Шанбе, Феврал 04, 2012 Соат ба вақти Душанбе 18:39

Тоҷикистон

Мулло Абдураҳим: “Имом Бухорӣ муҷтаҳид буд”

Дар рӯзи таҷлили 1200-умин солрӯзи Имом Бухорӣ, муаллифи “Саҳеҳи Бухорӣ”, бо яке аз рӯҳониёни маъруф, Мулло Абдураҳим дар бораи зиндагӣ ва осори Имом Бухорӣ сӯҳбат оростем.

Мулло Абдураҳим
x
Мулло Абдураҳим
Ҳаҷми матн - +
Имрӯз аҳли уламо ва донишмандони тоҷик дар як ҳамоиш дар шаҳри Душанбе аз 1200-умин солрӯзи Имом Бухорӣ таҷлил мекунанд. Ин дуввумин ҳамоиши бузург дар Тоҷикистон хоҳад буд, ки дар он аз намоёнтарин чеҳраҳои дини ислом ёд мешавад.

Қабл аз ин, дар соли гузашта давлати Тоҷикистон 1310-умин солгарди Имом Абӯҳанифа, маъруф ба Имоми Аъзам ва пешвои мазҳаби ҳанафиро, ки аксари кулли сокинони Тоҷикистон аз он пайравӣ мекунанд, таҷлил ва дар ин робита нишасти бузурги байнулмилалӣ доир намуд. Дар ин ҳамоиш ҳудудан 500 намоянда аз кишварҳои мухталифи дунё ширкат ва суханронӣ карданд.

Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоил маъруф ба Имом Бухорӣ дар таърихи 13-уми шавволи соли 194-уми ҳиҷрӣ дар Хартанг, яке аз деҳаҳои Бухоро таваллуд ёфтааст. Вайро дар ҷаҳони ислом ба унвони тавонотарин муҳаддис мешиносанд. Мо низ дар як сӯҳбат аз Мулло Абдураҳим, сархатиби масҷиди “Қазоқон” дар Душанбе пурсидем, ки Имом Бухорӣ аз нигоҳи ӯ кист?

Мулло Абдураҳим: -Имом Бухорӣ шахсияти бузургест, ки мавриди ифтихори мусулмонони ҳамаи олам аст. Дар тамоми гӯшаву акнофи олам Имом Бухориро мешиносанд. Вақте сокинони мо ба Ҳаҷ мераванд ва мегӯянд, ки аз Тоҷикистон омадаанд, кам одаме ёфт мешавад, ки ин сарзаминро бидонаду бишносад. Аммо вақте мегӯӣ, ки мо аз ҳамватанони Имом Бухорӣ ҳастем, ҳама мешиносанд ва эҳтиром мекунанд. Ҳатто дастатро мебӯсанд.

Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ таърифу тавсифи бештар аз сад олими исломиро нисбат ба Имом Бухорӣ зикр кардааст. Имом ибни Хузайма, яке аз муҳаддисини бузург мегӯяд, “дар зери осмон донотар аз Имом Бухорӣ дар илми ҳадис нафари дигаре вуҷуд надорад”.

Радиои Озодӣ:
-Аммо фикр мекунед, шахсияти Имом Бухорӣ дар Тоҷикистон то чӣ ҳад муаррифӣ шудааст?

Мулло Абдураҳим: -Дар миёни аҳли илм ҳич шубҳае нест, ки Имом Бухориро ба ҳайси амиралмӯъминин дар ҳадис мешиносанд. Дар ин ҳич шакке нест. Аммо дар даврони Шӯравӣ азбаски мардум аз ислом огоҳии комил надоштанд ва азбаски илми ҳадис низ ба таври бояду шояд низ таълим дода намешуд, огоҳии мардум аз он камтар буд.

Аммо аз замоне ки Тоҷикистон мустақил шудааст ва аз замоне ки мардум озодона ба илми ҳадис машғул шудаанд, чӣ уламо ва чӣ толибилмон ӯро мешиносанд. Ҳамчунин ифтихор мекунанд, ки ӯ зодаи диёри мост.

Радиои Озодӣ: -Дар Тоҷикистон китоби “Саҳеҳ”-и Бухорӣ маъруф аст. Аммо осори дигаре аз ӯ ҳаст, ки мавриди истифода қарор гирифта ва маъруфият дошта бошад?

Мулло Абдураҳим:
-Шахсан китоби “Адабулмуфрад”-и Имом Бухориро ба шогирдонам таълим медиҳам. Инчунин, дар илми риҷол, дар риҷоли ҳадис ду таърихи бузург дорад: таърихи кабир ва таърихи сағир.

Боз мегӯям, назди уламое, ки бо илми ҳадис сарукор доранд, осори Имом Бухорӣ ошкору возеҳ аст. Аммо аксарияти сокинон Имом Бухориро танҳо бо “Саҳеҳ”-аш мешиносанд. Зеро ин китоб воқеъан саҳеҳтарин китоб баъд аз Қуръон дар рӯйи замин аст.

Радиои Озодӣ: -Баъзе аз сарчашмаҳо мегӯянд, ки Имом Бухорӣ аз ҳич кадом мазҳабе дар ислом пайравӣ намекард. Балки ӯ як равия ё маслаки фиқҳии хоси худро дошт. Аз назари Шумо, ин нукта то чӣ андоза ҳақиқат дорад?

Мулло Абдураҳим: -Уламои илми ҳадис ин нуктаро таъкид кардаанд, ки Имом Бухорӣ ба касе тақлид намекард. Зеро Имом Бухорӣ ба ҳадди иҷтиҳод расида буд. Муҷтаҳид аст ӯ. Вай ҳатто ҳақ дошт, ки мазҳаби худро асос гузорад. Масалан, мазҳаби Имом Бухориро.
Вале як бузурге гуфтааст, ки Имом Бухорӣ низ муқаллиди мазҳаби шофеист. Ҳамчуноне ки Имом Муслим буд.

Радиои Озодӣ: -Шумо аз таҷлили солрӯзи Имом Бухорӣ дар кишвар чӣ интизориҳое доред?

Мулло Абдураҳим: -Гумон мекунам, агар дар кишвар ҷашнворае дар бораи Имом Бухорӣ доир шавад, барои бедор кардани шавқи мардум барои омӯхтан ва аз худ кардани илми ҳадис як такони бузурге мешавад. Сокинон аз як сӯ бештар бо Имом Бухорӣ ва эҷодиёти ӯ ошно мешаванд ва аз сӯйи дигар чӣ будани илми ҳадисро ба таври комил хоҳанд донист.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
    Баъдӣ 
Ном: Абдуллои Абдурахмон аз: Точикистон
12.03.2010 10:26
Аз домуллои гиромикадр барои ин ифтихорашон аз Имом Бухори ташаккур мегуям ва таклифи он касро дастгири менамоям.Хуб мебуд,ки дар мачаллаи Шумо ё дар телевизион оид ба хаёт ва фаъолияти ин шахсияти бузурги миллат , ки тамаддуни ислом уро эътироф менамояд маколахо дарч мегашт.Зеро мардуми мо аксаран ин шахсиятро намешиносанд. Боки худо хофизи Шумо.

Ном: Беном
12.03.2010 11:05
Jazikallohy hkaran , domyllo , HKYDOVAND SHYMORO PODOSHI NEK DIHAD DOMYLLO.

Ном: Шамсиддин аз: Душанбе
12.03.2010 11:24
Бале, Имом Бухори фахри миллати мусалмон мебошад, ба хусус миллати мусалмони точик. Масоили омузиши хадис ва пайрави ба он хатто дар замони Бухори дар хавзаи илмии Бухоро хеле дар сатхи паст буд, ки далели он муносибати уламои он ба шахсияти Бухори мебошад. Мутаасифона омузиши ин илм аз он давра то имруз дар Осиеи Маркази дар сатхи паст боки монд. Имруз чои таасуф аст, ки дар Осиеи Маркази мо ягон олими маъруф дар илми хадис надорем.Хавзахои илмии мо бештар ба илми фикх ва кироати Куръон таваччух зохир намудаанд. Умедворем тачлили ин сана таваччухи чавононро бештар ба омузиши хадисхо чалб менамояд.

Ном: MUSLIM аз: MUSR
12.03.2010 15:11
ASLAN IN SHAXS XYD NAMEDONAD CHI GUFTA ISTODA AST.DAR AVVAL GUFT BUXORI MUSHTXID BUD BOZ MEGUED BUZURGE GUFTAAST BUXORI DAR MAZXABI SHOFUI BUD. XUB MESHUD NOMI BUZURG BA NOMI KITOBRO MEGUFTED.XUDO XIDOET KUNAD MO SHUMORO.AMIN!
Дар посух

Ном: HUsen аз: dushanbe
12.03.2010 18:49
Barodari aziz agar onkadar haris ba faahmidani emom Buhori payravi kadome az mazohim budanasshro metavoni hudat paydo kuini zero bo 4unin sarohat suhan megui va illo 4unin suhanhoi tahkiromezro baroi barodari musalmini hud nagu zero musalmoni hakiki kasest ki dirag musalmonho az zabonu dasti u ozor nayoband
Дар посух

