Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Қурби сомонӣ

TJS / 
USD
4.3669
TJS / 
EUR
5.8810
TJS / 
RUB
0.1447
TJS / 
KZT
0.0295
TJS / 
UZS
0.0028

Қурб дар ҳоли тағйир аст.

Сиёсат

Сабқати интихоботӣ шурӯъ мешавад

08.02.2010

Имрӯз мӯҳлати сабтиноми номзадҳо ба интихоботи парлумони Тоҷикистон ба охир расид. Сар аз фардо, 9-уми феврал номзадҳо имкон доранд, тариқи расонаҳо ва лавҳаҳои тарғиботӣ барномаҳои худро муаррифӣ кунанд.

Мирзоалӣ Болтуев, раиси Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, ки аз 154 номзади дар 41 ҳавзаи интихоботи пешниҳодшуда ҳамагӣ 150 нафар расман ба ҳайси довталаби курсии вакили мардумӣ ба қайд гирифта шудаанд. Вай афзуд, ҳанӯз ҳам номзадҳо ба Кумиссион шикоятҳои худро ирсол менамоянд.

Раиси Кумиссиюни интихобот гуфт, «шикоятҳо ворид мешаванд, комиссиюни мо ҳамаи онҳоро баррасӣ мекунад. Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода аз ҳавзаи интихоботии ноҳияи Сомонӣ шикоят кардааст, ки барои вохӯрӣ ба ӯ имконият намедиҳанд. Аз Ҳамадонӣ як номзад шикоят кардааст, ки 500 имзои ҷамъкардаашро қабул намекунанд. Аз вилотяи Суғд шикоятҳои бисёр омадааст».

Дар ҷараёни сабти номзадҳо ҳизбҳои сиёсии кишвар изҳори нигаронӣ мекарданд, ки дар пешниҳодшударо номнавис накардаанд. Ба гуфти

Воҳидхон Қосиддинов, раиси ситоди интихоботии Ҳизби наҳзати исломӣ, мегӯяд, бо сабаби саривақт номнавис нашудани номзадҳои ин ҳизб дар шаҳру ноҳияҳо, онҳо натавонистаанд бо интихобкунандагон мулоқот кунанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Қосиддинов, дар ҳоле ки номзадҳои ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ бидуни мушкилӣ бо мардум мулоқот анҷом медиҳанд, дари муассисоти ҷамъиятӣ ва таълимӣ барои номзадҳои аҳзоби мухолиф бастааст.

Вай афзуд, «номзадҳои моро дар минтақаҳо баъд аз талошҳои зиёд ба қайд гирифтанд. Аз онҳо барои сабтином асноде талаб карданд, ки аз рӯи қонун зарур нестанд».

Раҳматило Зоиров, раиси Ҳизби сосиал-демократ ва ҳамзамон номзад ба Маҷлиси намояндагон, мегӯяд, кормандони ниҳодҳои давлатӣ бо нашри матолиби иғвоангез дар бораи номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ ваъдаи президент дар мавриди интихоботи озоду одилонаро зери суол мегузоранд.

Вай афзуд, «мақомот барои мулоқотҳои номзадҳои ҳизби халқӣ-демократӣ бо интихобкунандагон мусоидат мекунанд, аммо мо ҳарчанд хоҳиш ҳам кунем, ба мо мусоидат намекунанд. Бино намедиҳанд».

Ҳамакнун дар 41 ҳавзаи интихоботи 150 номзад байни ҳам рақобат хоҳанд кард. Дар аксарияти ҳавзаҳо аз 4 то 5-номзадӣ сабқат мекунанд. Аз 150 номзад, ки барои 63 курсии Маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон талош меварзанд, 41 нафар аз ҳисоби ҳавзаҳои инфиродӣ ва 22 нафари дигар аз ҳисоби рӯйхати ҳизбҳо ба курсиҳои Маҷлиси намояндагон баргузида хоҳанд шуд.

Ин баҳс баста шудааст.
     
Назарҳо
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
     
Ҳаҷми матн - +

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил