Пахши зинда

Ҳоло дар амвоҷ

Маҷаллаи шомгоҳӣ

Барномаи оянда

БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Қурби сомонӣ

TJS / 
USD
4.3669
TJS / 
EUR
5.8810
TJS / 
RUB
0.1447
TJS / 
KZT
0.0295
TJS / 
UZS
0.0028

Қурб дар ҳоли тағйир аст.

Ҷавонон

Филми нав -- “Беҳуда хорам мекунӣ”

02.02.2010

Дар ҳоле, ки имрӯз дар ҷаҳон филми амрикоии “Аватар” вирди забонҳост, дар Тоҷикистон бисёриҳо дар пайи хариду тамошои филми нави тоҷикӣ бо номи “Беҳуда хорам мекунӣ” ҳастанд.

Ин филмро на танҳо дар марказҳои дискфурӯшӣ, балки дар кӯчаҳо низ дарёфт кардан мумкин аст. Муаллиф ва коргардони филми мазкур Талабшоҳ Муқимов, рӯзноманигори ҷавон ва муваффақи тоҷик аст.

Филми мазкур аз ҳаёти намояндаҳои ду қишри ҷомеа қисса мекунад, ки аз олами ҳамдигар тамоман дуранд. Хонаводаи доро, ки намехоҳад, писарашон бо духтари деҳқони деҳотӣ издивоҷ кунад, бо якравии худ боиси марги духтар ва тарки манзил кардани писар мешавад.

Ҳарчанд филми мазкур, ки таҷрибаи нахустини коргардони ҷавон аст, аз сӯи бархе тамошобинон ва мунақиддон танқид мешавад, вале бо ин вуҷуд, филми мазкур тавонист дар як муддати кӯтоҳ маъруф шавад ва собит кунад, ки имрӯз дар бозор ба филми тоҷикӣ талабот хеле зиёд аст.

Вале чаро то имрӯз филмҳои хубу ҳирфаии тоҷикӣ дар бозор ангуштшумор аст?

Дар нашри навбатии “Ояндасоз” роҷеъ ба филми нави “Беҳуда хорам мекунӣ” ва вазъу шароити филмсозӣ дар Тоҷикистон бо ширкати худи филмсозону коргардонони ҷавон ва тамошобинони ҷавон баҳс кардем.

Барои шунидани “Ояндасоз” ишораи аудиои бахши Чандрасонаиро пахш кунед.
Ин баҳс баста шудааст.
Comment Sorting
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 5
Ном: Хайрандеш
02.02.2010 20:39
Офарин ба офарандаи филм! Харчанд холо берун аз марзи Точикистон хузур дорам ва ин филмро надидаам, лекин оид ба муваффак шуданаш шубхае надорам. Сабабхои муваффак шудани ин филмро чунин тахмин мекунам: 1.Номи филм. Шахсе ки аз мухтавои ин филм бехабар аст, гумон мекунад, ки филм дар бораи сабабхои аз сахна дур шудани Манижаи Давлат кисса мекунад. 2.Мавзуи интихобкардаи коргардон баёнгари дарди дили хазорон ошикони дилшикаста аст.
Дар посух

Ном: Jovidon аз: Kulob
03.02.2010 18:33
barodar gayz az Xudovandi Xolik yagon kas ofarida nametavonad. ....
Дар посух

Ном: Хушбахт аз: Ашт
04.02.2010 23:04
Бародари азиз, инчо сухан дар бораи офаридани кино меравад, на дунё. Мо бояд фахр кунем, ки ин чавон вакти кимати худро ба офаридани кинои точики сарфа кардааст, на ба дигар корхо......

Ном: zarina аз: beun az vatan
02.02.2010 21:25
salom! biser hursandam ki filmhoi tojiki ruz az ruz zied shuda istodaand.vale ba shahsone ki berun az vatanand chi boyad kard? az kujo metavonand dastras kard? bo kadom roh? biser mehoham tamosho kunam! mehoham javob dihed.rahmat

Ном: Беном
02.02.2010 22:35
ин нагз аст лекин филмхои исломи бороранд бисёр хуб мешуд

Ном: Vatandust аз: USA
03.02.2010 02:06
Salom.Man mehosat az internet daryoft kunam va binam.Az kadom sayt yoftan mumkin.

Ном: Sirojiddin аз: TJK
03.02.2010 08:45
SALOM , haminkhel filmhoi Tojiki ziyod shavand shoyad mo az kharidi filmhoi amrikoi dast kashem. tashakkur

Ном: Хушбахт аз: Душанбе
03.02.2010 08:56
Ба рости филме, ки аз тарафи хунармандони чавони мо тахия шуд ва ба алокамандонаш пешкаш шуд, бенихоят филми замонави ва хуб буд. Харчанд камбудихо бенихоят зиёд буданд, вале ин боиси ташвиш ва танкиди бархе аз тамошобинон набояд бошад. Барои тахияи як филми хубу бе камбуди давлатхои таракикарда милионхо долар харч мекунанд, мо чи? Ба хамаи ин бе шароитиву бе пули коргардони мо нигох накарда боз чунин як филми дикатчалбкунандае барпо карданд, ки имрузхо дар тамоми кучаву бозор хонахои хар як фарди точик бо аламу хасрат гап сари он филм аст. Банда ба эшон хунармандоне, ки сари ин филм захмат кашиданд, бисёр зиёд ташаккур ва миннатдории бепоёни худро расониданиам ва дар оянда барои тахияи накшхои хубу чолиб ба онхо барори кор хохонам.
Дар посух

