Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти рӯзноманигори шинохта Ҷумъабой Толибов


Ҷумъабой Толибов
Ҷумъабой Толибов

Рӯзноманигори саршиноси тоҷик Ҷумъабой Толибов - сардабири ҳафтаномаи "Пайкон" даргузашт.

Ҷумъабой Толибов тайи як соли ахир аз бемории саратон дар ноҳияи сараш ранҷ мебурд ва бар асари ҳамин беморӣ дар синни 51-солагӣ ин дунёро падруд гуфт.

Маросими хоксупории зиндаёд Толибов фардо 19-уми ноябр дар деҳаи Испағни ноҳияи Айнӣ баргузор мегардад.

Ҷумъаи Толиб 25-уми январи соли 1960 дар деҳаи Испағни ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1979 аст.

Солҳои 1984 то 1994 дар нашрияи «Меҳнат»-и ноҳияи Айнӣ ба ҳайси мусаҳҳеҳ, мухбир ва мудири шӯъба кор кардааст. Сипас, як сол сармуҳаррири газетаи «Нури ҳақ»-и ноҳияи Айнӣ буд. Солҳои 1995 - 1998 раиси хоҷагии деҳқонии «Авсанъан» ва аз соли 1998 то 2004 мудири шӯъбаи ҳуқуқи ҳукумати ноҳияи Айнӣ буд.

"Этиқоду дӯстӣ дар зиндагӣ..."- Охирин дидорбинии хабарнигорони Озодӣ бо Толибов
"Этиқоду дӯстӣ дар зиндагӣ..."- Охирин дидорбинии хабарнигорони Озодӣ бо Толибов
Дар соли 2005 зимни мақолаҳои муҳим ва интиқодии ӯ ба муқобилаш парвандаи ҷиноӣ боз шуд ва 26-уми июли ҳамон сол вай ба ду соли ҳабс маҳкум гашт. Он вақт бисёриҳо гумон надоштанд, ки ин ҳукм тағйир хоҳад хӯрд. Аммо афроде буданд, ки аз Ҷумъабой ва навиштаҳои ӯ ҳимоят мекарданд. Бо талоши якҷояи вакилони дифоъ ва мушовирони ҳуқуқӣ ва ҳамчунин бар пояи ҳамраъйии журналистони тоҷику эътирози созмонҳои дохилӣ ва ҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва озодии матбуот дар 16-уми декабри соли 2005 озод шуд.

ОХИРИН ГУФТУГӮИ "ОЗОДӢ" БО ҶУМЪАИ ТОЛИБРО ИН ҶО БИШНАВЕД

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:18:06 0:00
Линки мустақим


Аммо дар ин байн ним солро дар маҳбаси шаҳри Истаравшан гузаронд ва азбаски бо мақомоти нерӯманде дасту панҷа нарм карда буд, борҳо хатаре ба миён афтод, ки ӯро аз нав зиндонӣ кунанд.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон парвандаи ӯро баррасӣ карда, бегуноҳии журналистро ба исбот расонд. Ин мушкилот Толибовро аз роҳаш барнагардонд. Вай пас аз озодӣ ба навиштан идома дод ва баъд аз муддате ҳамкорӣ бо нашрияи “Фараж” мудири иҷроии Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон таъйин шуд ва хабаргузории “Зарафшон-Таймс”-ро таъсис дод.

Солҳои охир Ҷумъаи Толиб раҳбари Дафтари мушовара, пажӯҳиши лингвистӣ ва таҳқиқоти журналистӣ ва ҳам сардабири ҳафтаномаи “Пайкон” буд. Вай ҳамчуин муаллифи матолиби зиёди танқидист, ки бо ин роҳ ба кори беҳтари идораву муассисаҳо ва мансабдорони давлат мусоидат мекард. Баҳсҳои зиёди додгоҳӣ ва мушкилоти нашрия ва инчунин баста шудани созмони ӯ, ки муассиси ҳафтаномаи “Пайкон” буд, сабаб гардид, ки журналисти саршинос на танҳо аз кори дӯстдошта, балки саломатияш низ маҳрум гардад.
XS
SM
MD
LG