Чоршанбе, Июл 30, 2014

Тоҷикистон

Мушкили шиносномаҳои дорои ному насаби тоҷикӣ

Давлати Тоҷикистон гурӯҳи вижаеро таъсис додааст, то дар ҳалли мушкили шаҳрвандони ин кишвар, ба хусус он афроде, ки бо доштани ному насаби тоҷикӣ дар шиносномаҳояшон аз Русия ва дигар кишварҳои хориҷ баргардонда шудаанд, ёрӣ диҳанд.

Тибқи иттилоъи масъулони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, ахиран, теъдоде аз шаҳрвандон, яъне собиқ муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба иллати чунин амр аз Русия ихроҷ шуда ва ҳамакнун дар талоши русӣ кардани ному насаби худ ҳастанд. Садҳо тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шиносномаҳояшон бо шакли тоҷикӣ пур шудааст, дари шӯъбаҳои сабти ҳолати шаҳрвандӣ дар навоҳӣ ва шаҳрҳоро мекӯбанд, то дубора шиносномаашонро ба шакли қаблии даврони Шӯравӣ баргардонанд. Ин шаҳрвандон аз пасовандҳои тоҷикии -ён, -зода, -пур, -дӯхт даст кашиданианд ва мехоҳанд, ному насабашон ба шакли русии –ов, -ев, -вич дошта бошад. Зеро ба таъкиди ин шаҳрвандон он гоҳ онҳо метавонанд ба роҳатӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ бираванд ва мушкиле бо мақомоти Русия ва кишварҳои хориҷ надошта бошанд.

Аммо Виктор Себелев, раҳбари намояндагии Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар Душанбе, мегӯяд, мушкили аслӣ тоҷикӣ ва ё русӣ будани шакли навишти номҳо нест, балки дар шиносномаҳо бояд фамилияи шахс низ дарҷ гардад. Чун, ба таъкиди ӯ, дар акси ҳол чунин шакли навишт ба мавозини байнулмилалӣ дар заминаи убуру мурур аз марз муғоират дорад.

Любов Раҳимова, сардори шӯъбаи шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии аҳолӣ дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, низ гуфт, бар асоси Созишномаи байнулмилалӣ дар заминаи интиқоли мусофирон, ҳар фарде, ки дар шиносномааш фамилия ё насабаш сабт нашудааст, имкони ворид ба кишвари дигареро нахоҳад дошт. Хонум Раҳимова гуфт, ба ин далел як гурӯҳи вижаи корӣ ба манзури баррасӣ ва ҳалли ин қазия таъсис шудааст. Дар ин гурӯҳи корӣ намояндагони Вазоратҳои корҳои дохила, адлия, хориҷа, додситонӣ ва дигар ниҳодҳои зирабти давлатии Тоҷикистон шомил ҳастанд.

Любов Раҳимова, масъули хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, дар бурузи мушкили марбут ба шиносномаҳои шаҳрвандон шӯъбаҳои сабти асноди шаҳрвандии кишвар айбдор ҳастанд. Чун ба гуфтаи вай, кормандони ин шӯъбаҳо ба ҳангоми додани шаҳодатномаи таваллуд талаботи моддаи 20 –и Қонун «Дар бораи ба қайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» -ро ба инобат нагирифтаанд. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи вай, қонун навишти пурраи насаб, ном ва номи падарро дар шаҳодатномаи таваллуди фарзанд ҳатмӣ медонад.

Масъулони Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия мегӯянд, пур кардани шаҳодатнома дар бораи таваллуд бо дархости волидайн сурат мегирад.

Аз сӯи дигар, Любов Раҳимова мегӯяд, Вазорати хориҷаи кишварро низ лозим буд, то тағйиротеро, ки дар шакли навишти шиносномаҳо шудаанд, ба ҳама шаҳрҳо ва манотиқи Русия баробар эълом мекард. Зеро ба гуфтаи ӯ, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба шаҳри Маскави Русия сафар мекунанд, чунин мушкилеро надоранд ва ниҳодҳои марзбонӣ ба вуруди онҳо монеъ намешаванд.

