Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонҳои нави гуштии фарангии Тоҷикистон


Муродҷон Тӯйчиев - гуштигири тоҷик, ғолиби озмун дар вазни то 120 кг.
Муродҷон Тӯйчиев - гуштигири тоҷик, ғолиби озмун дар вазни то 120 кг.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба гуштии фарангӣ ё юнонию румӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, 120 варзишгар аз манотиқи мухталифи кишвар ширкат доштанд.

Мусобиқа аз рӯи ҳафт дараҷаи вазнҳо баргузор шуд. Ғолибони мусобиқа, ки бо медалҳои тилло сарфароз шуданд, Тоҷикистонро дар ҳайати дастаи мунтахаби кишвар дар мусобиқоти байналмилалӣ намояндагӣ хоҳанд кард. Гуштигироне, ки ҷойҳои дувуму севумро соҳиб шуданд, мутаносибан бо медалҳои нуқраву биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии гуштии фарангии Тоҷикистон:

Вазни то 55 кг
1. Хусрав Зарифов.
2. Ҷаҳонгир Аланазаров.
3. Ҷамшеди Раҷабалӣ ва Муҳаммадҷон Қонунов.

Вазни то 60 кг
1. Азиз Шарифзода.
2. Фаррух Беков.
3. Баҳовуддинхоҷаи Баҳром ва Мухтори Фаррух.

Вазни то 66 кг
1. Ахмадҷон Қодиров.
2. Султоншои Сайфулло.
3. Лоиқ Амрихонзода ва Алишер Сулаймонов.

Вазни то 74 кг
1. Нурулло Ҳасанов.
2. Фаррух Раҳмонов.
3. Алишер Бобохонов ва Шарифхуҷа Ҳакимов.

Вазни то 84 кг
1. Қаҳрамон Тӯйчиев.
2. Шаҳобиддин Мансуров.
3. Инъом Иброҳимов ва Фирӯз Гурезов.

Вазни то 96 кг
1. Ҳабибулло Абдуллоев.
2. Амиршо Сангалиев.
3. Фирдавс Рофиев ва Шӯҳрат Норҷонов.

Вазни то 120 кг
1. Муродҷон Тӯйчиев.
2. Наврӯз Арабов.
3. Рамазон Мирзоев ва Давлатмурод Ҷамилов.
XS
SM
MD
LG