Чоршанбе, Июл 23, 2014

Тоҷикистон

Дубора ба "ов"-у "вич"-у "уф"?

Дар Тоҷикистон як навъ маъракаи бозгашт ба номгузории русӣ оғоз шудааст. Муроҷиъаткунандагон ҷиҳати дарёфти аснод мегӯянд, барои гузошатни номҳои тоҷикӣ ба фарзандонашон ба мушкил мувоҷеҳ шудаанд.

x
Сафаргул, як сокини Душанбе, ки хостааст барои духтараш шиноснома гирад, гуфт, дар шӯъбаи шиносномадиҳӣ ба ӯ маслиҳат додаанд, ки шаҳодатномаи таввалуди духтарашро иваз кунад, дар акси ҳол гирифтани ҳуҷҷат имкон надорад.

Дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки барои шиноснома гирифтан аввал шаҳодатномаи таваллуд бояд тағйир дода шавад ва ин масъала бештар ба шӯъбаи ақди никоҳ рабт дорад.

Қонун дигар шудаааст?


Дар яке аз шӯъбаҳои ақди никоҳи шаҳри Душанбе гуфтанд, ки тағйири номи тоҷикӣ ба русӣ ва умуман чӣ ном гирифтан дар ихтиёри худи шаҳрвандон аст.

Аммо Сафар Саъдиев, коргардони тоҷик мегӯяд, вақте ӯ ба шӯъбаи ақди никоҳ рафт, то барои духтаронаш - Фурӯғ ва Суҳайл шаҳодатномаи таваллуд гирад, гуфтанд, ки ин кор аз рӯи қонун аст: «Хостам онҳоро бо номи худ, яъне тоҷикӣ, сабт кунам, аммо ба ман гуфтанд, ки барои ин иҷоза нест. Гуфтанд, ки қонун дигар шудааст. Пурсидам, ки барои чӣ, чӣ тавр ман метавонам, фамилияи онҳоро ба номи худ кунам ё ҳадди ақал ба номи падарам? Ба ман гуфтанд, ки барои он ки ба номи худат кунӣ, бояд фамилияи худатро иваз кунӣ».

Дар ҳамин ҳол, Барно Анварова аз масъулини шӯъбаи ақди никоҳи шаҳри Душанбе тағйири номҳои тоҷикӣ ба русиро такзиб накард ва гуфт, қариб шаш моҳ аст, ки ба қонун тағйирот ворид шудааст ва ин ҳама дуруст кардани ҳуҷҷатгузорӣ тибқи меъёрҳои байнулмилалӣ аст.

Меъёри байналмилалӣ чист?

Аммо дар посух ба ин суолҳо, ки оё ин меъёрҳои байнулмилалӣ чӣ маъно доранд, сарнавишти онҳое, ки номашонро тағйир додаанд чӣ мешавад, на дар шӯъбаи шиносномадиҳӣ ва на ақди никоҳ посух ёфта натавонистем.

Дар раёсати сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Тоҷикистон умуман кадом як тағйиротҳо дар номгузориро рад карданд.

Маъракаи бозгашт ба номгузории тоҷикӣ ба даврони баъд аз пошхӯрии Шӯравӣ рост меояд ва то ин замон аксари мутаваллидони даврон истиқлолият дар ҳуҷҷатҳои шахсиашон номҳои тоҷикӣ доранд.

Дар рӯзи Наврӯзи соли 2007 раисҷумҳури Тоҷикистон ва аз пайи ӯ як идда вазирону мақомдорони Тоҷикистон низ аз пасвандҳои русии «ов»-у «ев» даст кашиданд.

Аммо тағйири ном ба муҳоҷирини меҳнатии тоҷик як мушкили нав шуд. Дар Русия барои номҳои тоҷикӣ онҳо аз сӯи мақомоти амниятӣ озор диданд ва аксари муҳоҷирин баъд аз бозгашт ба ватан номҳои русии худро барқарор карданд.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
    Баъдӣ 
Ном: Habib аз: Kulob
15.05.2010 18:36
In khudash boz chi gap hast,ki yakbor meguzorand ismhoro ivaz kuni bori duvum boz qonuni nav barovarda man mekunand,nomguzorii tojikiro.Sharm bod ba hukumatdoroni mo,ki hanuz ham mutei Rusiya hastand.Man du bor shahodatnomai 3 pisaramro ivaz kardam bo z in dafa baroi bo nomi khudam guzoshatam,majburam mekunand,ki ba familiyaam guzoram,hayfi in hukumati movu qonunbarorhoi mo.