Аммо соҳибназарон мегӯянд, бархӯрди ниҳодҳои давлатии Русия бо шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин замина бештар ангезаи сиёсӣ дорад. Чун пас аз он ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ду соли пеш аз пасвандҳои русии –ов ва –вич дар навишти ному насабаш расман даст кашид, вокунишҳоеро дар ҷомеаи расонаии Русия ба бор овард. Бештари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба муҳоҷирати корӣ ба Русия мераванд, мегӯянд, ҳамакнун шиносномаҳои дорои ному насаби тоҷикӣ низ баҳонаи дигаре барои мавриди азият қарор додани тоҷикон тавассути ниҳодҳои интизомии ин кишвар шудааст.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо
     
Ном: Точикзода аз: Шиноснома
23.12.2009 19:17
Ба фикрам на танхо мо точикон, балки тамоми мардуми дунё, хатто худи халкхои славянитабор аз ин "хукукдонхои" Русия ба дод омадаанд. Мо - мардуми дунё, хаста шудем аз фахмонидани конуну меъёрхои байналмилали, лек ин русхо ё омухтан намехоханд ё бо ахли башар дар курраи Замин созгор буда наметавонанд.
Эй шарикони стратеги, о мо ба Ивану Кузмину Кунову Ксюшахо, Волкову Медведевхою Шакалову Кошкинхо, Рыбкову Зубковхо, Безрукову, Смертину Несчастныю Голошинхо, Белову Краснову Черномордаю Пискунов ва боз хазорон номхои "маънидор"-и шумо накиз намегирем, ку??? Ба мо фарк надорад "ов" доред ё "ев" ё "ем", як аср мешавад, ки хушомадед гуфта ба хамин руз расидем.
Милости просим, если уж никак не можете жить с нами на этой Земле, тогда соберитесь в Байконур и летите в Марс, скатертью дорога!!!
Дар посух

Ном: TOJIK аз: NY
24.12.2009 01:11
Akai Tojikzoda ba Shumo Ahsan. Sukhanoni nihoyat khub.
Rusho, ki dar Jahon bo millatgaroii khud mashhur gashtaand mekhohand moro hamchun davroni shuravi zeri tasarrufi khud nigoh dorand. Ammo bo khosti Ilohi ba niyathoi nopoki khud narasida ba kabr bo khud mebarand.
IN amal 100 % ангезаи сиёсӣ дорад....
Guftani nisbati in rushoi....... ziyod ast.....

Ном: Масрур аз: Душанбе
23.12.2009 20:15
чунин мушкилот вучуд дорад ва камина дар ин хусус дар рузномаи "Озодагон" фикри худро баён карда будам. тарзи сабти расмии насабу номхои миллии точики дар хуччатхои расми бояд хатман ислох шавад, дар акси хол мардум аз ноилочи боз кушиш хоханд кард (аллакай кард истодаанд) ному насабашонро боз руси кунанд. мушкили асли мавчуд набудани насаб ё фамилия дар сутуни (графаи) "Фамилияи" шиноснома аст. фикр мекунам шояд беш аз 50 фоизи шиносномахои бенасаб хастанд, аниктараш насаб хаст, аммо дар сутуни "Фамилия" сабт нашудааст.
Насабу номхои расми дар хуччатхо бояд ин тавр навишта шаванд:
Собирзода Мурод - (на Муроди Собирзода); Собирпур Мурод (на Муроди Собирпур); Собирзод Мурод (на...); Собириён Мурод (на....) Аввали ному насаби расми ва хукуки аст, дуввуми гайрирасми. Дар шиноснома хатман бояд шакли аввали навишта шавад, то ин ки мавчуд будани насаби шахс маълуму равшан бошад; шакли дуввуми гайрирасми дар мавридхои дигар (масалан чун муаллифи макола ва ...) метавонад истифода шавад.

