Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи вазирони дифои Тоҷикистону Қирғизистон


Имрӯз вазирони дифои Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Қайроқуми вилояти Суғд мулоқот карданд.

Хабарнигори “Озодӣ” дар Хуҷанд мегӯяд, сӯҳбати Шералӣ Хайруллоев ва Абибула Кудайбердиев пушти дарҳои баста сурат мегирад.

Бо ин ҳол, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон гуфтааст, ки дар ин дидор баррасии масоили низомӣ, таъмини амният дар минтақа ва густариши ҳамкориҳо миёни ин ду кишвари ҳамсоя матраҳ аст.

Ҳафтаи гузашта сарони ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистон ва Қирғизистон низ дар мулоқоте дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд масоили марбут ба вазъи марзи муштараки ду кишвар, чораҳои таҳкими он ва дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ карданд.

Зимнан, дар ин мулоқот вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев низ ширкат доштааст.

Ин дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Қирғизистон Роза Отунбоева аз убури гурӯҳҳои террористӣ аз қаламрави Тоҷикистон ба мавзеъҳои ҷанубии Қирғистон дар баҳори оянда изҳори нигаронӣ кардааст.

Вай ҳангоми боздид аз навоҳии ҷанубии Қирғизистон ба таҳкими марзи кишвараш бо Тоҷикистон даъват карда, гуфтааст, барои ин бояд нерӯҳои марзбонии савора таъсис дода шавад.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон эҳтимоли убури гурӯҳҳои террористиро аз қаламрави Тоҷикистон ба Қирғизистон рад карданд.

Онҳо мегӯянд, агар ниҳодҳои амниятии Қирғизистон дар ин росто нооромиҳо дар минтақаи Рашт ва Исфараи Тоҷикистонро дар назар дошта бошанд, "ин як дидгоҳи иштибоҳист, чун баъд аз рӯйдодҳои маълум авзоъ дар ин манотиқ комилан таҳти назорат аст."

Ин бори аввал нест, ки мақомоти кишвари ҳамсоя аз эҳтимоли вуруди гурӯҳҳои мусаллаҳ аз Тоҷикистон ба Қирғизистон ҳушдор медиҳанд.
XS
SM
MD
LG