Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷалби ҷавонон ба блогнависӣ


Наздик ба 20 нафар рӯзноманигорони ҷавон барои омӯзиши блогнависӣ дар шаҳри Душанбе гирд омадаанд. Созмондиҳандаи ин давраи омӯзишии якҳафтаина, созмони ҷамъиятии «Ҷавонони асри нав» аст, ки қасд дорад, бо омӯзиши ҷавонон, фазои иттилоотиро дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон пур созад.

Рустам Тоҳиров, директори созмони ҷамъиятии «Ҷавонони асри нав» мегӯяд, онҳо аз манотиқи Суғду Бадахшону Хатлон ҷавононеро ба омӯзиш даъват кардаанд, ки дар расонаҳои маҳаллӣ фаъолият мекунанд ва пас аз омӯзиш нигоштаҳои худро дар шабакаи ҷаҳонии интернет нашр намуда, доираи хонандагони хешро васеъ хоҳанд кард.

Ӯ мегӯяд, дар ҳоле, ки барои сохтани як сомона то ҳазор доллари амрикоӣ лозим бошад, сохтани блог соддаву осон аст ва ҳар нафар метавонад, ройгон соҳиби он шавад.

Ҷавонон блогнависӣ меомӯзанд

Рустам мегӯяд: «Ҳоло блогҳое пайдо шудаанд, ки ҳатто мисли сомонаҳои касбӣ мебошанд. Умуман ҳадафи мо, андешаи мо чунин аст, ки блогнависро дар Тоҷикистон рушд диҳем ва ба ин восита ҳар шаҳрвади Тоҷикистон ба шабакаи ҷаҳонии интернет шомил шавад».

Маъруфхоҷа Бузургхоҷаев, хабарнигори нашрияи маҳаллии «Насими Исфара» мегӯяд, матолиби нашрияи онҳоро танҳо дар ҳудуди як ноҳия имкони мутолиа намудан вуҷуд дошт, вале феълан бо сохтани блог ва пайвастан ба шабакаи ҷаҳонии интерент бовар дорад, ки теъдоди хонандагонашон бештар хоҳад шуд.

Ӯ афзуд: «Блог ин маҳдуд нест ва мумкин аст, ҳама онро дар ҳар гӯшаву канори ҷаҳон бихонанд. Ҳоло мехоҳем, аз доираи як ноҳия ба ин восита берун шавем ва матлабҳои моро дар дигар ҷо ҳам бихонанд».

Дар ҳамин ҳол, Ҷамшеди Маъруф, хабарнигори ҷавон аз шаҳри Хуҷанд мегӯяд, сохтани блог барои ҳар як рӯзноманигор озодии баёни бештар фароҳам меорад. Ӯ мегӯяд, ҳолатҳое мушоҳида мешавад, расонаҳо аз нашри бархе матолиби хабарнигорон бо далелҳои мухталиф сарпечӣ мекунанд, дар ин сурат хабарнигор метавонад, матлаби худро дар блоги инфиродӣ интишор кунад.

Ҷамшед гуфт: «Дар он сурат мо метавонем, матлабҳоеро, ки дар дигар расонаҳо инъикос намешаванд, нашр кунем ва мардумро аз асли воқеа бохабар созем. Умуман, блог барои ҳар рӯзноманигор лозим аст, ба фикри ман».

Қадамҳои нахустини блогнависӣ дар Тоҷикистон

Беҳзод Исомиддинов, як рӯзноманигори дигар мегӯяд, дар кишварҳое амсоли Эрону Озарбойҷон блогнависӣ хеле маъмулу маъруф аст ва дар ҳайёти сиёсиву иҷтимоии сокинони ин кишварҳо таъсири вижа доранд. Аммо ба гуфтаи ӯ, блогсозӣ ва блогнависӣ дар Тоҷикистон қадамҳои нахустин аст.

Вай афзуд: «Дидем, ки блогҳои тоҷикӣ он қадар таъсир надоштанд. Ба он хотир, ки ҳоло аксари сокинони Тоҷикистон ба интернет дастрасӣ надоранд ва наметавонад аз мӯҳтавои онҳо огаҳ бошанд. Дар сурати рушди интернет бовар дорем, ки блогҳо муваффақ шаванд».

То кунун теъдоди блогҳо бо забони тоҷикӣ дар шабакаи ҷаҳонии интернет ба бештар аз сад номгӯ мерасад. Дар ҳамин ҳол, «Созмони ҷавонони асри 21» мегӯяд, мувофиқи як тарҳи омӯзишӣ тасмим доранд, то шумори блогҳоро дар миёни ҷавонон афзоиш диҳанд.
XS
SM
MD
LG