Cешанбе, Октябр 21, 2014

Чандрасонаӣ / Video

Тағйири нарх ва сифати ғизо дар Рамазон

Пас аз якчанд рӯз аз эъломи қарори шаҳрдории Душанбе дар бораи танзими нархҳо дар моҳи Рамазон имрӯз шиддати асабонияти гӯштфӯрӯшони бозорҳои пойтахт хеле коҳиш ёфта, дар дӯконҳо хеле ором бо харидорон муомила мекарданд.

x
Мувофиқи нишондоди ҳукумати шаҳр, ки дар пештоқи ҳар як дӯкон зада шудааст, як кило гӯшти гов 18 сомонӣ ва гӯшти гусфанд 19 сомонӣ муайян шудааст.

То моҳи Рамазон дар як рӯз чоруним тонна гӯшт фурӯхта мешуд, вале ҳоло дар як рӯз шашуним тонна гӯшти гов ва наздики се тонна гӯшти гусфанд фурӯхта мешавад.

Дар бозори Шоҳмансур имрӯз тақрибан панҷараҳои аксари дӯконҳои гӯштфурӯшӣ боз буд, вале анвои гӯшт бо сифатҳои мухталиф, бархе гӯшти сурх, баъзе гӯшти заъфаронӣ ва каме коҳида, ба фурӯш гузошта шудааст.

Аммо тавре харидорон мегӯянд, гӯшт аз нархи мушаххасшуда зиёд фурӯхта нашудааст ва инро худи гӯштфурӯшон низ тасдиқ мекунанд.

Вале аксари гӯштфурӯшҳо ишора мекарданд, ки Рамазон ҳамагӣ як моҳ идома мекунад ва вазъ боз ба ҳолати пештара бармегардад. Онҳо таъкид мекарданд, ки ин роҳи ҳалли масъала нест.

Нарх ва сифати озуқа дар моҳи Рамазонi
|| 0:00:00
...
 
🔇
X
17.08.2010 19:47

Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо
     
Ном: Рустам аз: Душанбе
17.08.2010 21:36
Салом,
Офарин, хамин гузоштани нархи паст, бар зиён хам бошад, аз болои махсулоти хурока дар давраи Рамазон, худ як руза аст, ки ба даргохи Худованд мустачоб мегардад. Миллати Точикистон мисли дигар аъзоёни уммати Пайгамбари Акрам (сс) дар Руза хаст ва саводгарон бо ин икдом, кори нек ва худовандиро анчом медиханд.

Ном: Mahdi
17.08.2010 21:37
Bozor ast, nameshavad narxi bozorro sun'i pas tnamud. Boyad iktisodro pesh burd, istehsolotro ziyoda namud.
Ramazon ba shumo muborak! Xohoni onam ki toatu ibodati mo va shumo azizonro Xudoi kareemi Korsoz ba dargohash maqbul bigardonad.

Ном: Химматулло аз: Точикистон Файзободи азиз
18.08.2010 08:15
Салому дуруди бе поён ба халки захматкаши Точикистон. Аммо баъд банда хаммаи мардуми азизамонро бо мохи муборак ва пурбаракати Рамазони шариф табрику тахният гуфта аз даргохи Худованди поку якто таманнои ободи ва сарбаландии мардуми кишфарамонро дорам ва ба кормандони радиои озоди низ барори кору муваффакият дар корхои ояндаашон таманно дорам. албатта ногута намонад ки бисёр хабари хубро ба мо ирсол намудед бесаброна интизорашро доштем. агар давлати мо хамчунин тамоми бозорхои Точикистонро бо хамин танзими нав гирифтаашон нигох доранд умедворам ки оянда Точикистони мо аз бурхони иктисоди берун хохад баромад. Ва гутаниам ки бояд ана хаминтур туйхову маъракахои дабдабанокро низ ба танзими асоси даровард ба хусус аз шахрхову ноияхои чумхури. Локин боз як чизи дигарро кайд кард ки хатман лозим медонем ки дар баробари ин гуна танзимхо бояд дар Точикистон корхонахои давлати ва шахсиро ба кор даровард агар чанде кам бошад то ин ки мардуми шарифи мо сохиби чои кору музди хуб шаванд ки ба он шахрхои дурдаст мухточ ва азоб накашанд.вагарна ин гуна киматию нодигарфами давом ёфтан мегирад.........Бори дигар ба хамма мардуми азизам хонаободиву сарбаланди амониву якдигарфахми ва рузгори хуюухурсандро таманно дорам. Поянда бош Втани азизам Точикистон.Ташаккури ба дикататон. Бо ехтироми бенихоят бузург Химматулло аз нохияи Файзобод

Ном: Бурибой аз: Душанбе
18.08.2010 08:49
Мебахшетон, одам мачбур мешавад,ки суханхои дагалона нисбати як хел фурушандагон иброз кунад дар мохи Шарифи рамазон хамма як хайру саховат карданаш зарур, аммо фурушандагони бозорхои шахри Душанбе беинсоф чизнадида,боз иззо накашида ба масчид рафта намоз мехонад . Як маротиба ба дехахои вилояти Сугд рафта бинед одамони хоксор чишмсер, ана онхоро мусулмон гуйед мешавад бозорхояшон арзони ,муомилаи хуб тартибу интизоми бебахо,агар ба бозорхои шахри душанбе ворид шавед ба гайр аз дашному бехурмати, киммати-фиребгари дигар чизеро дида намешавад намешавад.Мъминон маъдуд лек имон якест
Чашмашон маъдуд лекин чон якенст
Гайри фахму чон, ки дар гову хар аст
Одамиро аклу чони дигар аст
Ч.Руми.

Ном: Саид аз: Душанбе
18.08.2010 09:02
Дируз ба бозори Шохмансур барои хариди гушт рафтам.Дар хакикатан дар дуконхои гуштфуруши нарххои гушт овезон карда шудаанд,гушти гов-18сомони ,гусфанд-19сомони. Ба фурушанда мурочиати хариди се кило гушти гов намудам. Фурушанда дархол барои ман гушт таёр намуд. Як пора гушти сиёхи чандруза,як микдор гушти тоза, ягон як кило устухон ва такрибан як килои дигар равган ва ба тарозу гузошт. Ман ба У гуфтам, бародар ба ман гушт даркор на он чизхоие,ки шумо гирифтед. Медонед, гуштфуруш чи мегуяд! Дар 18 сомон хаминхел гушт мехари боз чи мехохи?. Хулласи калом бо чангу чанчоли бисёр, сари бенихоят бадардомада ва дасти холи ба хона баргаштам. Мохи шарифи Рамазон муборак !

Ном: сироч аз: душанбе
18.08.2010 09:19
Ин нарххо ранги реклама мондагияй дар махсулот аммо ин фурушандахои Худобехабар нарххоро бо нархи дилхохи худашон мефурушанд.мисол дар картошка 0,8д навистаги аммо бо нархи 1с ё 1с20д мефурушанд.дар хамаи махсулотхо хамин хел аст афсус сад афсус.

Ном: Somali
18.08.2010 11:38
Кассобро мачбур мекунед, ки гуштро бо нархи арзон фурушад, вай аз кучо ба шумо чунин чорпои арзонро меёбад? Инро фикр намекунед? Мачбур мешавад дуконашро бандад, аммо боз шумо мачбур мекунед, ки фаъолият кунад. Пас, вай барои аз газзаби шумо халос шудан гови модаи хароби арзонеро кушта ба бозор мебарорад. Якум, дар бозорхо ба чойи киммати кахти хукмрон мешавад, дуюм, сифати махсулот паст мешавад, сеюм, дарди сари зиёдати ва чанчолхои ночо. Аз ин ру, хар касро Худо инсоф дихад. Чунин карор ба нафъи кор гуён бароварда мешавад, бехабар аз он, ки бар зиёни хама мешавад. Бигузор, гушт 22 сомони шавад, аммо дар хар кучо бошад, сифати хуб дошта бошад!
Дар посух

Ном: Гаришо аз: Компания
19.08.2010 09:58
Ба Сомали
Э канд занед Шумо мегуед, ки "вай барои аз газзаби шумо халос шудан", э бародар аз газаби Худо халос шуданашро бояд фикр кунад, инаш бехтар мебуд. Худи Шумо мумкин ё гуштфурушед, ё хеши гуштфуруш, ва ё умуман ягон лагандбардори рохбари ягон бозори Душанбешахр, ки ба хаммаш онхо гунахкоранд. Дастандаркорони Озоди илимос набурред!

Ном: Парвин аз: Душанбе
19.08.2010 10:24
Аввалан мубораки мохи Шарифи Рамазон!
Дуруст бародари азиз Somali бигзор гушт 22 сомони истад, меваи кок (бодом 60 сомони, писта 80 сомони, мавиз 70 сомони) истад. лек бечораи мардум бо ин нарххои дандоншикан, маошхои паст, чи бояд бикунад!
Каме одаму одамгари хам бошад, охир! Агар ин савдогарони моро лофашонро накаши хар кас бо хохиши худаш нарх мегузорад. Ин аз чахорчуби одаму одамгари мебарояд.

Ном: Гуштхар аз: 33-юм мкр
19.08.2010 23:29
Хамин гуштфурушои 33-юмро бастан даркор аст. дар ин чо овози точики кам мешунави. Инхо бо маслихат як сум - як сум хар руз гуштро кимат карданд. Источники киматшави дар хамин чост. Як булдозер оварда хамаашонро чаппа кардан даркор. Рохи халоси ана хамин аст

Ном: Кухистони аз: Кухистон
20.08.2010 11:54
Савдогарони мухтарам фаромуш накунед,ки шумо хам ягон руз банкрот мешавед ва аз холи харидорон бохабар шуда дуохои неке ба
фурушандагон мекунед,ки хозир харидорон ба шумо карда истодаанд.
Дуои халк ба мисли табари кунд мебошад. Аслан ин бахсхо боиси паст гаштани нарх дар бозорхо намегардад АФСУУУУУУУУУУС.

Писандидатаринҳо

Бойгонии назарсанҷӣ

Ба мо аксу видео фиристед

Хонандаи азиз! Ба мо аксҳои зебо ва видеоҳои ҷолиб фиристед ва онҳоро ҳазорон нафар хоҳанд дид. Фиристодан хеле осон аст. Ба ин сафҳа равед ва 2 дақиқа вақт сарф кунед.