати маъмулӣ дар истеҳсоли маҳсулотро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ ҳоли роҳи дарозе дар пеш аст. “

Ба гуфтаи Террӣ Воллерс, дигар ин ки аз роҳи чопи себӯъдӣ, маҳсулоти баландсифати лозим барои абзорҳои мушкилсозро тавлид мекунанд ва аз ин роҳ истеҳсол кардани курсӣ масалан барои як майдони футбол ва ё сатилҳои партобгирӣ фоидаовар нест. Як масъалаи дигаре, ки бо тавсиаи дастгоҳҳои чопи себӯъдӣ ба миён меояд, масъалаи ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҷавобгарӣ барои нуқс дар маҳсулот аст. Ҳод Липсон мегӯяд:”“Агар шумо чархи мошин ва ё тормози мошин чоп мекунед, масъули аслӣ дар ин силсила кист? Тарроҳ, тавлидгари дастгоҳи чопӣ ва ё тавлидгари ашё? Яъне дар ин занҷираи тавлид афроди зиёде ҳаст ва масъулияти онҳо ҳам рӯшан нест. “

Дигар ин ки хатари дастгоҳҳои чопи себӯъдӣ ҳам кам нест, аз ҷумла хатари чопи силоҳ дар ин дастгоҳҳо. Аз ҳоло дар аёлати Тексаси Амрико як ширкате ҳаст, ки дар торнамои худ иттилооти лозим барои чопи қитъаҳои силоҳро ҳам гузоштааст. Дар видеое, ки ин гурӯҳ дар Ю Тюб гузоштааст, мебинед, ки чӣ гуна аз туфанге, ки тирдонашро “чоп” кардаанд, тир меандозанд. (http://www.youtube.com/watch?v=-oADEYbrJOY)
XS
SM
MD
LG