Чоршанбе, Сентябр 03, 2014

Варзиш

Нуриддин Давронов: “Ба ояндаи дурахшони футболи тоҷик бовар дорам”

Нуриддин Давронов, футболбози ҷавону моҳири тоҷик, 16-уми январи соли 1991 дар шаҳри Душанбе дар оилаи ҳунармандони маъруф Ширинмоҳ Ниҳолова ва Аҳмадбек Давронов ба дунё омадааст.

Нуриддин ДАВРОНОВ, нимҳимоятгари тими "Истиқлол"Нуриддин ДАВРОНОВ, нимҳимоятгари тими "Истиқлол"
x
Нуриддин ДАВРОНОВ, нимҳимоятгари тими "Истиқлол"
Нуриддин ДАВРОНОВ, нимҳимоятгари тими "Истиқлол"
Вай аз нӯҳсолагиаш ба футбол шуғл меварзад. Дар дастаҳои ҷавонони “Локомотив”-и Маскав, “Минск”-и Беларус, “Амкар”-и Перм ва “Энергетик”-и Душанбе бозӣ кардааст.

Нуриддин феълан нимҳимоятгари дастаи “Истиқлол”-и Душанбе мебошад. Ӯ дар ҳайати “Истиқлол” ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон, барандаи Ҷоми Тоҷикистон ва Суперкубок ё Ҷоми олии кишвар даст ёфтааст.

Давронов дар ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон соли 2006 дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё бо медали биринҷӣ мукофотонида шудааст. Ӯ соли 2007 дар сабқати ниҳоии ҷаҳонии футбол миёни наврасон дар Куриёи Ҷанубӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба дарвозаи тимҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (дар сабқати гурӯҳӣ) ва Перу (даври ҳаштякниҳоӣ) ду гол задааст.

Бо устоди дараҷаи байналмилалӣ Нуриддин Давронов, узви дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ва тими “Истиқлол”, хабарнигори радиои Озодӣ Нарзуллоҳи Латиф пас аз бозии мавқуфмондаи даври 10-уми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Гвардия” дар варзишгоҳи “Авиатор”-и шаҳри Душанбе ҳамсӯҳбат шуд. Ва ҳоло ин мусоҳиба ба таваҷҷӯҳи шумо пешкаш мешавад.  


Нуриддин ДАВРОНОВ ҳангоми бозӣ
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
    Баъдӣ 
Ном: Афросиёб аз: Туронзамин
13.09.2011 17:20
Ба чунин рохбарияте,ки имруз футболи точикро дар ухда доранд ва ба чунин футболбозони ба монанди шумо Нуриддин Давронов ба ояндаи футболи точик касро боварам намеояд.

Ном: Abu Ali аз: USA
13.09.2011 18:10
Salom ba Hama va ba kormandoni radioi ozodi va bad
Bovar kuned man kati hamin barodar yakjo zindgai karda yakjo kalon shudem padari hamin shaxs maro ba futbol mashkr kardan maslihat doda bud lekin har kas taxasusi khudash .. lekin man bovar doshtam in barodari man bozingari nomi khohad shud ..

Ном: Умед аз: Душанбе
13.09.2011 19:00
Ташаккур барои сухбати чолиб. Ман мухлиси Нуриддин Давронов мебошам. Ба у муваффакият мехохам.

Ном: Мухлиси Шумо
13.09.2011 19:02
Нуриддин Давронов бехтарин бозингар аст. Дар 20 сол ба муваффакиятхои бузург ноил шудааст. Офарин!

Ном: Нури Нор аз: Точикистон
13.09.2011 20:53
Нуриддин ахсант, ки ба точики хеле хуб сухбат мекуни. Аз ту мо умеди каон дорем, номбардори Точикистон.

Ном: Бобишо аз: Душанбе
13.09.2011 20:57
Оилаи Давроновхо барои мардуми точик хизмати арзанда мекунанд. Ташаккур ба модари Нуриддин хунарманди маъруф Ширинмох Нихолова ва ба падари у Ахмадбек Давронов, ки барои футболбози мохир шудани фарзанди худ хеле захмат кашидаанд.

Ном: TOJIK
14.09.2011 00:48
Nuriddin rav kasbi volidainro idoma deh;

Ном: Jovidon аз: Kulob
14.09.2011 10:09
Хамчун мухлиси дастаи Равшани Кулоб, ин бозингарро бисёр хам нагз мебинам. махорати хуб дорад. техникааш хам хуб хаст. Иншоллох бовари дорам ки дар оянда бехтарин бозингар мешавад. Локин гайр аз бозихои Равшани Кулоб :-))))

Ном: Беном
14.09.2011 10:44
Устоди дарачаи байналмилали? Чи кор кардааст, ки устоди дарачаи байналмилали шудааст? Илтимос унвонро паст назанед. Аз руи малакааш ин Нурридин хатто ба сатхи лигаи якуми Россия намеарзад.

Ном: Афлотун аз: Юнон
14.09.2011 12:20
Офарин Нуриддин ба Шумо саломати ва бурдборихои калон дар касби пешгирифтаатон ва мувафакиятхо мехохем саломат бошед. Ояндаи футболи Точик шумо чавонон мебошед. Барори кор ба Шумо ИСТИКЛОЛ БА ПЕШ!!!!!
Дар посух

Ном: Футбол аз: Дворовой
16.09.2011 19:19
Точикхо як тим доштанд - ПОМИР (Душанбе). Ин тимхои хозираро кучаги ном барем хам мешавад. Аз акиби туб якбора 20 кас медавад, на тактикаву на дигару дигар.. Дар 20-30 сол ягон пешравие намешавад. То Ватан обод нашавад. Дар кишвари кашшок ягон соха пеш намеравад. О, бозингар бояд маоши хуб гирад. Дар мо бошад футбол мояи даромад нест. Бечора бозингархо мачбуранд мехнати иловаги карда рузгорашонро таъмин намоянд. Ба умед нашавед.
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
    Баъдӣ 

Назари Шумо чист?

Бойгонии назарсанҷӣ

Писандидаҳо

Тамос бо Радиои Озодӣ

Агар хабаре доред ё мехоҳед, масъалаеро дар миён гузоред, бо имейли Tajik@rferl.org ё телефони интернетии ozodi.skype бо мо дар тамос шавед. Ҳамчунин телефонҳои мо дар хидмати Шумо:

Дар Душанбе:          988 65 94 63               988 65 94 64            985 63 83 56
Дар Прага:               420 725 03 79 43   
Skype Me™! Add me to Skype

Мавзӯъҳои рӯз