Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намунаи сулҳи тоҷикон барои Афғонистон?


Мулоқотҳо дар оғози конфаронс. Истамбул, 25-уми январи соли 2010.
Мулоқотҳо дар оғози конфаронс. Истамбул, 25-уми январи соли 2010.

Дар ҳоле ки намояндагони баландпояи даҳҳо кишвар дар Истамбул ояндаи Афғонистонро баррасӣ мекунанд ва ба нишасти Лондон омодагӣ мегиранд, яке аз масъалаҳои меҳварии баҳсҳо дарёфти тафоҳум бо Толибон аст.

Дар ҳамин робита ва дар арафаи мулоқоти Истамбул, фармондеҳи НАТО дар Афғонистон, генерал Стенлӣ Маккристал дар мусоҳиба бо "Файнаншл Таймс" гуфтааст, Кобул бояд дар ёфтани забони муштарак бо Толибон ва ҷалби онҳо ба ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоӣ аз намунаҳои сулҳи минтақа истифода кунад.
Дар Афғонистон қувваҳо ин қадар бо ҳам тавозун доранд, ки яке наметавонад, дигареро ҳазф кунад...

Генерал Маккристал намунаи мушаххаси сулҳ дар минтақаро ном набурд, вале суханони ӯ дар ҳоле садо медиҳанд, ки ахиран маҷаллаи "Форин аффайрз", чопи Вашингтон пешниҳод карда буд, ки барои ҳалли мушкили Афғонистон бояд аз таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон истифода кард.

Вале оё то кадом андоза корбасти таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки таҳти сарпарастии Созмони Милал ва бо мусоидати кишварҳои ҳамсоя дар соли 1997 ба ҷанги дохилӣ хотима гузошт, имконпазир аст?

СТРАТЕГИЯИ ХУРУҶ

Нишастҳои муҳими байнулмилалӣ дар мавзӯи Афғонистон дар ҳоле ҷараён мегиранд, ки кишварҳои НАТО бо таҳияи стратегияи хуруҷ аз Афғонистон машғуланд, аммо тақрибан ҳеҷ яке аз хостаҳои асосии онҳо дар ин кишвар бароварда нашудааст.

Фармондеҳи нерӯҳои НАТО дар Афғонистон, генерал Стенлӣ Маккристал, мегӯяд, омодагиҳо ба оғози хуруҷ, ки барои моҳи июли соли 2011 тарҳрезӣ шудааст, идома доранд. Дар ин байн бояд нерӯҳои Афғонистон ба андозае тақвият ёбанд, ки битавонанд, амният ва истиқлолияти ин кишварро таъмин кунанд.

Аммо коршиноси тоҷик, Қосимшоҳи Искандар ҳузури нерӯҳои байнулмилалиро худ як монеаи сулҳи Афғонистон мешуморад: "Афғонистон як кишвари бисёр хоссе ҳаст бо бофту печидагиҳои бисёр вижаи қавмию этникию динию мазҳабию қабилаиву ва ғайра, ки аслан ҳузури нерӯҳои хориҷиро дар он ҷо таҳаммул намекунанд."

Вале генерал Маккристал мушкилро дар тавоноиҳои ҳукумат мебинад, ки баъд аз интихоботи президентӣ шикаст дидаанд.

КӮМАК БА КОБУЛ?


Нишасти минтақаӣ дар Истамбул, ба гуфтаи мақомоти Туркия, бояд ба таҳкими ҳукумати Афғонистон ва нақши ҳамсоягони он дар истиқрори эътидол дар Афғонистон тамаркуз ёбад. Яке аз ҳадафҳои асосии он ҷустани роҳи оштии Кобул бо Толибон аст, ки гуфта мешавад, дар арафаи нишасти Истамбул, аксари ҳамсоягони Афғонистон, ба вижа Эрон, Ҳиндустон ва Русия, мавзеъгирии худро тағйир дода, ҳоло тарафдори гуфтушуниди Кобул бо Толибонанд.

Ин ақида нав набуда, раисиҷумҳури Афғонистон, Ҳомид Карзай низ борҳо гуфтааст, хостори гуфтушунид бо Толибон аст, вале афзудааст, Толибони мӯътадил. Моҳи ноябри соли гузашта, дар маҷаллаи бонуфузи "Форин аффайрз" ва дертар дар рӯзномаи "Ню Йорк Таймс" пешниҳодҳое ба нашр расид, ки бояд дар ҳалли қазияи Афғонистон аз таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон истифода кард.

Дар соли 1997, таҳти сарпарастии Созмони Милади Муттаҳид ва бо ҳамдастии кишварҳои Гурӯҳи тамос ҳукумати Тоҷикистон бо мухолифонаш сулҳ баст ва ба тақсими қудрату ҳамоиши нерӯҳо, таҳияи тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ ва баргузории интихоботи фарогир ризоият дод.

КОРБАСТИ НАМУНАИ ТОҶИКИСТОН


Вале мухолифони корбасти ин таҷриба мегӯянд, шароити байни ду кишвари ҳамсоя бо ҳам фарқ мекунад ва пироҳани сулҳи Тоҷикистон мумкин аст ба тани Афғонистон тангӣ кунад.

Коршиноси масъалаҳои Афғонистон, Қосимшоҳи Искандар мегӯяд, сулҳи Тоҷикистон замоне имконпазир гашт, ки ҳарду тараф ба он ирода нишон доданд. Дар Афғонистон чунин иродаи тарафайн замоне дида хоҳад шуд, ки тарафҳо гузашт кунанд: "Чунин талабу шартҳое нагузоранд, ки аз ибтидо қобили қабули тарафи дигар набошанд. Бояд гузашт кунанд."

Гузашт метавонад аз ин ё он ҷониб шурӯъ шавад, қатъи назар аз тавонмандии тараф. Аммо бартарии комил надоштани ҳеҷ яке аз тарафҳоро, таҳлилгари дигар, Давлат Усмон, ангезаи идомаи ҷангу ошӯб медонад. Артиши Афғонистон ва нерӯҳои байнулмилал дар Ҳилманд ё Пактико пирӯз мешаванд, аммо чанде баъд толибон маркази пойтахтро ба ҷанг мекашанд.

Усмон мегӯяд, "дар Афғонистон қувваҳо ин қадар бо ҳам тавозун доранд, ки яке наметавонад, дигареро ҳазф кунад."

МАВЗЕЪГИРИИ ДУШАНБЕ


Афғонистон дар солҳои 1994-1997 яке аз аъзои фаъоли Гурӯҳи тамоси байнулмилалӣ дар расидан ба сулҳи Тоҷикистон буд. Ва ҳоло Тоҷикистон дар ҳамаи нишастҳои байнулмилалии марбут ба Афғонистон ширкат карда, аз минбарҳои баланд ба зарурати сулҳу амният дар Афғонистон таъкид мекунад. То куҷо ин садо қавист ва мавзеъгирии Тоҷикистон аз кадом омилҳо шакл мегирад?

Коршиноси умури минтақа, Қосимшоҳи Искандар мегӯяд, сулҳи Афғонистон барои Тоҷикистон ҳаётан муҳим аст. Пеш аз ҳама барои баромадани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ, пешгирӣ аз терроризм ва қочоқи маводи мухаддир, дарёфти бозори нерӯи барқ ва коло, робитаҳои илмию фарҳангӣ ва ғайра. "Мо манфиатҳои хеле зиёд дорем ва онҳо фақат дар ҳоле бароварда мешаванд, ки дар ин кишвар сулҳу амният бошад. Агар он ноором аст, мо ҳам ором буда наметавонем."

Дар остонаи нишасти байнулмилалии масъалаҳои Афғонистон дар Лондон, ки 28-уми январ баргузор мешавад, дабири Шӯрои Амнияти Тоҷикистон, Амирқул Азимов, гуфтааст, қазияи Афғонистон ҳалли низомӣ надорад ва ҳукумати президент Ҳомид Карзай бояд бетаъхир сари мизи гуфтугӯ бо мухолифонаш биншинад.

Зимнан, худи Азимов яке аз ширкат кунадагони гуфтушуниди сулҳи тоҷикон буд.
XS
SM
MD
LG