Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии шаҳрванди Тоҷикистон бар Русия


Зикруллоҳхон Хоҷаев, як шаҳрванди Тоҷикистон дар парвандаи мавсуф ба "Хоҷаев муқобили Русия" дар Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо бар Русия дастболо шуд.

Бино ба ҳукми Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо ҳукумати Русия акнун наметавонад, шаҳрванди Тоҷикистон Зикруллоҳхон Хоҷаевро ба Тоҷикистон истирдод кунад. Зеро Хоҷаев дар Тоҷикистон бо муносибати бераҳмона ва шиканҷа рӯбарӯ хоҳад гашт.

Зикруллоҳхон Хоҷаев, ки мақомоти Тоҷикистон ӯро дар соли 2001 ба узвият дар Ҳизби Таҳрир айбдор карданд, ба Русия фирор кард. Аммо дар ҳоле, ки хостори паноҳандагии сиёсӣ буд, аз тарафи полиси Маскав боздошт шуд. Русия ба Хоҷаев мақоми паноҳанда надод. Парвандаи истирдоди ӯ ду дафъа мавриди муҳркима қарор гирифт.

Русия натавонист додгоҳро мӯътақид кунад

Додситонии кулли Русия дар соли 2008 -ум дар марвиди истирдоди Хоҷаев ба Тоҷикистон қарор қабул кард ва Додгоҳи олии Русия низ ин қарори додситониро тасдиқ намуд. Аммо дар октябри соли 2008 вакили мудофиаи Хоҷаев ба Додгоҳи аврупоӣ муроҷаъат кард ва ҷараёни истирдоди Хоҷаев ба Тоҷикистон маътал шуд.

Ӯ бо кӯмаки ҳомиёни ҳуқуқи башар ба Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо муроҷиъат кард ва пирӯз шуд. Додгоҳ ҳамчунин ҳукумати Русияро муваззаф кардааст, ки ба Хоҷаев15 ҳазор евро товон бипардозад.

Додситонии Русия натавонист Додгоҳи аврупоиро дар мавриди он ки Хоҷаев дар Тоҷикистон мавриди шиканҷа ёарор нахоҳад гирифт, мутақоъид созад.
XS
SM
MD
LG