Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Қурби сомонӣ

TJS / 
USD
4.3669
TJS / 
EUR
5.8810
TJS / 
RUB
0.1447
TJS / 
KZT
0.0295
TJS / 
UZS
0.0028

Қурб дар ҳоли тағйир аст.

Сиёсат

Натиҷаҳои рӯзи аввали ҷаласаи ҳукумат

29.01.2010

Рӯзи аввали ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон бо барканории се муовини раиси ширкати «Барқи тоҷик» ва интиқоди шадиди раисиҷумҳур аз фаъолияти Додгоҳи олӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон поён ёфт.

Ҷаласаи ҳукумат бо гузориши Фаррух Ҳамроалиев, вазири иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, оғоз ёфт. Оқои Ҳамроалиев, ки тоза ба ин вазифа таъин шудааст, аз бурду бохти иқтисоди Тоҷикистон дар соли гузашта иттилоъ дод ва дурнамои фаъолияти вазорати иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистонро барои соли 2010 баён кард.

Эмомалӣ Раҳмон ба Фаррух Ҳамроалиев дастур дод, ки барои тавсеаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва ҳамчунин содда гардонидани расмиёти воридоту содироти маҳсулот аз тадбирҳои муассир кор гирад.

НАХУСТИН ТАҒЙИРОТИ КАДРИИ ҶАЛАСА


Раисҷумҳури Тоҷикистон аз фаъолияти ширкати «Барқи тоҷик» изҳори нигаронӣ карда, дар ҷараёни ҷаласа се муовини раиси ин ширкат Сафаралӣ Саъдуллоев, Шариф Исоев ва Нурмаҳмад Холназаровро аз вазифаҳояшон озод кард.

Бо барканории ҷонишинони раиси «Барқи тоҷик» раёсати ин ширкат комилан нав мешавад. Ду ҳафтаи қабл раиси ширкати«Барқи тоҷик» низ дар аз мақомаш барканор карда шуда буд.

Вале аз сӯи дигар дар ин ҷаласа ишора шуд, ки дар муқоиса бо солҳои пешин вазъи таъминоти аҳолӣ бо нерӯи барқ беҳтар шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, аз фаъолияти Додгоҳи олӣ ва Додситонии кулл низ шадидан интиқод кард. Оқои Раҳмон гуфт, фаъолияти ҳам додгоҳ ва ҳам додситонӣ дар соли гузашта аз камбудиҳои ҷиддӣ орӣ набудааст.

701 МИЛЛИОН СОМОНИИ САҲМИЯҲОИ РОҒУН

Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон, зимни гузориши худ дар ҷаласа гуфт, аз фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун, ки аз 6 январ шурӯъ шудааст, то кунун 701 миллион сомонӣ маблағ ҷамъ ба даст омадааст.

Оқои Наҷмиддинов афзуд, «дар давоми 23 рӯз ба суратҳисоби нерӯгоҳи Роғун дар бонкҳои Тоҷикистон 667 миллиону 197 ҳазору 124 сомонӣ маблағ ворид гардидааст. Ҳанӯз як бахши дигари маболиғ дар бонкҳо ҳастанд ва ба суратҳисоби нерӯгоҳ нагузаштаанд. Ба сурати умум маблағи ҷамъшуда ба 701 миллион сомонӣ мерасад».

Иттилои дақиқ дар бораи саҳмияҳои Роғунро мақомот ва бонкҳои Тоҷикистон пинҳон медоштанд. Аммо ин тасмими мақомот бо эътирозҳои мардум ва расонаҳо мувоҷеҳ шуд.

Эмомалии Раҳмон ба Вазорати молия дастур дод, ки ҳар даҳаи моҳ ҳаҷми маблағҳое, ки аз фурўши саҳмияҳо ба даст омадааст, дар расонаҳо эълон шавад.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин дастур додааст, ки ҷиҳати назорати харҷи маболиғ ва таъмини шаффофият дар истифоаи он як кумиссиюни ҷамъиятие иборат аз намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳои Тоҷикистон ташкил дода шавад.

СИРҚАТИ 70,5 МИЛЛИОН СОМОНИИ БУҶА

Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод изҳор дошт, ки тасарруфи ғайриқонунии 70,5 млн сомонӣ маблағи буҷа аз корхона ва муассисоти давлатӣ ошкор гардида, аз ин ҳисоб 38 миллион сомонӣ дубора барқарор ва ба хазинаи давлат баргардонида шудааст.

Ягона масъули давлатӣ, ки дар ин замина мавриди интиқод қарор гирифт ва аз кор барканор шуд, Рустам Баротов – раҳбари идораи тарҳҳои сармоягузории системаи обёрӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ буд.

Дар ҷаласаи рӯзи аввал ҳамчунин гузоришҳои раисони Кумитаи андоз Нусратулло Давлатов, хадамоти гумрук Гурез Зарифов, Бонки миллӣ Шариф Раҳимзода, Бонки давлатии «Амонатбонк» Маҳмадамин Маҳмадаминов ва роҳбарони бонкҳои саҳҳомӣ шунида шуд.

ҶаласаИ ҷамъбастии ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 30 январ низ идома хоҳад дошт.
Ин баҳс баста шудааст.
Comment Sorting
     
Назарҳо
Ном: Barak Obama аз: USA
29.01.2010 21:50
What does it mean? "Sirqat"???

Ном: Унвончу аз: Аврупо
30.01.2010 01:25
Охи дар галстуку кастумотон чонам о кани хамун натичахо???????????? Муи сар ялакос мезанаду рубох барин меларзед..... Боз хамун Ахмадаки порина, дигар нашудаст...
Дар посух

Ном: Беном
30.01.2010 12:30
ту чи фикр мекуни ки кор кардан осонай !!! хамаи рохбарони давлат барои ВАТАН - кор мекунанд.

Ном: електрик аз: душанбе
30.01.2010 11:48
ман чандин сол шуд ки шубаи баркро ахамият медихам одамони хуб хам хаст дар миёнашон масалан шариф исоев ки шабу руз кор мекард барои ободии хамин ватанамон намедонам барои онро озод карданд то хато ба наздики чони худро дархатар монда буд барои онки хамватанонамон бо барк дар хунуки таъмин шаванд

Ном: електрик аз: душанбе
30.01.2010 11:48
ман чандин сол шуд ки шубаи баркро ахамият медихам одамони хуб хам хаст дар миёнашон масалан шариф исоев ки шабу руз кор мекард барои ободии хамин ватанамон намедонам барои онро озод карданд то хато ба наздики чони худро дархатар монда буд барои онки хамватанонамон бо барк дар хунуки таъмин шаванд

Ном: Мастона аз: Маскав
30.01.2010 11:56
Ин чаласохои чамъбасти хамчун анъана хар сол бо тарсу хароси раисону вазифадорон мегузарад, аммо агар дар кул нигох кунем, ягон бехбуди дар хаёти маъишии хамдиёрон мушохида намешавад. Аниктараш, хар вазир ё раис нагз медонад, ки дар вазифааш 1 ё 2 сол бештар намепояд, барои хамин хам то метавонад, кисахоро пур мекунад, чен пас аз чанде навбати дигаре хохад расид. Хеле арифметикаи сода аст, хамин тавр не дустон?
Дар посух

Ном: Т аз: Б
31.01.2010 00:30
Афсус ки хамин тавр
     
Ҳаҷми матн - +

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил