Чоршанбе, Октябр 01, 2014

Ҷавонон

"Занги камолот" барои мактабиён чӣ паём дод?

Имрӯз, 25-уми майи соли 2012 дар мактабҳои таҳсилоти умуми Тоҷикистон “Занги камолот” садо дод.

x
Маросими «Занги охир» ё «Занги камолот» дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии кишвар мисли чанд соли ахир дар доираи як маҳфили хоксоронае баробар ба як соати дарсӣ ё 45 дақиқа баргузор шуд.

Аммо фарқи аслии ин чорабинӣ дар муқоиса ба солҳои пеш ин буд, ки имсол дар пайи таъкиди вазири умури дохилии Тоҷикистон назорат аз болои хатмкунандаҳо ва мактаҳои миёна дар ин рӯз ҷиддитар ба роҳ монда шуд. Барои пешгирӣ аз ҳамагуна ҳодисаҳои нохуш ва таҷлили бошукӯҳи ин чорабинӣ дар макотиби кишвар, дар баробари намояндагони вазорати моариф, кормандони мақомоти интизомӣ ва дигар сохторҳои масъул низ фаъолият доштанд.

Абдусамад Муллоев раҳбари Раёсати мактабҳои ҳамагонии вазорати маориф дар ин замина гуфт: «Мо талош кардем, ки ин чорабинӣ ҷиддӣ назорат шавад ва дар ин рӯз ҳам мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳам корҳои дохилӣ ва ҳам намояндагони раёсати бозравсии давлатии автомобилӣ дар муасиссаҳои таълимӣ буданд ва ҳама дар ҳолати хуб анҷом ёфт ва ягон ҳодисаи нохушу қоидавайронкуниҳо ба қайд гирифта нашудаст. Баъди ин чорабинӣ дар мактабҳо дарсҳо идома карданд.»

Абдусамад Муллоев мегӯяд, имсол 3 ҳазору 810 муассисаи таълимии умумии кишварро тақрибан 100 ҳазор нафар хатм мекунанд. 

Кароматулло Қурбонов, яке аз аввалин хатмкунандаҳои мактаби махсус барои кӯдакону наврасони боистеъдоди шаҳр аст. Ӯ мегӯяд аз дониши андӯхтааш дар мактаби миёна розӣ аст ва бовар дорад, ки метавонад бо қувваи худ ба донишгоҳи техникӣ шомил шавад: «Сад дар сад бовар ба ин бовар дорам, зеро омӯзгороне, ки моро дар мактаб таълим доданд ҳама олимону донишманданд ва барномаи таълимии мо ҳам мушкилу хуб буд.»

Сол то сол коҳиш ёфтани теъдоди қабулшавандагон ба шӯъбаҳои буҷавӣ ва боло рафтани нархи таҳсил дар гурӯҳҳои шартномавӣ, имконияти ба даст овардани унвон донишҷӯро барои хатмкунандаҳо камтар кардааст. Ин аст, ки солҳои охир аксари толибилмони соли охири мактаб бо харҷи маблағи бештар, ҳанӯз чанд моҳ ё ҳатто як ду сол пеш дар курсҳои махсус ба омӯзишӣ барномаҳои ихтисоси интихобкардаашон шурӯъ мекунанд: «Барои дохилшавӣ ба донишгоҳ ман 6 моҳ ҳаст дар курси махсус мехонам. Барои ин 250 доллар супурдем ва баъди як ду моҳи дигар он ҷо имтиҳон супурда барои дохилшавӣ ба донишгоҳ омодагӣ мегирем.»

Аммо дар ҳамин ҳол мушоҳида мешавад, ки аксар хатмкардаҳои имсолаи мактабҳои миёнаи Тоҷикистон ба таҳсил дар мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ бартарӣ медиҳанд. Назир Собиров муаллими литсеи рақами 1 - и шаҳри Душанбе мегӯяд, дар пайи як назарпурсӣ миёни хатмкунандаҳои ин муассисаи таълимӣ, ӯ муайян кардааст, ки аксарият орзу ва тасмими таҳсил дар донишгоҳҳои Русияву Амрико ва дигар кишварҳоро доранд: «Бо вуҷуди он, ки мо муаллиму донишгоҳҳои хуб ҳам дорем, намедонам аз чӣ сабаб аксарият ҳаракат мекунанд маълумоти олиро дар хориҷ аз кишвар ба даст оранд. Ва бисёре аз хатмкунандаҳои мо ҳам ҳуҷҷатҳои худро ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар, ба вижа Русия месупоранд. Бино бар ин, аксарият забони русӣ ва англисии худро беҳтар мекунанд.»

