Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанозаи Сӯҳроби Сафарзод ба хок супурда шуд


Сӯҳроби Сафарзод, овозхони тоҷик, ки рӯзи ҷумъаи 10 -уми декабр дар синни 30 солагӣ аз олам дар гузашт, субҳи имрӯз дар оромгоҳи маҳаллаи мавсум ба Калинини шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд. Иллати даргузашти ӯ сактаи қалбӣ унвон шуд. Сӯҳроби Сафарзод бо таронаҳои эстрадияш дар миёни ҷавонон маъруф буд.

Ин овозхон бо иҷрои сурудҳои сабки муинӣ дар миёни мухлисону ҳаводоронаш маъруфу маҳбуб гашта буд. Зеро вай аз муваффақтарин хонандаҳои таронаҳои сабки Муин, овозхони эронӣ, дар Тоҷикистон маҳсуб меёфт.

Ин буд, ки зимни сафари Муин ба Тоҷикистон дар тобистони соли гузашта, дар консерти вай дар толори Кохи Борбади шаҳри Душанбе бо ҳам суруд хонданд.

Ба хусус сурудаҳои ӯ, «Шабҳо», «Дори нигоҳ», «Ёди ту», «Панҷара», «Ту азизи диламӣ», ки бо маҳорати хоси суруда шудаанд, дар миёни шунавандагону мухлисонаш аз маҳбубияти вижае бархӯрдоранд. Ҳатто бисёре аз ҳаводоронаш гоҳ-гоҳе ин сурудҳоро бо шеваи муинӣ зам-зама мекунанд. «Аз панҷара дорӣ нигоҳ» машҳуртарин сурудаи Сӯҳроби Сафарзод буд:



Сӯҳроби Сафарзод, дар умри кӯтоҳи худ ду албоми суруду тарона, ки яке аз онҳо нотамом аст, барои мухлисонаш тақдим кард.

Сӯҳроби Сафарзод, дар охирин мусоҳибаи худ бо бахши "Ояндасоз"-и Радиои Озодӣ гуфта буд, ки қасд дорад баъди моҳи Рамазон албоми нави худро сабт ва манзури мухлисонаш кунад. Аммо умр ба ӯ вафо накард, то ин ваъдаашро иҷро кунад.



Баҳроми Ғафурӣ, овозхони тоҷик ва аз дӯстони Сӯҳроб Сафарзод мегӯяд, марги Сӯҳроб талафоти бузург барои ҳунари овозхонии тоҷик аст. Оқои Ғафурӣ овози Сӯҳробро бемисл унвон кард ва гуфт, ӯ дар сурудани сабки Муин ва сурудҳои ҳиндӣ низ нотакрор буд.



Фарҳод Зикиров, танзимгари оҳангҳои Сӯҳроб мегӯяд, мо ҳамроҳ бисёр сафар мекардем ва Сӯҳроб хеле шӯхтабиат буд. Ва вақте субҳи имрӯз яке аз дӯстон телефон кард ва гуфт, ки Сӯҳроб даргузаштааст, фикр кардам, ки дӯстам шӯхӣ мекунанд. Ӯ хеле инсони хуб ва хушзавқ буд.



Ҷасади Сӯҳроби Сафарзод дар зодгоҳаш - шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.
XS
SM
MD
LG