Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишгоҳҳои Тоҷикистон барои хориҷиён "ҷаззоб" шудаанд


Дар Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон 90 донишҷӯи хориҷӣ таҳсил мекунад.
Дар Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон 90 донишҷӯи хориҷӣ таҳсил мекунад.

Дар Тоҷикистон, бо вуҷуди онки донишгоҳҳояшро барои пасрафти сатҳи таълим, танқид мекунанд, айни замон донишҷӯёни 21 кишвар, аз ҷумла Амрикову Исроил таҳсил доранд.

Бино ба омори тозаи вазорати маорифи Тоҷикистон, дар маҷмӯъ дар кишвар тақрибан 2130 донишҷӯёни хориҷӣ таҳсил мекунанд, ки бештар аз се ҳиссаи онҳоро донишҷӯёни эронӣ ташкил медиҳанд. Айни замон дар Тоҷикистон 626 шаҳрвандони Эрон дониш меандӯхтаанд ва баъдан донишгоҳҳои Тоҷикистон ҷавонони туркманро ба худ мекашидаанд, ки 311 нафари онҳо барои таҳсил ба Донишгоҳи Давлатии Омӯзгорӣ омадаанд. Теъдоди умумии донишҷӯёни туркман дар Тоҷикистон ба 363 нафар мерасидааст.


Ба рағми сардии равобит ва ҷанҷолҳои пайваста миёни Тоҷикистону Узбакистон, дарҳои донишгоҳҳои Тоҷикистон ҳамчунон барои ҷавонони узбакистонӣ боз будааст, ки дар маҷмӯъ 255 нафари онҳо таҳсилро дар ин донишгоҳҳо ва аксарияташон дар донишгоҳи омӯзгорӣ идома медиҳанд. Аз кишварҳои ҳамсоя аз Афғонистон 234 нафар ва аз Қирғизистон 137 нафар дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекардаанд. “Овозаи” донишгоҳҳои Тоҷикистон ба он тарафи уқёнус ҳам расидааст, ки аз онҷо ҳам барои таҳсил ба кишвар омадаанд. Аз ҷумла аз Амрикову Канада як нафарӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Аз кишварҳои дигари пешрафта аз Исроилу Олмон низ як нафарӣ дар Душанбе таҳсил мекардаанд.


Донишҷӯёни тоҷик ҳамсабақҳои судониву ироқиву суриягӣ, чинӣ, ҳиндиву куриёӣ ва покистонӣ ҳам доранд, вале теъдодашон кам аст, ба истиснои донишҷӯёни ҳиндӣ ки тақрибан 190 нафаранд. Маҳбубтарин донишгоҳ барои доништалабони хориҷӣ Донишгоҳи Тиббии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Миллӣ, Донишгоҳи Техникӣ будаанд. Бо вуҷуди онки дар Донишгоҳи Омӯзгорӣ аз ҳама бештар ва 695 донишҷӯи хориҷӣ таҳсил мекунанд, вале ҳамаи онҳо намояндагони 7 кишваранд. Аммо Донишгоҳи Тиббӣ, Донишгоҳи Миллӣ ва Донишгоҳи Техникӣ назар ба Донишгоҳи Омӯзгорӣ “сермиллат” будаанд, зеро дар онҳо донишҷӯёни даҳҳо кишвари хориҷӣ таҳсил мекунанд.


Аз Русия ҳам ба Тоҷикистон барои таҳсил 104 нафар омадаанд, аз Қазоқистон 149 нафар. Аммо агар ба омори теъдоди донишҷӯёни тоҷик дар хориҷ назар андозем, теъдоди онҳое, ки аз ҷониби вазорати маориф фиристода шудаанд, ба 3954 нафар мерасад ва аксарияти онҳо (2428 нафар ) дар Русия ҳастанд ва сипас дар Чину, Қирғизистону Эрону Қазоқистон. Вазорат ҳамчунин донишҷӯёни тоҷикро ба Ҷопону Куриёи Ҷанубӣ, Итолиё, Қибриси Шимолӣ ва Миср фиристодааст.
XS
SM
MD
LG