Амина Дониёрова, хатмкунандаи яке аз мактабҳои пойтахт мегӯяд, ӯ барои иштирок ва ғалаба дар яке аз озмунҳои ҷумҳуриявӣ барои дохилшавӣ ба донишгоҳ имтиёз ба даст овардааст ва имкон дорад ба ҳар донишгоҳи кишвар, ки хоҳад, ройгону беимтиҳон шомил шавад. Аммо ӯ мехоҳад таҳсилашро дар хориҷ аз кишвар идома бидиҳад: «Мехоҳам мисли бародару хоҳари бузургам дар Қирғизистон ё Амрико таҳсиламро идома бидиҳам, аммо имкони молии хонаводаамон ҳоло ба ин даст намедиҳад ва ягон сарпарасте ҳам наёфтам, ки дар ин маврид ба ман кӯмак кунад.»

Ва бояд гуфт Вазорати маорифи Тоҷикистон дар 4 соли пеш бо ҳадафи боло бурдани сифати таълим ва омодасозии мутахассисони хуб, шумори қабули донишҷуёнро ба мактабҳои олии кишвар маҳдудтар намуда, 25 ҳазор ҷой муайян карда буд. Вале барои дохил шудан ба донишгоҳ ҳамасола беш аз 30 ҳазор нафар довталаб мебошанд.

Навор аз бойгонӣ

Занги камолот дар макотиби Душанбеi
|| 0:00:00
...
 
🔇
X
01.06.2010 21:53
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо
     
Ном: Сафар В
25.05.2012 09:48
Ба тамоми хатмкунандагон бурдборихо орзумандам! МУБОРАК БОШАД ХОХАРОНУ ДОДАРОНИ АЗИЗ!

Ном: Оиша 112
25.05.2012 10:21
Занги бесаводи занги 11 соле ки дунболи кучахо дунболи телефонбозор дунболи смс агент бозихои компютери. садо дод на занги камолот занги пушидани либосхои танг барои мардон баланд кардани муйхояшон ба монанди духтарон садо дод занги нушидани ягуару нушокихои спирти садо дод на занги камолот..Озоди чоп кун хохиш.
Дар посух

Ном: Мухаммад аз: Маленкий Париж
25.05.2012 21:41
Салом ба хама. Мегм Оиша бону хамаи хами кор ай сари худт гузаштагиян чи хамаша ита хушру номбар кади!!! рахмат озоди бчопш!!!
Дар посух

Ном: оиша аз: 112
26.05.2012 12:53
не аз сари ман нагузшатааст зеро ман аз хурди аз мактабхои имруза баромадам дар мактабхои имруза тарбияро кам ёд мегири факат ошикию телефон бозию чанг аст тамом тарбияро бошад касе ёд мегирад ки худашро идора карда тавонад ин занг танхо барои гапхое ки дар боло гуфтаам хаст пештара бибиям накл мекард ки мо аз муалимон чунон метарсидем ки хатто ба руяш нигох карда наметавонистам аммо хозир бошад муаллимон аз талабахо метарсанд муаллим аз шогирдаш метарсад тарсу хурмати калонсолон кариб ки аз байн рафтааст озоди чоп кун хохиш
Дар посух

Ном: Беном
26.05.2012 11:00
Оиша ташакури зиед барои ин кабудихоро шумо медонед ва дар бораяшон менависед чун,ки дар байни хатмкунандагони сол то сол сафи онхо зиед шуда истодааст. Хамчун як фарди солим фикр шумо дар гами фарзондони миллат хастед на падару модарони онхо. Мо гуфтахои шуморо чонибдори мекунем.
Дар посух

