Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бозгашти Ленин ба Кӯлоб"


Ҳизби комунисти Тоҷикистон дар Кӯлоб аз насби дубораи ҳайкали Владимир Ленин дар боғи фарҳангу истироҳатии шаҳри Кӯлоб истиқбол намуд. Шариф Сафаров, пешвои коммунистони Кӯлоб гуфт, онҳо аз ҳайкали Ленин, ки моликияти ин ҳизб аст, дифоъ кардаанд.

Ҳанӯз ду моҳ қабл аз боғи фарҳангу фароғатии шаҳри Кӯлоб пайкараи Ленин, асосгузори давлати Шӯравии собиқ, ки таи 60 соли ахир он ҷо истода буд, барканда шуд.

Бо баркандани ин пайкара коммунистон аз ҳукумати маҳаллӣ барои ду бора барқарории он пофишорӣ намуданд. Масъулини боғи фарҳанг ахиран розӣ шуданд, то бо тармими дубора он ҳайкалро дар ҷои аввала барқарор кунанд.

Сокинони оддӣ барқарори ин ҳайкалро гуногун қабул намуданд. Саидҷафар Муҳамдаалиев, сокини шаҳри Кӯлоб мегӯяд, онҳо интизор доштанд, ки дар ҷои Ленин ҳайкали дигаре мегузоранд, вале дидани дубораи он барояшон ҳайратовар будааст.

Ӯ мегӯяд: «Ленин барои мо бегона ҳаст. Мо фикр кардем, ки дар ҷои он ягон ҳайкали қаҳрамони Тоҷикистонро мегузоранд. Дар давраи Ленин бобову бобокалонҳои мо гуреза шуда бу Афғонистон рафтанд. Давраи ӯ ҳам он қадар давраи хуб набудааст».

Аммо Зайнабибӣ, сокини дигари Кӯлоб, ки дар замони шӯравӣ бузург шудааст, мегӯяд, мо набояд хидматҳои Ленинро фаромуш карда, ҳайкали ӯро барканем.

"Кӯлоб Ленинро фаромӯш намекунад"

Ба гуфтаи ӯ, баркандани ҳайкали Ленин нишони қадрношиносит.

Вай афзуд: «Ленин-Ленин буд. Қаҳрамон буд. Барои халқи тоҷик хизмат кардааст ва мо хизматҳои ӯро фаромӯш накардаем».

Дар ҳамин ҳол, Савириниссо, сокини дигари Кӯлоб мегӯяд, ҳайкали
Муҷассамаи Ленин дар боғи Кӯлоб рӯзи 29 август аз болои ин пояи худ барканда шуда буд.
Ленинро набояд ҳамчун бут парастиш ва эҳтиром гузошт.

Ӯ гуфт: «Дар вақташ Ленинро қариб пайғамбар эълон карда, ба мо талқин мекарданд, ки ӯро парастиш кунем. Қариб монда буд, ки ӯро тавба кардам, Худо эълон кунанд. Мо бояд ҳайкал парастӣ накунем, аз ҳамон ҳайкал чӣ мерасад барои мо».

Барои аввалин бор аст, ки аз замони фурӯпошии Иттиҳоди шӯравӣ дар Тоҷикистон як ҳайкали баркандаи Ленинро дубора барқарор мекунанд. Ин ҳайкал, охирин ҳайкали Ленин дар Кӯлоб аст, ки миёнаҳои асри гузашта сохта шудааст. Се ҳайкали дигари ӯ дар соли 2006 ҳангоми таҷлил аз 2700 солагии шаҳри Кӯлоб барканда шуда буд.
XS
SM
MD
LG