Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркишҳои Маскав: Даҳҳо кушта ва захмӣ


Субҳи имрӯз ду таркиш дар метрои Маскав даҳҳо нафарро кушта, даҳҳои дигарро захмӣ кардааст. Хабаргузориҳои русӣ навиштаанд, ки ин ҳамлаҳои интиҳориро ду зани маргталаб анҷом додаанд.

Ду таркиш дар метрои Маскав субҳи имрӯз, 29-уми март ҳадди ақал 35 нафар кушта ба ҷой гузошт. Масъулини ниҳодҳои зирабти Русия гуфтаанд, ҳудуди 70 нафари дигар ҳам дар ин таркишҳо ҷароҳат бардоштаанд.

Бино бар хабарҳои аввалия, таркиши аввал дар вагони дуввуми метро ба амал омадааст. Дар ҳоли ҳозир ба маҳалли ҳодиса даҳҳо наҷотбахш ҳозир доштаанд.

Дақиқаҳое баъд аз таркиши аввал, дар соати 08:40 ба вақти Маскав дар истгоҳи "Парк Култура" таркиши дуввум ба вуқӯъ пайвастааст. Бино бар хабарҳои аввалия, 14 нафар қурбонии ин таркиш гардидаанд ва 7 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Баъзе аз манобеъ шумори кушташудаҳоро аз 30 то 60 нафар дар маҷмӯъ тахмин мезананд.

Ҳаракати қаторҳои метро дар хатти Соколническая, ки ҳар ду истгоҳи таркида дар он қарор доранд, дар ҳоли ҳозир аз истгоҳи "Спортивная" то истгоҳи "Комсомолская" баста аст.

Пулиси Маскав низоми фаъолияташро ташдид бахшидааст. Владимир Маркин, намояндаи кумитаи тафтишотии додситонии Маскав, ба хабаргузориҳо гуфтааст, аз рӯи ин таркишҳо парвандаи ҷиноӣ бо ҷурми "терроризм" боз шудааст.

Хабаргузориҳои русӣ бо такя ба Вазорати ҳолоти изтирории кишварашон навиштаанд, маводи мунфаҷирае, ки дар ин таркишҳо истифода шудааст, ҳанӯз мушаххас нест. Дар ҳамин ҳол, мақомоти Русия хабари бархе аз расонаҳоро дар бораи таркиши саввум дар истгоҳи "Проспект мира" рад карданд.

После теракта в метро "Лубянка"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:44 0:00
Линки мустақим



Маълумоте роҷеъ ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар таркишҳо нест

Дар Маскав, пойтахти Русия, даҳҳо ҳазор муҳоҷири кории тоҷик ба сар мебаранд.

Торнамои расмии сафорати Тоҷикистон дар Маскав, хабари онро, ки дар миёни кушташудаҳо як зани зодаи шаҳри Душанбе ва феълан шаҳрванди Русия будааст, рад кард. Дафтари матбуотии сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба торнамои Озодӣ гуфт, дар миёни кушташудагон ягон шаҳрванди Тоҷикистон нест.

Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир дар пайи муайян кардани будан ё набудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар миёни зарардидагони таркишҳои метрои Маскав бо ниҳодҳои зирабти Русия дар ҳоли тамос аст.

ШУМО ДАР МАСКАВ ҲАСТЕД? ДДИДА ВА ШУНИДАҲОИ ХУДРО БА ДИГАРОН ҲАМ БИГӮЕД.

Таркишҳо дар метрои Маскав

Таркишҳо дар метрои Маскав

Нахустин таркиш дар метрои Маскав ҳанӯз дар замони Шӯравӣ ба вуқӯъ пайваста буд. 8-уми январи соли 1977 маводи мунфаҷираи худсоз дар як вагони метро таркида буд. Ин амали террористии ҷудоихоҳони арман дар он сол 7 кушта ва 37 маҷрӯҳ бар ҷой гузошта буд.

11-уми июни соли 1996 дар хатти Серпуховсий амали террористӣ ба вуқӯъ пайваст. Дар яке аз вагонҳо таркиш рух дод, чаҳор нафар кушта шуданд, 12 нафар ҷароҳат бардоштанд.

1-уми январи соли 1998 дар истгоҳи "Третяковская" таркиш рух дод. Шиддати таркиши маводи мунфаҷира, ки дар борхалтае зане будааст, 150 грамм тротилро ташкил дода буд. Се кормнади метро ба бемористон интиқол дода шуда буданд.

5-уми феврали соли 2001 дар истгоҳи "Белорусская-колтсевая" як таркиши бо шиддати 200 грамм тротил 20 нафарро маҷрӯх сохт.

6-уми феврали соли 2004 дар хатти Замоскворетский дар гузаргоҳи миёни истгоҳҳои "Автозаводская" ва "Павелетская" дар вагони дуввум таркиш ба вуқӯъ пайваст. Дар пайи таркиш сӯхторе дар нақби метро рух дод, ки дараҷаи шиддаташ баландтарин номида шуд. Шидати таркиш аз 4 то 5 кило тротил буда, 41 нафар кушта шуданд ва тақрибан 250 нафар захм бардоштанд.

31-уми августи соли 2004 дар истгоҳи "Рижская" зани маргталаб худро тарконид ва ҳамроҳи худ ба он дунё 9 нафари дигарро бурд.Тақрибан 50 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

XS
SM
MD
LG