Ном: смотряши аз: точикистон
15.05.2010 20:20
хукумадороба гап нест вактеки бо документ сарукор мекуни паспортни столанги кормандон илмашонба коил фамилияи ва номи одамро бе хатоги навишта наметавонанд ман худам бо хамин кор вактеки паспорти рус гирифтани шудам коркунхои фмс рус мегуянд увас там народине грамотние люди аказивается работають иди паспорт не савпадает с метиркой абалдет иши ветра в поле коил боз назди паспорти столба меби вактеки мегуи ака ё хохар ин паспорти манда хато навиштаед ислох кардан лозим онхо боз бо такабур мегуянд чанд сум мети холо онки ман як точики бадбахт милати сарсахт аз барои ризку рузи дар давлати бегона рузу шаб кор мекунам вале ягон курси нишин дар точикистон гами точикони берун аз ватанро намепурсат ин дарди милат ва як точики дур аз ватан точикистонам ба хар санг резахоят бимирам ман ва бахар точики дур аз ватан бинолам ман бинолам аз санг ёбад нон аз хоки кух талкон боз халкаш хураму хандонаву шодон

Ном: Аҳмад аз: Душанбе
15.05.2010 20:34
салом ҳамватанон
Агар дарёд дошта бошен чаноби оли дар соли 2007 амр ба тағйри номҳои руси карда ва баъди чанд рузе гуфтанд амр не балки ҳаркас бихоҳад тағир диҳад. инаҳам ба фикрам баъди фишор овардани Росия буд ва инак ихтиёраҳам аз байн бурданд ва ҳол чигунае ки буд ҳамон тавр меистад чаро????????????????
ба фикри шахсии ман барои он ки Расия инро мехоҳад фақат, ва мо мачбурем ин корро бикунем.
Дуо кунем ки моро аз ин Расия халос бикунад
саломат бошед
Дар посух

Ном: Student аз: Xorij
16.05.2010 08:00
Omin Omin Allohu Akbar barodaram rost megui.
Дар посух

Ном: Инсон аз: Замин
16.05.2010 12:33
Аз Русия халос кунанд мегуи, лекин дируз шохиди он шудем, ки сарбозони артиши Русия дар Кулоб ба ёрии халки точик чихел расида омаданд.
Ман гуфтани нестам, ки мо бояд побанди Русия бошем. Лекин ба хама айбхоямон Русияро гунахкор шуморидан дуруст нест.
Аз мост, ки бар мост!
Дар посух

Ном: бетараф
17.05.2010 11:41
шукрона ки даст гирифтанд. лекин вохима накун бародар. русхо дар хоки мо хамин кадар дастгири накунанд дигар чи мекобанд. Шумо акнун хам фикр накардаед, ки ягон давлати пасошурави, аз чумла бештар мо - точикон, дар назари русхо чи кадар хору залилем, хатто хамаи моро ба андозаи як давлати хеле кучаки дар зери таъсираш набуда ба монанди румину словену венесуэлу ... хурмату эътироФФФФФФ намекунанд.
Худованд моро халос кунад, иншоаллох мо хам рузе сохиби чархболу БТР мешавем.

Ном: Гариб аз: аз Заврон
15.05.2010 22:05
Бародарони азиз!хамаи ин дигаргунихо як рохи пулкоркунии хукуматдорону мансабдорон аст. Ба гайр аз ин хама бесаводонро дар навиштану супоридани ин хуччатхои мухим,дар курсихо чо кардаанд. Чунки дар навиштани насаби Чумъаева,3хатоги дар 2паспорт мушохидакардаму дар худуди Руссия,хело азобхо кашидаам. Ин хама аз талаффуз шудани харфи "Ъ" дар алфавити точикиву беталаффуз будани он дар руси аст. Ва дар кисми русии паспорти дохили,насабро Джумъаева навиштаанду дар кисми точи киаш ;Чумаева?!! Кани савод?!САВОД,ки нест,ДАВЛАТ аз кучо мешавад?!!САВОД,ки нест,САРВАТ аз кучо мешавад?!!Вале аз иваз кардани "ов"-у "уф" ба халки камбагал,ба гайр аз харочоти зиед дигар хеч.....?!
Дар посух

