Пахши зинда

Ҳоло дар амвоҷ

Як рӯз бо Шумо

Барномаи оянда

БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Қурби сомонӣ

TJS / 
USD
4.3669
TJS / 
EUR
5.8810
TJS / 
RUB
0.1447
TJS / 
KZT
0.0295
TJS / 
UZS
0.0028

Қурб дар ҳоли тағйир аст.

Ҷаҳон

Янукович худро пирӯз эълон кард

08.02.2010

Виктор Янукович, раҳбари мухолифони маскавгарои Украина, худро дар интихоботи рӯзи якшанбеи раёсатҷумҳурии Украина пирӯз эълон кард ва бо ин зоҳиран ақибнишние аз Инқилоби норанҷии Украина ба вуқӯъ пайваст.

Дар Украина ҳолати аҷиби ақибнишинӣ аз Инқилоби норанҷии соли 2004 ба мушоҳида мерасад ва Виктор Янукович қаҳрамони манфии он инқилоб акнун дар чандқадамии пирӯзист.

Бино бар натиҷаҳои пешакии расмӣ, Янукович 48,2 ва қаҳрамони Инқилоби норанҷии соли 2004, Юлия Тимошенко, 46,1 дарсад раъй гирифтаанд. Ин дар ҳолест, ки 95 дарсади баргаҳои раъй шумурда шудаанд.

Пирӯзӣ барои Янукович як гардиши пурраи толеъ аст, ки ӯро аз табаҳкори Инқилоби норанҷии соли 2004 ба қаҳрамони мусбат табдил медиҳад. Соли 2004 пирӯзии ӯ дар интихоботи доғдори президентӣ садҳо ҳазор нафарро ба кӯчаи эътироз рехт ва ин эътирозҳо ба тағйир натиҷаҳо кӯмак кард.

Аммо украиниҳо аз панҷ соли кашокаш байни сарони Инқилоби норанҷӣ ба танг омаданд.

Дар ситоди оростаи худ дар меҳмонсарои гаронбаҳои Интерконтинентали Киев, сари мизи шом бо ҳамҳизбиёни хушҳолаш, Янукович худро пирӯз эълон кард ва аз Тимошенко хост, бохташро эътироф кунад: "Ман бовар дорам, ки мо дар ваҳдати кишвар қадами аввалро гузоштем, ваҳдате ки муҳим аст ва ман ба он зарурат дорам."

Паёми асосии Янукович на дар он чизе буд, ки гуфт, балки дар забоне, ки бо он ин паёмро дод. Русӣ, на украинӣ.

Януковичро дар соли 2004 ҳамчун вориси қудрати хеш президенти вақти Украин, Леонид Кучма ба саҳна баровард ва Маскав ба таври ошкоро аз номзадии ӯ ҳимоят кард.

Сар аз он вақт поймарди 59-сола, ки ҳамеша ҳангоми сухан дар маърази ом нохушоянд намудор мешуд, талош мекард, хешро марказгаро нишон диҳад ва бештари паёмҳои худро, ки бо русӣ омода мешуданд, ба украинӣ баён мекард.

Бозгашт ба русӣ дар шаби якшанбе эътирофи он аст, ки вай асосан ба бахши шарқии саноатӣ ва русизабони Украина такия мекунад.

Бахши ғарбии Украина, ҳавохоҳони Инқилоби норанҷӣ ва орзумандони узвияти кишвари худ дар Иттиҳоди Аврупо аз сӯҳбат бо забони русӣ худдорӣ мекунанд.

Пирӯзии Янукович, бешубҳа, мавриди истиқболи Русия қарор хоҳад гирифт, ки ба талошҳои узвияти Украина дар НАТО шадидан мухолифат мекард.

Аммо Тимошенко ба шикаст иқрор накардааст. Вай рӯҳияи пирӯзии тарафи муқобилро натиҷаи раъйшумориҳои экзит пол ё як навъ ҷомеашиносӣ номид ва гуфт: "Ман мутмаинам, онҳое ки барои Украинаи аврупоӣ, демократӣ ва қавӣ ва на оне ки имрӯз аст, раъй доданд, бештаранд."

Вай аз тарафдоронаш хост, то ба охир мубориза баранд. Бисёриҳо бар инанд, ки натиҷаҳо мавриди баҳсҳои шадид қарор хоҳанд гирифт ва мубориза дар интихоботи порлумонӣ идома хоҳад ёфт.
Ин баҳс баста шудааст.
     
Назарҳо
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
     

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил