Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи ҳайкали доҳиёни коммунизм дар бинои парлумон


Дар дохили бинои парлумони Тоҷикистон махфигоҳи нимпайкараҳои пешвоёни ҳизби коммунистӣ ошкор шудааст.

Дар паси деворе, ки бинокорон ба хотири тармими бино барканданд, нимпайкараҳое пайдо шуд, ки ба таври рамзӣ таърихи гузаштаи кишварро бозгӯ мекунанд. Барои намуна, пайкараи Сталин замоне дар девор зери андова монд, ки раҳбари нави шӯравӣ, Никита Хрушёв дар анҷумани 20-уми ҲКИШ ӯро дар кеши шахсият маҳкум кард.

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунист ва вакили парлумони Тоҷикистон гуфтааст, ки ин муҷассамаҳо зимни таъмири зинапояе дар дохили бинои Маҷлиси намояндагон ба даст омадааст. Ӯ гуфтааст, "вақте коргарон андоваи деворро гирифтанд, даромадгоҳи ҳуҷрае боз шуд, ки дар дохили он муҷассамаҳои Маркс, Ленин, Энгелс ва Сталин ҷойгир шуда буданд.»



Ба ақидаи Шодӣ Шабдолов нимпайкараи Сталин ба ин ҷо дар замони ҳукмронии Никита Хрушов оварда шудааст, ки ӯ дастури кандани ҳайкалҳои Сталинро дода буд.

Аммо нимпайкараҳои дигар ба гуфтаи раиси ҲКТ дар ин махфигоҳ дар соли 1992 пинҳон карда шудаанд, замоне, ки дар Тоҷикистон муқовимати шаҳрвандӣ оғоз шуда ва андешаи зидди коммунистӣ боло гирифа буд.

Шодӣ Шабдолов тасвирҳои Маркс, Ленин ва Энгелсро бо мувофиқаи раиси парлумон ба утоқи кории худ дар дафтари ҲК бурдааст. Аммо нимпайкараи мармарии беш аз 400- килограмии Сталин барои интиқол каме мушкил эҷод кардааст. Аммо Шабдолов гуфтааст, ҷое барои ин нимпайкараи низ пайдо хоҳад кард.

Дар се ҳафтаи пеш баландтарин пайкараи Ленин дар Осиё Марказӣ, дар Хуҷанд барчида шуда буд.

"Суқут"-и Ленин дар паси пардаи торикӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:13 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG