Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодии “нотамом”-и Урунбой Усмонов


Tajikistan -- Urunboy Usmonov, BBC correspondent detained in Tajikistan, undated
Tajikistan -- Urunboy Usmonov, BBC correspondent detained in Tajikistan, undated

Пас аз як моҳи бозпурсию таҳқиқ ва эъломияву баёнияҳо хабарнигори Би-би-сӣ аз ҳавои озодӣ нафас кашид.

Раҳоии ӯро на танҳо аҳли хонаводааш, балки ҷомеаи журналистӣ, ҳамкасбон дар Тоҷикистон ва берун аз он, сафоратҳои хориҷӣ, созмонҳои ҷаҳонӣ низ интизор буданд. Ин боздошт барои мақомоти давлатии Тоҷикистон низ “дарди сар”-и бузурге эҷод карда буд. Амале сурат гирифта буд, ки ба обрӯи байнулмилалии
Худро хушбахт ҳис мекунам ва ба адолати додгоҳӣ дар Тоҷикистон ва адолати раҳбарони Тоҷикистон бовар дорам...

Тоҷикистон халал ворид кард ва ҳам аз сӯи дигар далелҳои қатъии “ҷурм”-и журналист низ дар миён набуд, зеро агар мебуд, раванд шояд тағйир намекард.

Дар нахустин лаҳзаҳои озодияш Урунбой Усмонов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз ҳамаи онҳое, ки барои раҳоии ӯ талош карданд, сипосгузорӣ кард ва гуфт, “худро хушбахт ҳис мекунам ва ба адолати додгоҳӣ дар Тоҷикистон ва адолати раҳбарони Тоҷикистон бовар дорам."

ДАСТУРИ РАИСИҶУМҲУР

Сардори Раёсати Додситонии кулли Тоҷикистон дар умури назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти амниятии кишвар Муҳаммадҷон Хайруллоев ба Радиои Озодӣ гуфт, таҳқиқи парвандаи Усмонов идома дорад, аммо додситонӣ чораи пешгирӣ аз ҳаракати ӯро тағйир дод ва қарори озодии журналистро аз ҳабсхонаи мувақаттӣ имзо кард.

Ҷаноби Хайруллоев гуфт: «Президент дастур доданд, ки аз ҳабс озод кунед, ман қарорашро бароварда, ба додситонии вилоят фиристодам. Аз ҳабс озод мешавад. Лекин дар бораи парвандааш ҳоло қарор қабул карда нашудааст.»

Тақрибан пас аз як соати имзо шудани ин дастур Урунбой Усмонов аз боздоштгоҳи мувақатӣ ва ба бинои додситонии вилояти Суғд оварда шуд ва аз ҳамин ҷо фарзандонаш ӯро истиқбол гирифтанд.

НОМАИ САФИРИ ТОҶИКИСТОН

Дар ҳоле ки дастикам ду дафъа Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) аз мақомоти Тоҷикистон дар мавриди Усмонов посух хост ва як дафъа масъала дар нишасти САҲА баррасӣ шуд, соатҳое пас аз озодии Усмонов намояндаи домиии Тоҷикистон дар САҲА, дар Вена, Нуриддин Шамсов, мавзеъгирии расмии кишварро шарҳ дод.

Вай дар номае ба унвони Дуня Миятович, намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот раҳоии хабарнигори бахши узбакии Би-би-сӣ дар вилояти Суғд Урунбой Усмоновро аломати дигари ирода ва пойбандии давлати Тоҷикистон ба ӯҳдадориҳояш дар чаҳорчӯби САҲА дар роҳи ҳимоят аз ҳуқуқи инсон ва тазмини озодии матбуот номид.

