Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Тоҷикистон ба гузориши Афви Байнулмилал


Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гузориши созмони Афви Байнулмилал оид ба вазъи ҳуқуқ башар, озодиҳои мазҳабӣ ва маданӣ, инчунин озодии матбуот дар Тоҷикистонро, ки имрӯз нашр шудааст, зиёдаравона унвон кард.

Оқои назрӣ афзуд, дар ин гузориш бо овардани намунаҳо мехоҳанд нишон диҳанд, ки ин камбудӣ ё норасоиҳо бозгӯи вазъи умумии Тоҷикистон аст, ки комилан нодуруст аст.

Ӯ гуфт, дар ин гузориш аз ҷумла мисол оварда шудааст, ки ҳукумат дарёфти иттилоъро барои рӯзноманигрон пулакӣ кардааст. Аммо ман ба ҷайси раиси департаменти иттилооти вазорати хориҷии Тоҷикистон мегӯям, ки ин тавр нест. Ва ҳоло журналистҳо бидуни кадом маблағ аз идораҳо иттилоъ дарёфт мекунанд. Дар гузориши Афви Байнулмиллал ба ин монанад мисолҳо зиёданд, ки мо розӣ шуда наметавонем.

Нукоти умдаи гузориши Афви Байнулмилал

Созмони Афви Байнулмилал мегӯяд, ба ҳукумати Тоҷикистон муяссар нагашт, ки мушкили хушунат нисбати занонро ба таври зарурӣ ҳал кунад. Дар гузориши солонаи худ, ки имрӯз нашр шуд, ин созмон навиштааст, маҳдудиятҳои озодии баён боқӣ мондаанд ва ҳукумат мисли пешина иҷрои фароизи диниро шадидан зери назорат дорад. Ҳамчунон гузоришҳо дар бораи шиканҷа ва рафтори бераҳмонаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ идома доштанд.

Дар Тоҷикистон аз сеяк то ними ҳамаи аҳолии зан мавриди зӯроварии ҷисмонӣ, равонӣ ё ҷинсии шавҳарони худ ё дигар хешовандон қарор мегиранд. Бо вуҷуди қадамҳои аввали ҳукумат дар мубориза бо зӯроварии маишӣ, меафзояд созмони Афви Байнулмилал, занон аз имконияти муроҷиати бемумониат ба низоми додрасии ҷиноӣ маҳруманд. Амалан механизмҳои ҳимоят аз ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ, ба монанди сарпаноҳ ё манзили алтернативии қобили зист вуҷуд надоранд. Аксари занон аз мавридҳои хушунат хабар намедиҳанд, зеро аз интиқоми эҳтимолӣ метарсанд ва ё бовар надоранд, ки милиса ва ниҳодҳои додгоҳ ба шикояти онҳо ба таври дуруст бархӯрд мекунанд. Биноан гунаҳкорон амалан беҷазо мемонанд.

БЕАДОЛАТӢ ДАР САТҲИ ҶАҲОНӢ

Мақомоти Тоҷикистон, ба гуфтаи созмони Афви Байнулмилал, бо "кори оилавӣ" номидани хушунат ва бо пеш овардани андешаи нақшҳои суннатии ҷинсӣ онро ба таври васеъ "сафед" мекунанд. Никоҳҳои бановақт ва сабтнашуда занону духтаронро дар мавқеи боз ҳам осебпазир қарор медиҳанд. Аз мактаб дур мондани шумори зиёди духтарон ба густариши хушунати хонаводагӣ мусоидат мекунад. Тарҳи қонуни дифоъ аз аз хушунати хонаводагӣ чанд сол аст, ки дар ҳоли омода шудан аст, вале то ҳанӯз ба баррасии порлумон пешниҳод нашудааст.