Ном: Милла аз: Душанбе
27.05.2012 01:59
Ойша, касе чи тавре ки хохад мегардад ва чизе хохад менушад, тем более баъди "ЗАНГИ КАМОЛОТ" яъне , шахсе ки аллакай ба балогат расидааст. Либоси танг пушидан ин маънои бесавод буданд, ё тафаккури паст будан нест, ин бо равиши замона аст. Замона чунин талаб мекунад, масалан котибаи вазир хеч гох наметавонад бо САТР дар кабулгох шинад.
Дар посух

Ном: оиша аз: 112
27.05.2012 10:07
милла замони инро талаб мекунад гуфта расво шавем ха чи замона моро мачбур кардааст нее ин як бахонае бещ нест замоне не мо худ инро талаб карда истодаем шарт нест ки либосхои тангу мини юбка пушида гарди хама чоят агар махкам бошад чи туро аз кор пеш мекунанд агар ба хотири он ки кор кунам гуфта худро виставкада барори ман аз ингуна кор безор дар хона шиштанам сад баробар боло аст хуб чи тавре ки мехохед либос пушед аммо фаромуш накунед ки аллох моро назорат дорад ва хама кори мо ар пеши у аён аст фахмо милла озоди аз барои худо чоп кун мухлисат хастам

Ном: Орзу аз: Душанбе
25.05.2012 12:32
Ба хама нафароне, ки имруз мактабро хатм мекунанд, Занги камолот муборак бод! Муваффакиятро бахратон хохонам! Ва ин шеърро такдиматон мекунам.
Занги охир
Сањни мактаб ларза дорад бо садои зангўла,
Ларза дорад ќалби мо њам бо њавои зангўла.
Мешавем аз њам људову лаб кушоем бар дуо,
Њам дуои мо ба хайру њам дуои зангўла.

Хайр дабистони азизу хонаи дарбози мо,
Рањнмои зиндагиву боиси парвози мо.
Бо дили ѓамнок имрўз мешавем аз ту људо,
Маскани даври љавонї, њамдаму њамрози мо.

Хайр эй шахси азизу аввалин устоди мо,
Лањзањои дарси аввал мондааст дар ёди мо.
Хонаат обод боду чењраат дар ёд бод,
Шод бодо ќалби ту ин лањзаи хайрбоди мо.

Хайр, эй рўди љавону њамнавози дили мо,
Хайр, эй синфхонањои барњаво манзили мо.
Боѓу роѓи соябону зеби майдон хайр, хайр,
Хайр навои «Занги охир» охирин мањфили мо.
Дар посух

Ном: Radioi Ozodi аз: Prague
25.05.2012 18:16
Шарҳи Hamroza Rahimova аз Маҳфили Озодӣ дар Мой Мир 25-05-2012 13:31
Авалло салом мегуям ба кормандони радиои озоди, ки хар масъалахои доги рузи мардумро пешкаш намуда мавриди бахсу мунозираи хамватанон мегузорад ва каме бошад хам рози дили мардумро кушода фикрхои ба чомеаи имруза доштаи онхоро ошкор менамояд.
Баъдан хамаи хатмкунандагони азизро ба муносибати занги камолот табрику муборакбод гуфта орзу мекунам,ки куллахои баланди донишу илм интизорашон бошад.
Акнун чанд сухан оид ба мавзуи пешкашшуда: Хама кас мехохад сохиби маълумот бошад, аммо ин аз худи инсон вобастаги надорад. Яке хаст, шароити хуби зиндаги дорад, дигаре бошад аз надоштани маблаг азоб мекашад. Чунки имруз маколи "Бе пул суханат асар надорад" хеле муд шудааст дар Точикистон ва хамаи мо нагз медонем, ки маблаг набошад дар хеч кучо тахсил кардан наметавонем. Фикри ман хамин, ки касоне,ки маблаг доранд, тахсилро давом медиханд, касоне,ки маблаг надоранд гарибию мухочират насибашон мегардад (ман дар назар дорам писаронро), чунки дар ончо монанд боз гами афсар шудан ё ба кавли мардуми рус "облава"- гирифтан дар гарданашон бор аст. Духтаронро бошад агар бахташон омад кунад хамсафари хаётии худро меёбанду ба шавхар мебароянд ва агар омад накунад баъди ду се сол зери гапу калочаи мардони бузурги мо карор мегиранд. (чунки як бахс дар бораи занхо пайдо шавад худатон медонед), ки мардони бузурги точик чи кадар фаъол мешаванду гапхои пасту баланди бисёреро барои духтарони точик раво мебинанд, фикр намекунанд, худашон хам зану духтару хохар доранд.
Дар посух