Ҷаноби Шамсов бо ишора ба озодии Усмонов аз маҳбас менависад: "Мақомоти интизомии кишвар дар бораи қазия гузориши мукаммал омода ва ба раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон
Нуриддин Шамсов, намояндаи доимии Тоҷикистон дар САҲА

пешниҳод мекунанд. Дар ин робита, такрор мекунам, ки кормандони расонаҳо ва журналистон, ки вазифаҳои худро ба шеваи масъулона ва ҳирфаӣ ва дар чаҳорчӯби қонунҳои миллӣ анҷом медиҳанд, дар фаъолияти рӯзмарраи худ бо ҳеҷ гуна мушкил рӯбарӯ намешаванд." Сафир Шамсов афзудааст, расондани иттилоъ ба САҲА баёнгари садоқати Тоҷикистон ба иҷрои ӯҳдадориҳояш дар чаҳорчӯби САҲА аст.

Ин дар ҳолест, Миятович бо номае ба вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Ҳамроҳхон Зарифӣ муроҷиат намуда буд ва мегуфт, то ҳанӯз посухе дарёфт накардааст. Фиристодагони Би-би-сӣ дар дидор бо намояндагони Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар Душанбе низ посухи барояшон қонеъкунанда нагирифта буданд ва мегӯянд, эҳсос мешуд, онҳо аз амалкарди мақомоти амниятӣ чандон роҳат нестанд.

ИТТИҲОМОТ

Мақомоти амниятии вилояти Суғд ҳангоми боздошт, хабарнигорро ба узвият дар созмони мамнӯъи Ҳизби таҳрир муттаҳам мекарданд. Аммо дертар ин иттиҳом лағв гашта, Урунбой Усмонов ба он айбдор мешуд, ки дар бораи мулоқоташ бо намояндаи гурӯҳи мамнӯъ ба маъмурони амниятӣ иттилоъ надодааст. Ба ақидаи вакили ҳуқуқии хабарнигор, Файзиниссо Воҳидова, Усмонов ҳақ дорад, бино бар Қонуни матбуот ва васоити ахбори умум манобеи иттилоотиро худро пинҳон дорад.

Дар як моҳи ҳабси Усмонов созмонҳои байнулмилалии журналистӣ, ҳомиёни ҳуқуқи инсон, сафоратҳои хориҷӣ дар чандин изҳорот хостори озодии ӯ шуданд. Раҳбарияти Би-би-сӣ батакрор гуфтааст, ба иттиҳомоти алайҳи Усмонов бовар надорад ва даъват кардааст, ки хабарнигор бо назардошти вазъи сиҳатияш аз маҳбас раҳо шавад

Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази пажӯҳишҳои стратегии вобаста ба раёсатҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази пужӯҳишҳои стратегии вобаста ба раёсатҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти амниятӣ ва вазорати умури хориҷии кишварро дар робита ба боздошти Урунбой Усмонов муртакиби камандешӣ ва хомӯшӣ донист. Вай гуфт, ки мебоист қабл аз боздошти хабарнигори Би-би-сӣ маъмурони амниятӣ бояд фикр мекарданд, ки амалкарди онҳо барои Тоҷикистон чӣ пайомадҳои нохубе хоҳад дошт.

“Ҳар як амале, ки корманди амният мекунад бояд оқибаташро андешад, ки ба чӣ оварда мерасонад. Сатҳи хатари ин амали рӯзноманигор ба амнияти кишварро мешавад ба оқибати боздошти хабарнигори Би-би-сӣ, ки Тоҷикистон дучори нигарониҳои шадиди кишварҳои демократии ҷаҳон шуд, қиёс кард?” – чунин суоле дар миён гузошт ҷаноби Шарифов.

БАРХӮРД БО КИШВАРҲОИ АВРУПО

Раиси Маркази пужӯҳишҳои стратегии вобаста ба раёсатҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои густариши ҳамкориҳои Душанбе бо Иттиҳоди Аврупо сар задани қазияи Усмоновро тасодуф надонист ва ишора кард, ки "баъзеҳо омилҳо мехоҳанд, бо истифода аз чунин амалҳо баъзе сохторҳои Тоҷикистонро ба «бозӣ» дароранд.”