Озодии дин

Фаъолияти "Шоҳидони Яҳво" дар тамоми қаламрави кишвар мамнӯъ боқӣ мондааст. Фишор ба намояндагони ҷумбиши миссионерии суннимазҳаби "Ҷамоаи Таблиғ" афзоиш меёбад. Моҳи март раисиҷумҳур Раҳмон қонуни наверо имзо кард, ки аз ҳамаи иттиҳодияҳои динӣ номнависи дубораро тто 1 январи соли 2010 талаб намуд. Барои сабтином шудан аризадиҳанда бояд исбот кунад, ки иттиҳодияи ӯ дар Тоҷикистон на камтар аз панҷ сол аст, вуҷуд дорад. Ба ғайри аз ин тамоми маводи нашаротӣ ё адабиёти воридотии дорои характери динӣ бояд аз назари ҳукумат гузарад. Дар баробари мусулмонон маҳдудиятҳои махсусе ҷорӣ шудааст. Аз ҷумла маҳдудияти теъдоди маосҷид ва таъини имомҳо, ки номзадии онҳоро бояд ҳукумат маъқул шуморад. Бунёди масҷидҳои ҷомеъ танҳо дар шаҳрҳое мумкин аст, ки зиёда аз 10 000 нафар аҳолӣ дошта бошанд. Ширкати намояндагони созмонҳои динӣ дар ҳамоишҳои динии хориҷ аз кишвар ва ё даъвати меҳмонони хориҷӣ ба чунин ҳамоишҳо дар дохил танҳо бо иҷозаи ҳукумат имконпазир аст.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар моҳи феврал ҳукми манъи фаъолияти "Шоҳидони Яҳво"-ро, ки моҳи октябри соли 2007 содир шуда буд, бетағйир гузошт.

Мақомоти давлат ҳамоно бидуни фаҳмондани сабаб ибодатгоҳи ҳам мусулмонон ва ҳам насрониҳоро мебастанд ва тахриб мекарданд. Дар моҳи апрел Додгоҳи олии иқтисодӣ шикояти калисои "Грейс Сонмин"-ро рад кард, ки аз мусодираи ибодатгоҳаш дар шаҳри Душанберо норозӣ буд. Ҷубронпулие, киба калисо дода шуд, ба сохтани ибодатгоҳи нав кофӣ набуд.

Моҳи август Додгоҳи олии Тоҷикистон панҷ намояндаи "Ҷамоаи Таблиғ"-ро бо иттиҳоми "даъватҳои оммавӣ ба сарнагун кардани сохти конститутсионӣ" ба мӯҳлатҳои аз 3 то 6 сол аз озодӣ маҳрум кард. Додгоҳ изҳор дошт, ки ҳангоми таҳияи ҳукм қарори манъи фаъолияти ин иттиҳодияро ба эътибор гирифт, ки дар соли 2006 қабул шуда, онро "як созмони тундрав ва террористӣ" унвон кардааст. Бо вуҷуди ин додгоҳ ягон далели манъи фаъолиятро дар миён нагузошт. Айбдоршавандагон иттиҳомро рад карданд ва пойфишорӣ доштанд, ки ягон барномаи сиёсӣ надоранд ва бар пояи маъмултарин мазҳаби Тоҷикистон -- ҳанафия амал мекунанд.

Шиканҷа ва дигар анвоъи бадрафторӣ

Хабарҳои шиканҷа ва бадрафторӣ аз тарафи кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла дар бораи иқрорҳои иҷборӣ дар 72 соати аввали боздошт, ки болотарин мӯҳлати боздошт бидуни эълони айбнома аст, ҳамоно зиёд буданд.

27 июн пизишки Маркази саратоншиносии Тоҷикистон Хуршед Бобокалонов замоне фавтид, ки милиса ӯро боздошт карда буд. Кормандони милиса ӯро дар кӯча ҳамчун шахси сархуш боздошт карданд. Хуршед Бобокалонов хост эътироз кунад, аммо наздик ба 15 милиса ӯро бо зӯрӣ ба мошини дидбон андохтанд. Вазорати умури дохилӣ изҳор дошт, ки вай дар роҳ ба сӯи шъбаи милиса аз сактаи дил даргузашт. Модари ҷабрдида аз мавҷудияти захмҳо дар сару рӯй ва бадани писараш хабар дод. Рӯзи 22 июл вазири умури дохилӣ гуфт, барои таҳқиқи воқеа парвандаи "куштори эҳтимолӣ аз рӯи беэҳтиётӣ" боз шудааст. То поёни сол дар бораи ҷараёни пажӯҳиш иттилое нарасидааст.

Озодии сухан, журналистон

Барои танқиди ҳукумат ба нашрияҳои мустақил ва журналистон ҳамоно таъқиб дар додгоҳҳои ҷиноӣ ва шаҳрвандӣ таҳдид мекард ва сабаби худсонсурии онҳо мешуд. Дар моҳи октябр ҳукумат қароре баровард, ки бино бар он журналистон ӯҳдадоранд маълумот, матни қонунҳо, қарор ва баёнияҳои ҳукуматро ба таври хаттӣ дархост кунанд. Чунин мавод пулакӣ шуда, як сафҳаи он 25 сомонӣ, тақрибан 4,5 доллари амрикоӣ, нарх дорад. Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон изҳор дошт, ки ин қарор хилофи тазминҳои конститутсионии дастрасии бемамониат ба иттилоъ аст.

Вокунишҳо ба гузориши Афви байнулмилал

Абдуфаттоҳ Воҳидов, ҳамоҳангсози барномаи мониторинги нақзи ҳуқуқи журанлистон дар Анҷумани миллии раоснаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, мавориди зикршуда дар ин гузориш, дар робита ба маҳдудияти озодии баён айни воқеъияти Тоҷикистон аст.

Ба гуфтаи оғои Воҳидов, шикояти вазорати кишоварзӣ ба додгоҳ аз нашрияи "Миллат" ва талаби дархости 1 миллион товон, даъвои Оҷонси "Тоҷикстандарт" аз болои нашрияи "Пайкон" ва қарори додгоҳ дар бораи пардохти 300 ҳазор ҷарима аз сӯи ин нашрия, даъвои додрасҳои Додгоҳи олӣ аз болои нашрияҳои "Азия плюс", "Фараж" ва "Озодагон" нишони фишор болои матбуот ва нақзи баён дар Тоҷикистон аст.

Аз сӯи дигар, ин гузориш ҳоле нашр ва ба вуҷуди шиканҷа дар Тоҷикистон ишора мекунад, ки дар айни ҳол нишасти додрасҳои кишварҳои узви созмони Шанхай дар Душанбе ин масъаларо барасӣ ва ба зарурати таҳким бахшидани мубориза бо ин зуҳурот таъкид мекунанд.

Тоҳир Қодиров, як қозии Додгоҳи олии Тоҷикистон, низ, зимни гузориши худ дар ин нишаст гуфтааст, баррасиҳо ва мурофиаҳои додгоҳӣ вуҷуди шиканҷа дар таҳқиқи парвандаҳо дар Тоҷикистонро собит кардааст.

Ширкаткунандагони ин нишаст ба зарурати ҳамоҳангсозии шеваи муборниза бо шиканҷа дар кишварҳои узви ин созмон таъкид намудаанд.

Дар ҳамин ҳол, Ойинниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршиноси тоҷик ва раиси созмони иҷтимоии "Дурнамо" мегӯяд, ки гузориши Афви Байнулмилал дар марвиди Тоҷикистон бозгӯи воқеъияти рӯзи Тоҷикистон аст.

Ба гуфтаи хонум Бобоназарова, дар воқеъ мушкилоти маҳдуд шудани ҳуқуқи зан, хушунат дар хонаводаҳо ва шиканҷа дар зиндонҳо, фишор болои матбуот ва дар маҷмӯъ нақзи ҳуқуқи инсон аз масъалаҳои умдаи ҷомеаи дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG