Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду гумонбари ҳамла ба додгоҳи Бадахшон


Ду нафар бо иттиҳоми ҳамла ба додгоҳ ва додситонии Бадахшон боздошт шудаанд.

Сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, Эраҷ Саъдоншоеви 41-сола ва Ҷамшед Шералиеви 26 - сола, ҳарду сокини шаҳри Хоруғ бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҳамла, аз сӯи кормандони милиса боздошт шудаанд. Маҳмадулло Асадуллоев афзуд, ҷустуҷӯи бақияи ҳамлаварон идома дорад.

Боздошти ин ду нафар дар ҳоле сурат мегирад, ки рӯзи 10-уми июн як гурӯҳ аз ҷавонон бо ҳамла ба додгоҳ ва додситонии Бадахшон, кормандони додгоҳи вилоятро лату кӯб кардаанд. Мақомоти интизомии вилоят дар пасманзари ин ҳодиса эълон карда буданд, ки ҳувияти 20 нафар аз ҳамлаваронро маълум намуда, барои боздошти онҳо гурӯҳи фаврӣ таъсис додаанд.

Бино ба иттилои ин мақомот, 10-уми июн соатҳои 16:30 дақиқа гурӯҳи номаълум ба бинои Додгоҳи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамла овард. Онҳо вориди утоқҳои корӣ шуда, чизу чора ва таҷҳизоти дохили коргоҳҳо, аз ҷумла мизу курсӣ ва комютерҳоро шикастанд ва зарари умумӣ аз ин хушунат, ба гуфтаи мақомот, 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамлаварон ҳамчунин Холиқ Халилов, муовини раиси додгоҳи Бадахшон, Акбар Сафаров, додгустар ва як шаҳрвандро, ки дар дохили бино қарор доштааст, латукӯб намудаанд, ки дар натиҷа ҳарсеи онҳо ба беморхона афтоданд. Гурӯҳи ҳамлагарон ҳамчунин шишаҳои пеши додситонии шаҳрро шикаста, ба бино зараре расондаанд, ки 3 ҳазор сомонӣ баровард шудааст.

Ҳамла ба биноҳои додгоҳ ва додситонӣ бо анҷоми мурофиаи додгоҳии Қаюм Раҳмихудоев сурат гирифт. Номбурда дар куштор муттаҳам шудааст. Додгоҳ ӯро барои 9 сол аз озодӣ маҳрум кард ва аммо ҷонибдорони маҳкумшуда, ҳукмро ноодилона хондаанд, зеро ба фикри онҳо, маҳкумшуда шахси дигарро, ки ба манзилаш даромадааст, дар ҳолати дифоъ аз худ куштааст ва додгоҳ ин ҳолатро ба назар нагирифтааст.

Тибқи овозаҳо, нафаре аз кормандони додгоҳӣ ба ивази маблағи муайян, ҷазои сабуктарро барои айдоршаванда ваъда дода будааст. Аммо иҷро нагардидани ваъда ва эълони ҳукм, сабаби сар задани ҳодиса шудааст. Манбаъҳое, ки хабарнигори Озодӣ бо онҳо дар тамос шуд, мавҷудияти чунин овозаҳоро дар шаҳр таъйид карданд. Аммо бархе аз афрод ба ин ба ин овозаҳо бовар надоранд ва онҳоро ғаразнок мешуморанд.
XS
SM
MD
LG