Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зулфиқор Азизов даргузашт


Зулфиқор Азизов, яке аз овозхонони машҳури Тоҷикистон, зуҳри имрӯз дар синни 44-солагӣ ба олам падруд гуфт. Вай ду сол бад-ин сӯ аз маризии қалб азият мекашид ва дар бемористони Қарияи Боло аз дунё даргузашт.

Зулфиқор Азизов, ки бо бародаронаш дар гурӯҳи овозадори «Анис» овозхонӣ мекард, дар солҳои нимаи дуввуми солҳои 80-ум аз машҳуртарин овозхонони мусиқии попи Тоҷикистон буд.

Дар ин гурӯҳ Зулфиқор Азизов бо бародаронаш Достони Азиз, Қайсиддини Азиз, Вайсиддини Азиз ва Абубакри Азиз ҳунарнамоӣ мекарданд.

Ӯ бо аввалин сурудҳояш - «Аз ёдат ман бирафтам», «Баҳор асту ба тоқи хонаи ман», «Манижа», «Модар» ва «Ман нагӯям, ки маро аз қафас озод кунед» ба дили мардуми кишвар роҳ ёфт.

Зулфиқор машҳуртарин сарояндаи хонаводаи Азизовҳо буд. Овозхонони ҷавони мусиқии попи имрӯзи Тоҷикистон Остон Азизов ва Шаҳроми Абубакр низ аз хонаводаи Азизовҳо ҳастанд.

Ба гуфтаи наздикони Зулфиқор, дар охирин консерте, ки 1-уми май дар Амфитеатри шаҳри Душанбе баргузор шуд, ӯ охирин суруди худ бо номи «Аҷиб аст зиндагӣ, ёрон, дар ин дунёи пурармон»-ро сароид, ки яке аз беҳтарин сурудҳои ӯ унвон мешавад.

Ва ӯ бо дили пур аз ишқ ба зиндагӣ ва пур аз армон дунёро тарк гуфт. Аз Зулфиқор Азизов як писар ва ду духтар боқӣ монданд.

Фурқати Саид, яке аз сарояндагони шинохта ва дӯстони Зулфиқор Азизов, мегӯяд, ӯ ҳунарманди навовар дар саҳнаи мусиқии тоҷик буд. Вай дар баробари сурудҳои поп, оҳангҳои суннатии «Шашмақом»-ро бо асбобҳои эстрадӣ иҷро мекард.

Даргузашти Зулфиқорро ӯ фоҷеае барои мусиқии тоҷик меномад, вале мегӯяд, таронаҳову оҳангҳое, ки Зулфиқор ба мардум ҳадя кард, дар хазинаи тилоии қалби мо боқӣ мемонад ва ҳамеша дар фазои Тоҷикистон танинандоз хоҳад буд.

Ба гуфтаи пайвандони Зулфиқор, маросими намози ҷанозаи ӯ рӯзи ҷумъа дар масҷиди Сариосиёи шаҳри Душанбе сурат хоҳад гирифт.

Охирин суруди Зулфиқор Азизов:

XS
SM
MD
LG