Ном: olim donishju az ДДОТ аз: ховалинг
26.05.2012 10:48
Аввало салом ва миннатдории худро ба ин муаллимаи азиз мерасонам ки тули ду сол рохбарии моро бар ухда доштанд ва баъд бо гунохи мо донишгохро тарк карда ба русия рафтанд,(аз муллима уз мехохем) ва ба муаллимаи азизамон гуфтани хастам ки рохбарии моро хеч кас бар ухда намегирад илтимос баргардед,мо шуморо интизор хастем Аслидин хам бачаи хуб шудааст ваъда медихем ки барои мо шуда декан шуморо дигар чанг намекунанд ( аз шумо кормандони "озоди" хохиш менамоям ки муаллимаамонро огох намоед)

Ном: беном аз: душанбе
25.05.2012 19:20
Фарзанди ман дар мактаби № 54- и шахри Душанбе мехонад. Мо дар мохи май 30 сомони мохонаи мактаб ва 50 сомони барои "ремонт"-и мактаб пул чамъ кардем. Хамаги 80 сомони. Дар ин мактаб зиёда аз 2 хазор талаба дарс мехонад. Хисоб кунед чи кадар маблаг мешавад. Дар хар синф зиёда аз 30 нафар талаба аст. Яъне 30х50=1500 сомони. Мохи сентябрь ба мактаб меравем танхо фарш краска карда шудаасту халос. Бокимондаи пул кучо мешавад? Мухтарам вазири маориф ва вазири корхои дохила! Бехтараш ба ана ин чизхо ахамият медодед. Занги охирон як руз асту, пулчамъкунии муаллимон хар руз!!! Озоди! Илтимос чоп кун!

Ном: MEHROB
25.05.2012 21:10
АПАЙ ОИША БАХУДО РОСТ МЕГУЙ ЯГУАРА МОНАНДИ ЧОЙ КАБУТ МЕНУШАНД
Дар посух

Ном: Дилшод. хатмкунанда аз: Душанбе
26.05.2012 08:30
Аввло салом ба Озоди ва тамоми он нафароне, ки хакикатро дуст медоранду аз он харосе надоранд.Аппаи Оиша хамаро зикр карди аммо Либоспушии духтаронро не Либоси миллиро хеч киммате намондааст чаро аз либосхои милли мудхо омода намесозанд? ва мудхое ки дар реклама ба намоиш дода нашудаанд алакай точикдухтарон онро ба худ тахмил менамоянд. ман аз ин чашмхои биноям ки харруз мачбуран гарки гунохаст хаста шудам. Чаро духтарони точик ин хама зебои ва назофати худро бе киммат ба намоиш мегузоранд ва хар фосике ки хохад аз бадани зебои онхо манфиати фосикона мебардоран.Ташаккур ба хамватанони Помириамон, ки либосхои милли худро гум накардаанд. Аз масъулини ин соха хохонам, ки аз сентябри соли чори либоси махсуси миллиро ба хонандагон роич намояд на инки таклид ба мини юпкаи Руссхою Аврупоихо намуда ба худ хамчу либоси милли онро кабул намоем. Оё заррае хувияти милли дар вучуди мо дида мешавад?
Духтар мисли тухми гул аст ва нафаре, ки ин тухмро дар хиёбон бикорад баъди шукуфтану хушбу шудан хар рахгузаре онро буйкарда ва аз он барге мечинад , дар натича гул парокандаю расво мегардад??????
Озоди хохишдорам бахри миллат инро нашр намо
Дар посух