Ном: Abdusalom Odinazoda аз: Ustroliyo (Australia)
24.12.2009 07:01
Rohi osontarin va bomantiqtarin in copy kardani tarzi korguzorii Iron ast charo ki mo bo onho bo yak zabon suhbat mekunem. Aslan qarib hamai millathoi jahon avval nomro meguyand ba'd nomi khonavodagiro. Masalan Barak Obama, Mahmud Ahmadinajod va ghayra. mo tojikho ham hamin tartibro dorem, ya'ne Murod Sobirzoda, Boqi Rahimzoda va ghayra. Dar shinosnomaho ham mo metavonem avval "nom" navisem ba'd "nomi khonavodagi". nomi padar (otchestvo) in khosi farhangi rusi ast va mo niyoze ba on nadorem. ammo mo metavonem "nomi duvvum" yo "nomi miyona" (middle name) doshta boshem agar ba'zeho khohand du nom yo "otchesvo"-i rusi doshta boshand.

Ном: Иброхим аз: Душанбе
24.12.2009 10:16
Ягон корро точикон ба тартиби муайян карда наметавонанд. Дар хамин ному насаб гузори хам як тартиб вучуд надорад.

Ном: NOUSRAT аз: RUSSIA
24.12.2009 10:18
In hamash durug' ast agar nomu nasabi Tojiki doshta boshi az Russia khorij mekunand,barodari man soli 4 ast bo nomu nasabi Tojiki kor mekunad hech vaqt mushkili ejod nashuda fahmondan darkor.Sababi khorijshavi khudi muhojiron gunahkor qonuni Russiaro vayron mekunand khorij meshavand ba'dash bo nasabi Tojiki voridi Russia meshavan,dubora ki deport shudand nasabi Tojiki bahona meshavad.

Ном: Абдучалил аз: Душанбе
24.12.2009 10:21
Дуруди Худованд бар хама!

Ба гумонам чунин икдомотхои нав ба нави давлати Руссия бар зидди миллати точик ва давлатдории мо точикон равона шудааст. Сониян, сад Шукронаи Худованд, ки мо на русем ва на насрониву чувут, ки бо пасояндхои ОВ ОВА ВНА ВИЧ. Бародарони азиз! Мо точикем ва мо мардуми Осиёи Маркази хастем ва аз пайдоиши даврони Ориёи мо номи точики доштем. Эътироф накардани номхои точикии аз тарафи Руссия ин маънои эътироф накардани истиклолияти Точикистон ва давлатдории точикон мансуб мегардад. Аввалан мо точикон бояд дар кишвари худ ба тамоми шахрвандон, ки дар Точикистон таваллуд мешаванд, яъне чузъ фарзандони хоричиён номхои точики гузорем. Мо точик хастем ва ачдоду авлодони мо точик буданду номи точики доштанд ва танхо дар тулонии солхои даврони Шурави, бо ичбор мардум пасояндхои русии ОВ ОВА ВНА ВИЧ-ро кабул карданд. Акнун мо сохиби истиклолу давлат хастем. Ин сустии мо точикон хаст, ки имруз ин номхои точикии моро дар чахон эътироф намекунанд. Бузургони мо чун Умари Хаём, Руми, Рудаки, Сино, Фирдавси пасоянди ов ова вна вич надоштанд ва дар забони тамоми инсонияти руи чахон онхоро эътироф мекунанд ва бо хуби бар забон меоваранд. Тасаввур кунед, ки мардуми рус бузурги моро Омар Хайямов ном гузорад. Дар ин холат мо бузургони онхоро шояд Пушкинзода ё Пушкиниён номгузори кунем. Итминон дорам, ки ин номхои хандаовар ба касе писанд намеояд.

Ба хар хол бояд дипломатия ва эстетикаву суннатхои миллии хар як миллат ва давлатдори ба инобат гирифта шаванд. Хеч гох рох ба хушунату кинадори рох надихем. Танхо дипломатияи миллии мо точикон метавон аз ухдаи ин кор барояд ва барои эътироф намудани номхои точики дар дигар кишвархои чахони талош баранд.


Худованд хамаи моро дар панохаш сихату солим нигах дорад.

Бо камоли эхтиром,
Абдучалили Комили
шахри Душанбе
24 декабри соли 2009
Дар посух

Ном: ТочикУФ
24.12.2009 11:09
АбдучалилИ КомилИ - Комили Абдучалили, кадом аз ин ном аст? Хардуяш хам бо И тамом мешавад? Гаранг карди-ку?

Ном: Исмталаб аз: Беном
24.12.2009 15:45
Суол ба кормандони Радиои Озоди, махсусан ба Хуршеди Ҳамдам. Оё барои иваз намудани ном аз руси ( –ов, -ев, -вич ) ба точики (-ён, -зода, -пур, -дӯхт ) сабти асноди ҳолати шаҳрвандии нохия ва шахр доллар талаб карданашон мункин аст, ё на? Агар бошад то чанд сад доллар. Ва ин пул ба хазинаи давлат меравад ё ба кисаи он касе, ки пулро талаб намуд. Ва барои иваз намудани ном аз руси ( –ов, -ев, -вич ) ба точики (-ён, -зода, -пур, -дӯхт ) кихо назорат мебаранд ва кадом идораву муассиса кумак мекунад?

Ном: Красноярск аз: Красноярск
26.12.2009 19:10
Ба гуфтаи намояндаи хадамоти мухочирати возорати КД Точикистон дар асоси конуни байналмиллалие, ки худ модда ва номи ин конунро натавонист гирад, мехохад бигуяд, ки Чаноби Президенти Точикистонро бе -ову, -вич наметавонад ба сафархои кори ба кивархои хоричи сафар намояд??????

Ном: Чамолиддин аз: Душанбе
29.12.2009 19:22
Ба номи Худованди ягона!
Салом ба хама!
Гуфтаниам, ки аз мост, ки бар мост. Ин хосили хамон киштахоямон аст, чунки ба ин масъалаи хеле хам мухим аз аввал, аз огози бедоршавии шуури милли ва истиклолхохи аз охирхои солхои 80-ми асри гузашта то холо аз чониби давлат умуман гуем хеч эътиборе дода нашудааст. Аксаран дар идорахои сабти холатхои шахрвандии (ИСХШ) чумхури шахсони камсавод, гурури милли надошта ва хатто русмаоб кор мекунанд.Ба чои чашну тантанахои бемаънию беасос бояд давлат як кисмаке аз ин маблагхоро барои халли ин масъала равона мекард холо ин проблема пайдо намешуд. Яъне забоншиносони бехтаринро чалб ва хавасманд мекард то дастурхои номгузори омода месохтанд ва намунахои насабсози ва номгузории дурустро дар чойхои намоёни идорахои бо ин кор машгул (ИСХШ) меовехтанд.Коргарони ин идоротро бояд дар курсхои махсус меомузониданд, то ки ба мардум тарзи дурусти интихобро фахмонида метавонистанд. Холо на танхо аксари мардум, балки худи кормандони идороти сабти холатхои шахрванди кодир ба ному насабгузории дуруст омода нестанд ва аз ин пеш хама мардуми одди (пеш аз хама хуронанда ва пушонандаи мардуми точик омили асосии пойдории ин давлат ва ин хукумат, яъне ХАЗРАТИ МУХОЧИР) ранч мекашад. Давлат дар ин бобат малагро дарег надошта фавран паи ислохи ин вазъият шавад, вазорату идорахои масъулро ах хоби гарон бедор созад, то ки хатохои худро дар ин соха очилан ислох намоянд.Ин чорабини аслан маблаги чандон зиёдеро хам талаб намекунад.

Худованди бузург ба давлатмардони форигболи мо тавфик дихад.

Назари Шумо чист?

Бойгонии назарсанҷӣ

Писандидаҳо

Тамос бо Радиои Озодӣ

Агар хабаре доред ё мехоҳед, масъалаеро дар миён гузоред, бо имейли Tajik@rferl.org ё телефони интернетии ozodi.skype бо мо дар тамос шавед. Ҳамчунин телефонҳои мо дар хидмати Шумо:

Дар Душанбе:          988 65 94 63               988 65 94 64            985 63 83 56
Дар Прага:               420 725 03 79 43   
Skype Me™! Add me to Skype