Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти маҳбусони фирорӣ дар Тавилдара


Дар пайи амалиёти нерӯҳои интизомӣ, як тан аз маҳбусони фирорӣ кушта ва як тани дигар дастгир шудааст.

Бино ба гуфтаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар пайи амалиёти нерӯҳои интизомӣ дар як минтақаи мушкилгузари кӯҳӣ воқеъ дар ҳудуди деҳаи Чилдараи ноҳияи Тавилдара, Ҷонибек Зиёев ва Баҳриддин Ҳасанов дастгир шудаанд.

Вале ин манбаъ меафзояд, Ҳасанов дар рафти муқовимати мусаллаҳона ҷароҳати сангин бардошта дар натиҷа фавтидааст.

Масъулони ВКД мегӯянд, аз ҷои ҳодиса миқдори аслиҳа, аз ҷумла ду адад мусалсали Калашников, як адад таппонча ва дигар лавозимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира шудааст.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:26 0:00
Линки мустақим


Ҷонибек Зиёев, яке аз 25 маҳбуси фирорӣ аз боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон
Ҳамзамон дар ин амалиёт як корманди пулиси Тавилдара кушта ва ду нафар аз кормандони дигари воҳиди таъйиноти махсуси Раёсати корҳои дохилии ноҳия ва минтақаи Рашт захмӣ гаштанд.

Ҷустуҷӯ ва боздошти охирин маҳбусони фирорӣ дар ноҳияи Тавилдара дар ҳолест, ки дар ҳафтаи гузашта дар бораи ҷустуҷӯи се фарди мусаллаҳ дар яке аз маҳаллаҳои ноҳияи Данғара сарусадоҳо паҳн шуда, ҷузвутомҳое ба ин мавзеъ ирсол гаштанд.

Мақомоти пулиси минтақаи Кӯлоб гуфта буданд, ки эҳтимол ин се нафари мусаллаҳ се маҳбуси фирорӣ бошанд. Аммо ҷузъиёти бештар дар ин бора мунташир нашудааст.

Баҳриддин Ҳасанов
Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, аз 25 маҳбуси фирорӣ, ки дар моҳи августи соли гузашта аз боздоштгоҳи муваққати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар маркази шаҳри Душанбе фирор кардаанд, то ҳоло 1 нафарашон дар озодӣ боқӣ мондаанд ва ҷустуҷӯи охирин маҳбуси фирорӣ идома дорад.

Бино ба иттилои масъулони ин вазорат, то кунун 16 тан аз маҳбусони фирорӣ дар манотиқи мухталифи кишвар ва ҳамчунин дар кишварҳои ҳамсояи Афғонистону Қирғизистон боздошт ва ҳашт тани онҳо дар ҷараёни амалиёти ҷустуҷӯӣ кушта шудаанд.

Моҳи майи соли ҷорӣ мурофиаи додгоҳӣ дар робита ба парвандаи маҳбусони фирорие, ки боздошт шудаанд, ба анҷом расида, ҳафт тани онҳо ба мӯҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум гардиданд.

Додгоҳ се тан аз ин маҳбусони фирорӣ, аз ҷумла Абдурасул Мирзоев, бародари генерал Ғаффор Мирзоевро ба муддати 30 сол равонаи зиндон кард.
XS
SM
MD
LG