Ном: ODAM аз: ZAMIN
29.03.2010 13:38
Barodari aziz, dar kadom mazhab budani Emom Buxori (r.a) muhim nest, muhim on ast ki u musalmoni sunni bud va on shaxsiyati buzurg shogirdi Abu Yusuf (r.a) bud. Abu Yusuf niz dar navbati xud shogirdi Imomi Azam Abu Hanifa (r.a) bud. Xudo hofiz

Ном: Yoqub аз: Kiev
12.03.2010 19:05
Chi foida az in tajlil kardan ba musulmoni oddi,behtarash nakunedu musliminro azobu shikanja nadihed,mo didem soli guzashta avval soli buzurgdoshti imom A'zamro tajlil karda bad ba represiyai musulmonon shuru' kardand,man'i hijob.habsi barodaron,chi lozim in hama spektakl?boz hamun kashoro habs mekunand,ki kitobhoi Bukhoriro mekhonand yo man nodurust guftam?

Ном: ИБРОХИМ аз: Шпермь рассия
12.03.2010 21:01
дар точикистон имом бухориро чашнгиреду пешвойони динро ба зиндон кашед магар ин шармандаги нест барои точикистон дар точикистон токай давом мекунад ин режими тотолитари комунисти
худованд тавфикатонро зийода гардонад хамватанон

Ном: qori jalil аз: misr
12.03.2010 21:07
barodari muslim shumo dar kadom malktabi misr tahsil mekuned naxod mulloro shumo shaxs gued ilmash az shumo bolotar ast farqash chist ki u mazhabi shofei bud in 4 mazhab dar vaqti bahsashon ayne fiqh ixtilof doshtand lekin bo fahmi hamdigar taqsim shudand royeshon, hamash ajri xub megirand dar nazdi xudovand .kalontaronro xub ehtirom kuned. paembar meguad (s) alkalimatu taiba sadaqa.

Ном: ibrohim
12.03.2010 21:29
асалому алайкум шумо аз имом Бухори хело ифтихори шадидид аз худ нишон додед
вале аз хадиси сахих у дар бораи оминро баланд гуфтан сарфи назар мекунед чаро.
Дар посух

Ном: anvar аз: dushanbe
13.03.2010 18:41
zero inki barodari azizu giromi va dar emom buhori niz hadisi saheh dar vasfi past guftani omin omadaast
Дар посух

Ном: ODAM аз: ZAMIN
29.03.2010 13:41
ba man jild va bobashro navised, baroi on ki to on joe ki man medonam dar borai omini past suxan nagiftaast. Vallohu A'lam
Дар посух

Ном: ИБРОХИМ аз: Ш ПЕРМЬ РАССИЯ
14.03.2010 22:23
Бродар Анвар ман имом бухориро еътироф мекунам ман барохбарони точикистон гуфтам пешвойони исломро чаш мегиранду олимони ватанро бахар бахона ба зиндон мекашанд магар фикри точикистонро намекардабошанд ин токай давом мекардабошад агар хаминхел рафтан гирад ойандаи мо чимешудабошд дар давоми 6 мохи гузашта зиеда аз 30 нафар мусалмонони моро базиндон кашидан магар ин шармандаги нест
ХУДОВАНД ТАВФИКАТОНРО ЗИЕДА ГАРДОНАД ХАМВАТАНОНИ АЗИЗ

Ном: imom аз: xujandi
12.03.2010 23:06
salomu alikum ..aslan man imomro man nameshinosam va mirufham nestu....lekin yak gapi xato guftaastki >>дар зери осмон донотар аз Имом Бухорӣ дар илми ҳадис нафари дигаре вуҷуд надорад<<<baxshish in gapro man boli avval shunavida istodiam ..in gapro az kujo eftaaast eki xudash boftaast va baxshish imom xuzaimi ki ast??? va aza kujost???kamtar mailumot medoded nagz meshud

Ном: Сухроб аз: Душанбе
13.03.2010 13:02
Чаро имиджи домуллохои мо и кадар вохима аст .Барои чи як имиджи хубу бехтару тоза намекунанд бахъри худ.Охир хаму ришу фашта соз бумон ки фахр кунем бо муллохомон.
Дар посух

Ном: Баходур аз: Душанбе
14.03.2010 00:46
ришу фаши домулло ба кордор нашав
У бехтарин пешвои ислом дар Душанбе аст
Домуло ба фахри ту эхтиёч надорад
Назарҳо. Сафҳаи аз 2
    Баъдӣ 

Назари Шумо чист?

... ... ...

Писандидаҳо