Ном: бетараф
17.05.2010 13:27
Гариби чун, Охир ин чо гап сари савод намеравад, агар савод хам медошт оё дар тарафи точикии паспорт Джумаева бояд менавишт? АЙБББББ.
Ана меоем сари сарчашмаи бесарусомони.
1) узбакхо хуб карданд, ки ба алифбои лотин гузаштанд! Не? Ха гуед, ха!
2) Мо ки ба хати кириллии русиасос менависем, мезандамон ба хар боб, хамаи маънавиёти хаттии мо дар дастраси онхо, лоакал бо чашми кур бошад хам. Ё моро гуломи маънавии худ намепиндоранд?? Мепиндоранд!!
3) Тасаввур кунед, ки ба хатти ачдоди баргаштем (ба чум-чум наоед, мансабдорони "кирилли"., танхо тасаввур кардем-ку) Ки хак дорад, ки гуяд чаро Чумъаева навишти ё Хочаева, хох дар Маскав боши, хох дар Торонтову Ландан. НЕ?? ХА!!
ПАС БИАНДЕШЕД, ВОРИСОНИ МИЛЛАТ.
ХОЛО ХАМ ДЕР НАШУДААСТ!

Ном: politicant аз: Politics
15.05.2010 23:49
BO ON KADRHOE KI AZ DAVRAI KOMUNISTI TO HOL PIRI LAK SHUDA SARI QUDRAT MONDAAND TOJIKISTON PESH NAMERAVAD FAKAT TOJIKISTONRO BA KASHOKI MEKASHAND XUDOVAND AZ SHARRASHON NAJOT DIHAD

Ном: Озодбаён аз: Душанбе
16.05.2010 00:52
Эй бародарон чи даъвои зиед мекунед. Ин Хукумат тамоми сохторхояш фалач аст ва ягона максад доранд, ки ин хам ба хар рох канда хурдани мардуми бе инхам кашшок!

Ном: farid
16.05.2010 01:11
he shumo diga kor nadoren izonamekashen az khudo tarsend nakhod ki nomi mussalmonira ivaz kunedu nomi koforonro moned
Дар посух

Ном: Garib аз: USA
17.05.2010 08:51
Harfi bad bar zabon ovardan hatost, kofari mu'min hama halqi Hudost.

Ном: Vatandust аз: Vatan
16.05.2010 05:27
Ha ha ! in chi gap khudash . kanob familiyaashonro ivaz kunand. shubai tavallud ba padari eshon naguftand, ki familiyai padaratoshonto ivaz kunand.

Ном: рост аз: москва
16.05.2010 08:07
ин кори давлат.пули калон кор мекунад.ина чи шумо намедоненд

Ном: Ханчар аз: Душанбе
16.05.2010 09:51
Экономика определяет сознание гуфтаанд бузургон. Рузгори кисми зиеди мардуми точик аз Русия вобаста аст.
Дар посух

Ном: Osaph аз: Moscow
17.05.2010 10:36
Шояд БОЗАРГОН бошад на Бузургон!? ;)
Дар посух

Ном: хакгуй аз: шумруй
17.05.2010 13:53
Не бародар Осаф на бозаргону бузургон ,балки К.Маркс дар китоби "Капитал" гуфтааст;"Бытие оределяет сознание"... Бародар Ханчар вайро содда ва фахмотар карда навиштааст.
Дар посух

Ном: хакгуй аз: шумруй
17.05.2010 13:53
Не бародар Осаф на бозаргону бузургон ,балки К.Маркс дар китоби "Капитал" гуфтааст;"Бытие оределяет сознание"... Бародар Ханчар вайро содда ва фахмотар карда навиштааст.
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
    Баъдӣ 

Назари Шумо чист?

Бойгонии назарсанҷӣ

Писандидаҳо

Тамос бо Радиои Озодӣ

Агар хабаре доред ё мехоҳед, масъалаеро дар миён гузоред, бо имейли Tajik@rferl.org ё телефони интернетии ozodi.skype бо мо дар тамос шавед. Ҳамчунин телефонҳои мо дар хидмати Шумо:

Дар Душанбе:          988 65 94 63               988 65 94 64            985 63 83 56
Дар Прага:               420 725 03 79 43   
Skype Me™! Add me to Skype