Ҷаноби Шарифов афзуд, “раисиҷумҳури Тоҷикистон ба кишварҳои Аврупо сафар дошт ва сухан дар бораи ҳамкориҳои бештари Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупо мерафт, вале баъд мебинем, ки ин ҳодиса пеш омаду
Тазоҳуроти озодии Усмонов дар Лондон

тамоми кишварҳои Аврупо нигаронии худро нисбати боздошти хабарнигори Би-би-сӣ дар Тоҷикистон изҳор доштанд. Намешавад, ки тамоми талошҳои президентро барои як амал барбод дод. Модоме ки кормандони амният чунин рафтор мекунанд, чӣ магар аттестатсияи кормандони амният гузаронида шавад?”

Масъала дар ҳоле доғтар шуд, ки як рӯз пеш аз он рӯзи чаҳоршанбе Додситонии кулли Тоҷикистон аз анҷоми таҳқиқи парвандаи ҷиноятии Урунбой Усмонов, хабарнигори Бӣ-бӣ-сӣ иттилоъ дод. Шерхон Салимзода дар ин нишасти хабарӣ гуфт, натиҷаҳои таҳқиқро ба раисиҷумҳур гузориш хоҳад кард. Вай ишора кард, ки парванда зери назорати президенти Тоҷикистон аст.

Дар ин байн ба изофаи баёнияҳои бешумори байнулмилалӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо, САҲА, созмони Афви байнулмилал, Гузоришгарони бидуни марз, Кумитаи дифоъ аз журналистон ва ғайра раҳбарони Би-би-сӣ борҳо ба раисиҷумҳури Тоҷикистон муроҷиат карданд ва рӯзи сешанбе Андӣ Илвес, як намояндаи аршади ин расона ба Душанбе сафар кард, то қазияи Усмоновро бо раҳбарони Тоҷикистон баррасӣ кунад.

ПАСМАНЗАР

Урунбой Усмонов рӯзи 13-уми июн аз коргоҳ ба хона барнагашт. Дертар, пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд ва маъюскунандаи пайвандонашу ҳамкоронаш, маълум шуд, вай дар боздошти маъмурони амниятии Тоҷикистон қарор дошта, ба гуфти наздиконаш, шадидан лату кӯб шудааст.

Оқои Усмонов пас аз даҳ рӯзи боздошт дар идораи амният, ба боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд интиқол дода шудааст. Файзинисо Воҳидова, вакили дифоъи хабарнигори боздоштшудати Би-би-сӣ, Урунбой Усмонов низ бар ин бовар аст, ки бо интиқоли зерҳимояаш ба СИЗО -и Хуҷанд имкони мулоқоти рӯ ба рӯ фароҳам хоҳад шуд.

Аз ҷониби дигар ба таъкиди хонум Абдураҳимова, ҳамсари Урунбой Усмонов: «вазъи саломатии шавҳарам, хуб нест, рангаш зард шудагӣ, хеле маъюс аст. Албатта акнун, ки ба СИЗО гузаронидаанд, умедворем, вазъаш беҳтар шавад, табибон кӯмак кунанд, мо ҳам аз ҳолаш хабардор шавем».

Ба таъкиди хонум Абдураҳимова, шавҳараш
Аҳли хонадони Усмонов

худро гунаҳкор намедонад ва дар пайи тӯҳмат ба чунин рӯзе гирифтор шудааст. Бо таваҷҷӯҳ ба вазъи нигаронкунандаи шавҳараш, Малоҳат Абдураҳимова бори дигар аз раиси ҷумҳур хостааст, то дар озодии шавҳараш Урунбой Усмонов, кӯмаку мусоидати худро дареғ надорад. Ин дар ҳолест, ки пайвандони Урунбой Усмонов дар номаи саркушода аз Эмомалӣ Раҳмон хоста буданд, ки барои озодии вай мусоидат кунанд.

Урунбой Усмоновро ба гумони узвият дар созмони мамнӯъи Ҳизби таҳрир боздошт карданд. Аммо худи Урунбой Усмонов мегӯяд, боздошти вай ба фаъолияти журналистиаш вай рабт дорад.

Ҳамчунин вакили мудофеъ, идораи марказии Би-би-сӣ, созмонҳои байналмилали дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон ва бархе аз сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ низ ба ин нукта таъкид мекарданд.
XS
SM
MD
LG