Ном: ойша аз: 112
26.05.2012 16:29
бародар дилшод шумо фикр мекунам суханонамро соз нахондед он чо дар бораи либосхои тангхам гуфта шудааст шумо дуруст гуфтед хозир духтархо хама европа барин либос мепушанд аслан фаромуш кардаанд ки аз кадом насл хастанд точикиро соз намедонанд хамеша корашон бехудагардию телефон бози бо бачахо гап задан ифати худро гум карда истодаанд зан буданашонро фаромуш карда истодаанд ба ин кор албатаки волидонашон гунахгоранд ба онхо намефахмонанд ки ин кор айб асту он кор хато баъ кор аз кор гузашт баъд пешгири мекунанд ки онвакт алакай дер шудааст куртаи атласро паст кардаанд як намуд духтагики намегуи ки курта аст ё ягон либоси нимбарахнаи аврупои мардхохам дигар шудаанд муйхояшон мисли занхо оро додоги як руз як мардро дидам шляпаи занона дар сар лабхояш блеск медихад шими клёша пушида аз зан фарк нест рости хар кадар нависем хамон кадар кам аст озоди чоп кун аз барои худо
Дар посух

Ном: Захро
26.05.2012 16:41
Ойша, ту ходими "полиция нравов" хасти, ки ба хама маслихат медихи чи кор кунаду чи пушад? Ки ба ту хак додаст, ки акидаи худатро ба дигарон бор куни? Масъалахое хастанд, ки шумо метавонед ба онхо назар дихед. Аммо масъалахое хастанд, ки харими хусусии хар кас хаст ва касе ба ту хукук надодаст, ки ба ончо ворид шави. Фахмиди дугона?
Дар посух

Ном: оиша аз: 112
26.05.2012 21:49
захро ман шахрванди ин мамлакатам ва хукуки назари худамро гуфтана дорам агар чи холо синам ба балогат нарасидааст аммо наметавонам ки бетараф шинам наметавонам нигохкарда шинам ки одамон бетарбия шудаанд хозира дар ин мамлакат кам нафареро пайдо кардан мумкин аст ки хакикатро гуяд ман аз тоифаи нафароне нестам ки хомуш шинад ё ин ки бедалел таъриф кунад фахмо захро озоди хохиш мекунам чоп кун

Ном: Алиакбар аз: Малинки Париж
26.05.2012 16:54
Рости ин рузро дуст намедорам,чунки вакте мактба хатм мекардам мара баранда таъин кардан дар мактаб,бо хости Худованд як руз пеш аз баромад ма дандондар шудм,занги охир нарафтм?хайф!
Дар посух

Ном: ali аз: tjk
26.05.2012 20:09
dandonat hozir chikhel hast nakandish alamata burori
Дар посух

Ном: Алиакбар аз: Малинки париж
27.05.2012 11:07
Кандмша чурачон,неки хар сол 25-май мебиёд, дард мекунад
Дар посух

Ном: Орзу аз: Душанбе
26.05.2012 21:35
Хайрият дандонат дард кард. Набошад бо ин дониши "зебо"-и забони модариатон бисёр хуб "суханрони" мекардед. Илтимос, аз хама чавонони точик: Забони поки точикиатонро дуруст донед. Майлаш, ба лахчаи махали худ харф занед, аммо дар навиштан, комилан ба имло ва коидахои забони точики риоя кунед.
Дар посух

Ном: Алиакбар
27.05.2012 11:17
Орзу чурачон рост меги, лекин дар шахримо (яъне МАЛИНКИ ПАРИЖ) наамита гап мезанан,КУШИШ ба харч медихем то забони Модари-амонро ёд гирем Мебахши! Бродар мра ислох кди!

Ном: Беном
27.05.2012 15:41
Касе маблаг барои ришва ва идомаи тахсил дорад мархамат ба донишгоххо, касе, ки надорад рохи сафед ба артиш ё ба Россия . Мояи асосии зиндаги холо пул шудааст. Бидуни дониш ба донишгоххо дохил мешави, вале агар дониш дориву пул надори, хонданро идома дода наметавони, зеро донишчуи маблаги калонро талаб менамояд.

Писандидаҳо