Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти таҳиягари “Бачаҳои Помир”


Лаҳзае аз филми маъруфи Владимир Мотил - "Офтоби сафеди биёбон"
Лаҳзае аз филми маъруфи Владимир Мотил - "Офтоби сафеди биёбон"

Филмсози маъруфи рус ва “Ходими шоистаи Тоҷикистон” Владимир Мотил бар асари маризии тулонӣ шоми якшанбе олами ҳастиро падруд гуфт.

Ба гуфтаи пайвандон, ӯ рӯзи 5 феврали соли равон дар вазъи сангин ба бемористон интиқол ёфта буд. Ҳанӯз сабаби даргузашти таҳиягари маъруф рушан нест ва аммо хабаргузориҳо ҳадс задаанд, ки Владимир Мотил ба сактаи мағзӣ мубтало шуда ҳамчунин сутунмӯҳрааш шикаста буд.

Владимир Мотил 26 июни соли 1927 дар мавзеи Лепели Белорус ба дунё омада буд. Замоне, ки ҳамагӣ се сол дошт, падарашро бо иттиҳоми хиёнат дастгир карда ба маҳбаси воқеъ дар Соловки интиқол доданд. Баъдан Владимир ва модарашро ба Урал бадарға карданд.

Ӯ соли 1948 Донишгоҳи театрии Свердловскро хатм кард ва замоне, ки саркоргардони театри тамошобини худрсоли Свердловск таъин шуд, ҳамагӣ 27 сол дошт. Ва аммо Мотил он солҳо шефтаи синамо шуда буд ва аз ин рӯ курсии саркоргардони театрро тарк кард ва дар студияи синамои шаҳри Свердловск мақоми пойинтар - ёвари таҳиягарро пазируфт.

Владимир Мотил нахустин филми худ – “Бачаҳои Помир”-ро соли 1963 дар студияи “Тоҷикфилм” навор гирифта буд. Ӯ баъди филмҳои“Женя, Женечка ва Катюша”, “Офтоби сафеди биёбон”, “Ситораи бахти оламгир” дар сартосари шӯравии собиқ ва берун аз он маъруф шуд.

Филми “Офтоби сафеди биёбон” то имрӯз яке аз шоҳкориҳои синамо маҳсуб мешавад ва тамошои он ҳатто ба барномаи ҳатмии омодагиҳои пеш аз парвози кайҳоннавардон шомил шудааст. Зимнан, ин филм чанд муддат мамнӯъ эълон шуда буд ва Владимир Мотил тақрибан баъд аз се даҳсола, яъне соли 1998, барои “Офтоби сафеди биёбон” сазовори Ҷоизаи давлатии Русия дар бахши адабиётва санъат гардид.

Владимир Мотилро ду бор – бори аввал баъд аз таҳияи филми мазҳакавии “Женя, Женечка ва Катюша” ва бори дуввум барои таҳияи филми “Ҷангал” аз рӯи намоишномаи Островский аз синамо берун карданд. Ва аммо ӯ тан намедод, боз ба кори синамо бармегашт ва филми беҳтар меофарид.

Владимир Мотил барои филми “Бачаҳои Помир” барандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ шуда буд. Ӯ ҳамчунин шаҳрванди фахрии Душанбе ва соҳиби унвони “Ходими шоистаи Тоҷикистон” буд.
XS
SM
MD
LG