Ном: askarali аз: moskva
05.02.2010 02:47
digar.zabon.lol.ast.az.filmhoi.tojiki.bovar.kuned.duston.chigadare.tarifi.filmhoi.tojiki.kunam.kam.ast.man.mexostam..ki.xudovand.fayzu.barakotro.dar.tojikistoni.tojikon.dixad.

Ном: firdav'S аз: USA
03.02.2010 09:06
Salom alaykum Radioi Ozodi a shumo hohish doram ki hamin bayze filmho va bayze chizhoe, dar dushanbe barguzor megardad lutfan ba radio ozodi guzoder to holi ki mo tamosho kada tavonem..
Tashakkur. firdav'S az USA

Ном: Шопур
03.02.2010 09:16
Чанд лахазаи филми мазкурро дидам. Мутаассифона, бисёр филми бемазза, махсусан бозии актерхо. Шояд сенарияаш хуб навишта шуда бошад, вале дар мавриди санъати ба навор гирифтану овоз додан ин филм тахкире аст ба забону ба фарханг ва кинои точик. Рузи якшанбе дар як манзил мехмон будаму он чо филми узбакии "Суперкелинчак" тамошо мекарданд. Худам нахоста тамошогари ин филм шудам. Ва бевосита онро бо "Бехуда хорам мекуни" мукоиса кардам. Фарк аз осмон то замин. Филми узбакхо бисёр сифаташ баланд, бозии актерхо табии, овоз табии, умуман филми касби дар назарам тофт. Филми Талабшох бошад пур аз камбуди, пур аз тахкир нисбати санъати волои кинои точик. Кани мактаби Комил Ёрматов, кани шогирдони Худоназаровхо, кани Ато, мактаби Ато, кани Хошим Гадову дигарону дигарон бузургони кинои точик. Ба назарам кинои Талабшох бозии хаваскоронро ба ёдам овард. Афсус, афсус... Бубинед, ки бо хамин хел кинохои сифаташон паст, фархангу маданияти моро то чи андоза паст бурда истодаанд... фарханги колхози...
Дар посух

Ном: АЗИЗ аз: ДУШАНБЕ
06.02.2010 09:06
ШОХПУР бародар аввало ба ту салом мегуям ва баъдан хаминро гуфтаниам ки ту худ ягон хунар дори агар ха пас биё хунаратро намоиш бидех.Филми "Бехуда хорам мекуни" ба дарачаи аъло гирифта шудааст ту коргардонхои моро пас назан агар барои ту филмхои узбаки маъкул аст бирав тамошо бикун ва барои мо таъриф накун.Тубарин хо на ба кадри миллат мерасаду на ба кадри фарзандои ин миллат.Аз навиштахои ту маро сахт кахрам омад мо бояд чи хеле набошад онхоро дастгири кунем дар ин дунё хеч кас бе хатоги зиндаги накардааст камбуди хаст баъдан ислох мешавад. Хурсанди овараш он аст ки кучое наравам хама сурогаи ана хамин филмро пурсида истодаанд ва пас маълум мешавад ки ин филм барои мардум писанд шудааст.

Ном: Беном
03.02.2010 09:35
идеяи филм хуб лекин ин барои сериал намеарзад тамоман!!! ин филмро метавон ба 1.5-2 соат чо дод на барои 4-5 соат!
сахнахоро дароз нишон медиханд ки одамро дилгир мекунад - зани русу духтарча ба фил ягон робита надоранд ва хеле хандаовар аст - махсусан вакте ки зани рус шеъри Рудакиро мехонад - шармандаги барои тамоми халки точик
Дар посух

Ном: Хуршед
03.02.2010 10:31
Ман хам ба гуфтахои Шумо розиям, ки филмро бисе дарози бемаъни карданд, бисер хуб мешуд ки филми бисерсерияги нею як серияги мешу.....Ин фикри ман аст.....
Дар посух

Ном: 8888 аз: душанбе
04.02.2010 10:12
Бародари азиз Шумо худ ягон чиро мефахмед ё на боз дар инбора сухбат мекунед. Хондани шеъри Устод Рудаки ин шармандаги нест, балки ифтихор аст, ки шеърхои мардуми точикро на танхо русхо балки тамоми мардуми дунё мехонад!

Ном: Фируз
03.02.2010 10:26
кино баъд набуд мешавад 1-кум борда дар оянда кушиш кунанд, ки
кинохои бамани манодор бароранд
барои кино чанд пул расход карда бошад?
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 5
Ҳаҷми матн - +

Чандрасонаӣ

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил