Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
facebook like
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

mymailru

Тоҷикистон

Вафоти як зан бо эҳтимоли бемории зукоми хук

08.12.2009

Маркази беҳдошти вилояти Суғд мегӯяд, як зани 30–солаи ҳомила дар шӯъбаи эҳёи беморхонаи марказии вилоят бо нишонаҳои бемории зукоми номаълум, эҳтимолан зукоми хук, фавтидааст.

Насиб Икромов, муовини сардори маркази мазкур, гуфт, он зан дар шаби 5 –ум ба 6–уми декабр дар ҳоле ба беморхона бистарӣ карда шуд, ки организмаш аз беморӣ сахт зиён дида, нафасаш танг гашта буд ва дар вай нишонаҳои зукоми номаълум ба мушоҳида мерасид. Н. Икромов афзуд, чун дар вилояти Суғд ташхисгоҳ барои муайян кардани зукомҳои нав вуҷуд надорад, анализҳои зани фавтида барои ташхиси ниҳоӣ ба Душанбе ирсол шуда, то ҳол посухи онро дарёфт накардаанд.

Ин барои бори аввал аст, ки табибони вилояти Суғд аз эҳтимоли гирифтории як сокини ин минтақа ба бемории зукоми хук хабар медиҳанд.

Ба гуфтаи манобеъи ғайрирасмӣ, М. Буранбоева аслан сокини ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон будааст, ки баъди шавҳар кардан ба як сокини вилояти Суғд ба ин маҳал кӯчидааст.

Ахиран, Аъзам Мирзоев, муовини вазири беҳдошти Тоҷикистон, гуфта буд, дар Тоҷикистон 7 нафар: се шаҳрванди Тоҷикистон ва чаҳор шаҳрванди хориҷӣ бо маризии зукоми «04 Калифорния» сабти ном шуданд. Аъзам Мирзоев, муовини вазири беҳдошти Тоҷикистон, ба сомонаи Озодӣ гуфта буд, ин зуком аз зукоми хук фарқ мекунад ва бештар бо истилоҳи зукоми нав маъруф аст.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
     
Назарҳо
Ном: Абдучалил аз: Душанбе
08.12.2009 11:35
Дуруди Худованд бар хама!

Ба гумонам харобоварихои ин намуди бемории нав метавон мардумро ба тарсу харос овард. Хукумату мутахассисон бояд оиди пушидани никобхои муваккати мардумро водор кунанд. Никоб пушидан чои айб нест балки пешгири аз ин бемори. То хол дар ягон гушаи шахр мардумро бо никобхо наметавон дид. Рекламаи бештар лозим аст. Бигзор 20-50 нафарони фаъолони корхои чамъиятиро дар шахр бо никобхои пешгиранда аз зукоми хук пешсаф кунанд ва ин рекламаи зинда хохад шуд ва мардум ба никобхо хоханд гузашт. Гайр аз ин метавон никобхои муваккатиро ба мардум бо таври ройгон мисли аксия таксим кард то, ки мардум шарму хайро як су гузошта никобхои хифзкунандаро бипушанд.

Эхтимоли пахншавии зукоми хук дар кишварамон аз вокеият дур нест.


Худованд хамаи моро дар панохи худ сихату солим нигах дорад!


Бо камоли эхтиром,
Абдучалили Комили
шахри Душанбе
8 декабри соли 2009
     

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил