Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лату кӯби фарзандони ду рӯзноманигор дар Кӯлоб


Шаби гузашта фарзандони ду журналисти маҳаллӣ аз ҷониби маъмурони БДА-и шаҳри Кӯлоб боздошт ва лату кӯб шудаанд.

Сиёвуши Аҳмад, писари рӯзноманигор Аҳмади Иброҳим ва Бобоҷон Достиев, писари Аслиддин Достиев соати 11-и шаби гузашта ҳангоми шодмонӣ аз пирӯзии навбатии дастаи «Равшан» аз миёни садҳо мухлис боздошт шудаанд. Сиёвуш ва Бобоҷон мегӯянд, чаҳор-панҷ соат онҳо дар боздоштгоҳ буданд ва бераҳмона аз ҷониби кормандони БДА лату кӯб шуда, ҷароҳат бардоштаанд.

Аслиддин Достиев, рӯзноманигори маҳаллӣ мегӯяд, аз миёни садҳо мухлиси боздоштшуда, танҳо фарзандони онҳоро шиносоӣ ва лату кӯб кардани кормандони БДА барқасдона будааст.

Достиев меафзояд: «Мо чанд маротиба дар мавриди фаъолияти кормандони милиса ва БДА матлаби интиқодӣ нашр карда будем ва онҳо борҳо моро барои матлабҳо ҳушдор дода буданд. Замоне, ки ин ду нафарро боздошт мекунанд ва писарони мо буданашонро мефаҳманд, бе ягон асос бурда, маҳкам ва лату кӯб мекунанд. Дар ҳоле, ки он рӯзҳо мо дар шаҳри Кӯлоб набудем.»

Ташхиси судӣ нишон додааст, ки ин ду ҷавон аз сару рӯй ва бадан ҷароҳат бардоштаанд ва феълан аз болои ин рафтори кормандони бозрасӣ ба додситонӣ шикоят бурдаанд.

Дар ҳамин ҳол, Саймуъмин Ҳасанов, сардори Бозрасии давлатии автмобиии шаҳри Кӯлоб мегӯяд, воқеан, кормандони онҳо ҳамон шаб барои назорат кардани тартиботи ҷамъиятӣ ба кӯчаҳо баромада буданд. Аммо ӯ мегӯяд, то ҳоло маълум накардааст, ки ин ҳодиса чи гуна иттифоқ афтодааст. Ҳасанов гуфт, ҳоло ин масъаларо меомӯзад ва тафсилоташро баъдтар рӯшан мекунад.

Шаби гузашта ҳазорон мухлиси дастаи футболи «Равшан» пас аз пирӯзии ин даста бар тими «Энергетик»-и Душанбе ба хиёбонҳои шаҳр рехта, хурсандӣ мекарданд. Лату кӯби ин ду ҷавон дар ҳолест, ки мақомоти интизомӣ мегӯянд, ҳеҷ ҷиноят ё харобкорие аз ҷониби мухлисон ба қайд гирифта нашудааст.
XS
SM
MD
LG