Бо тасмими ФИФА, Федератсиюни байнулмилалии футбол, бозии сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон бо назардошти вазъи амниятӣ дар Сурия баргузор нахоҳад шуд. Биноан бозии Тоҷикистон ва Сурия 23-юми июл дар минтақаи бетараф – яке аз шаҳрҳои Урдун барпо мегардад.
Пӯлод Қодиров, сармураббии тими миллии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт: "Дастаи Тоҷикистон рӯзи 13-уми июл тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе-Алматӣ-Абу-Даби-Доҳа ба Қатар парвоз мекунад. Ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар пойтахти Қатар – шаҳри Доҳа тӯли як ҳафта идома хоҳад кард. Дар ҷараёни омодагӣ мо бо яке аз бошгоҳҳои футболи лигаи олии Қатар бозии санҷишӣ анҷом хоҳем дод. Баъди анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ мо 21-уми июл ба Урдун сафар мекунем. Рақиби мо - Сурия дастаи пурқуввати футболи Осиё ва яке аз муддаиёни роҳхатҳо ба сабқати ниҳоии Ҷоми ҷаҳонӣ мебошад. Ин бозӣ дар сафар барои мо ҳарчанд вазнин аст, вале кӯшиш мекунем, ки бозии хуб нишон диҳем."
Ба гуфтаи Пӯлод Қодиров ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 18 футболбоз аз тимҳои «Истиклол»-и Душанбе (11 нафар), «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода (3), ССКА «Помир»-и Душанбе (3) ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд (1) шомил шудааст.
Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон:
Дарвозабонҳо – Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Алишер Додов(«Регар-ТадАЗ»);
Ҳимоятгарон – Эраҷ Раҷабов, Соҳиб Сувонқулов, Акмал Сабуров (ҳарсе – «Истиқлол»), Фаррух Чориев («Регар-ТадАЗ»), Фурӯғ Қодиров (ССКА «Помир»);
Нимҳимоятгарон – Иброҳим Рабимов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Дилшод Восиев, Нуриддин Давронов, Маҳмадалӣ Содиқов (ҳама - «Истиқлол»), Асадулло Нуруллоев («Хуҷанд»), Ҷамшед Исмоилов («Регар-ТадАЗ»);
Ҳамлагарон – Юсуф Рабиев, Фарҳод Тоҳиров (ҳарду – «Истиқлол»), Комил Саидов, Давронҷон Тухтасунов (ҳарду – ССКА «Помир»).
Ёдовар мешавем, ки аз ин пеш дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Сурия ҳафт сол муқаддам дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2006 ду бозӣ анҷом дода буданд. Дар нахустин рақобати ин дастаҳо моҳи июни соли 2004-ум дар шаҳри Хамсаи Сурия дастаҳо ду рӯз пасиҳам ба майдон баромаданд.
Рӯзии аввал, дар мавриде ки ҳисоб 3:1 ба нафъи мизбонон буд, барқ қатъ шуд ва бозӣ рӯзи дуввум азнав барпо гашт ва бо пирӯзии суриягиҳо бо ҳисоби 2:1 поён ёфт. Бозии ҷавобӣ низ баъди се моҳ дар шаҳри Душанбе бо ғалабаи дастаи мунтахаби Сурия бо ҳисоби 1:0 ба анҷом расида буд.
Ва, инак, пас аз ҳафт сол бозии ҷавобии дастаҳои Тоҷикистону Сурия 28-уми июл дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода баргузор хоҳад шуд.
Ба ғайр аз бозии Сурия – Тоҷикистон 23-юми июл 14 бозии дигар миёни дастаҳои зерин баргузор мешавад:
Тайланд – Фаластин, Лубнон – Бангладеш, Чин – Лаос, Туркманистон – Индонезия, Кувайт – Филиппин, Умон – Мянмар, Арабистони Саудӣ – Ҳонконг, Эрон- Ҷазоири Молдив, Қатар – Вйетнам, Ироқ – Яман, Сингапур – Малайзия, Узбакистон – Қирғизистон, АМА – Ҳиндустон, Урдун – Непал.
Баъдан 15 дастаи ғолиби даври дуввум ба панҷ дастае, ки рейтингибаландтарин дорад (Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ, Австралия, Куриёи Шимолӣ ва Баҳрайн) ҳамроҳ мешавад.
Ба ин тартиб 20 даста бар асоси қуръакашӣ ба чаҳор гурӯҳ тақсим мешавад. Дар даври саввум бозиҳои гурӯҳӣ аз 2-юми сентябри соли 2011-ум то 29-уми феврали соли 2012-ум баргузор хоҳанд шуд.