Шанбе, Ноябр 01, 2014

Варзиш

Хуршед Маҳмудов- беҳтарин футболбози сол

Федератсияи футболи Тоҷикистон беҳтаринҳои соли 2011-умро эълон кард.

Хуршед Маҳмудов, нимҳимоятгари дастаи "Регар"Хуршед Маҳмудов, нимҳимоятгари дастаи "Регар"
x
Хуршед Маҳмудов, нимҳимоятгари дастаи "Регар"
Хуршед Маҳмудов, нимҳимоятгари дастаи "Регар"
Хуршед Маҳмудов, нимҳимоятгари дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва тими мунтахаби миллии Тоҷикистон, беҳтарин футболбози сол эътироф гашт. Ӯ инчунин, беҳтарин нимҳимоятгар дониста шуд.

Алишер Тӯйчиев, дарвозабони дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва тими мунтахаби миллии Тоҷикистон ба ҷоизаи «Беҳтарин дарвозабони сол» мушарраф гашт.

Маъруф Рустамов, узви дастаи «Равшан»-и Кулоб, беҳтарин ҳимоятгар ҳисобида шуд. Ӯ, ки ҳамзамон сармураббии дастаи Равшан» аст,  бо ҷоизаи «Беҳтарин мураббии сол» сарфароз мешавад. «Равшан» таҳти раҳбарии ӯ дар мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон барандаи медалҳои биринҷӣ гардид.

Юсуф Рабиев, ҳамлагари дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки бо 32 гол беҳтарин нишонзани мусобиқоти имсола шудааст, бо ҷоизаи «Беҳтарин ҳамлагари сол» мукофотонида мешавад.

Раҳмон Муртазоеви душанбегӣ беҳтарин довар ва Одил Каримов, аз бошгоҳи футболи «Энергетик»-и Душанбе, беҳтарин мураббии бачагона дониста шуданд.

Мадина Фозилова, узви дастаи "Ласточка"(«Парасту» )-и Душанбе беҳтарин футболбоззани сол эътироф гардид.

Федератсияи футболи Тоҷикистон, инчунин, беҳтаринҳоро дар риштаи футзал муайян кард.

Шерзод Ҷумъаев, узви дастаи «Вавилон»-и Душанбе беҳтарин бозигари футзал ва Дамир Камолиддинови душанбегӣ беҳтарин мураббии футзал дар соли 2011-ум дониста шуданд.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо. Сафҳаи аз 3
    Баъдӣ 
Ном: Мирзо Азизов аз: Душанбе
31.12.2011 13:36
Хуршед Махмудов ва хамаи бехтаринхои солро табрик гуфта, барояшон дар Соли Нав муваффакият мехохам.

Ном: Лоик аз: Вахдат
31.12.2011 13:58
Ин хабари хушро ман имруз дар сайти "Озоди" хонда, хеле хурсанд шудам. Футболбозони бехтаринро ФФТ муайян кардааст. Хамаи онхо арзандаанд. Табрик бо Соли Нав!

Ном: Дилшод аз: Русия
31.12.2011 16:48
Тамоми футболбозони дастаи Мунтахаби Чумхури ва тими дустдоштаам Чемпиони Ватан ИСТИКЛОЛИ Душанбешари азизро ба соли нави мелоди табрику муборакбод гуфта дар Соли нави 2012 ба хамаи онхо саломати ва муваффакиятхои калон орзумандам.

Ном: Чумъахон аз: Восеъ
31.12.2011 18:27
Хочи Маъруф табрик. Бехтарин мураббии сол. Офарин!

Ном: Икром Ниёзов аз: Душанбе
31.12.2011 18:28
Юсуф Рабиевро бо Соли Нав муборакбод мегуям. У футболбози бехтарин аст.

Ном: Аббос.аз Кулоб аз: М.ашадй Равшанчон
31.12.2011 22:24
Маъруф Р. Табрик бо бехтарин сармурабияш у ва бехтарин зашитник офарин ту сутуми тими Равшан асти офарин шербача бо ин сину солат тими Равшанро бо дублхояш бо соли нав табрик гуфта худо нигах бонатон озоди табрик 2012.

Ном: Дилшод аз: Душанбе
31.12.2011 23:44
Маъруф бародари азиз шуморо аз тахти дил табрик гуфта бар шумо тамоми хушихои зиндагиро орзумандам

Ном: МухаммадРачаб аз: Душанбе
01.01.2012 00:11
Ки Хуршед Махмудовро Бехтарин футболбози 2011 ном кардаасат-не ин кори хато шуд. Вай тамоман дар ин сол бефаъолият буд тамоман бозиро наметонад дар Фрунзе низ бо Чопон хеле-хеле бад бози кард. Боз мегуям ба ФФТ шумо кори хато кардед!!!!!!
Дар посух

Ном: Комрон аз: Русия
01.01.2012 07:55
Бародари Махмадрачаб аз Душанбе Шумо шархи навиштаи худ кори ФФТ-и Чумхуриро тахти шубха карор додаед. Эхтиромона хохиш мекунам агар Шумо далелхои дуруст дошта бошед илтимос бо тафсил нависед. Якум ман бозихои Хуршед махмудовро надидаам бинобарон хеч чиз гуфта наметавонам. Дуюм наход дар ФФТ боз номардию тагабози карданд?????? Саломат бошед.
Дар посух

Ном: МухаммадРачаб аз: Душанбе
03.01.2012 07:08
Бародар Комрон ман худ бозии Х Махмудовро бо чашмам дидаам (2011) вай ба ин чоиза намеарзад! У дар бози бо Чопон тамоман бефаъолияти нишон дод.1. Туб ба пояш меояд зуд чопонихо кашида мегиран.2. Зуд-зуд тупро ба чопонихо медод. 3.Аз маментхои кулай истифода карда наметавонист.4. Дар варзишгохи Фрунзе хама вайро тахкир карданд, ки бозиро наметонад. Охир ин гуфтахои манро хама тасдик карда метавонад бародарон. Чи хел вайро бозингари сол гуфтанд, ки агар вайро ХАЛК дуст надорад. Ба ин чоиза хубтараш А. Туйчиев ё Д. Восиевро мушарраф мегардониданд хубтар буд.

Ном: Насим аз: Душанбе
01.01.2012 13:36
Ба назари ман бехтарин футболбози сол дарвозабон Алишер Туйчиев мебошад. ФФТ хато кардед. Дар хамин кор хам ба беадолати рох додед.

Ном: Орзу аз: Хисор
01.01.2012 13:48
Бехтарин Алишер Туйчиев аст! На Хуршед Махмудов!
Назарҳо. Сафҳаи аз 3
    Баъдӣ 

Назари Шумо чист?

Бойгонии назарсанҷӣ

Писандидаҳо

Тамос бо Радиои Озодӣ

Агар хабаре доред ё мехоҳед, масъалаеро дар миён гузоред, бо имейли Tajik@rferl.org ё телефони интернетии ozodi.skype бо мо дар тамос шавед. Ҳамчунин телефонҳои мо дар хидмати Шумо:

Дар Душанбе:          988 65 94 63               988 65 94 64            985 63 83 56
Дар Прага:               420 725 03 79 43   
Skype Me™! Add me to Skype

Мавзӯъҳои рӯз