Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

37 медали варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи Осиё


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба таеквон-до ITF дар Қазоқистон 37 медал – 12 тилло, 18 нуқра ва 7 биринҷӣ ба даст оварданд.

Муродалӣ Тешаев, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, дар сабқати қитъавӣ, ки дар шаҳри Алматӣ баргузор шуд, 14 даста аз 12 кишвари қора ширкат карданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳисоби умумидастаӣ пас аз тими Кореяи Шимолӣ дар мақоми дуввум қарор гирифт. Дастаи мизбон – Қазоқистон ҷои севумро касб кард.

Варзишгари тоҷик Алишер Аҳмадов ба унвони қаҳрамони мутлақи Осиё даст ёфт.
XS
SM
MD
LG