Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврӯз дар Данғара ва Ваҳдати миллӣ дар Душанбе


Соли оянда ҳукумати Тоҷикистон Наврӯзро дар ноҳияи Данғара ва як соли баъдаш Рӯзи ваҳдати миллиро дар шаҳри Душанбе таҷлил хоҳад кард.

Президенти Тоҷикистон зери амрҳое дар мавриди баргузории ҷашни Наврӯзи Аҷам-2010 дар ноҳияи Данғара ва таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ дар соли 2011 дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе имзо гузоштааст.

Мақомоти вилояти Хатлон ҳамроҳ бо мақомоти ноҳияи Данғара барои дар сатҳи баланд доир кардани Наврӯз супориш гирифтаанд. Айни супориш ба тамоми идораву ниҳодҳои давлатӣ барои дар сатҳи баланд таҷлил кардани ҷашни ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе дар пешорӯи бистумин солгарди истиқлоли Тоҷикистон амр шудааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин амр додааст, то Рӯзи Дониш дар соли 2010 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар рӯзи якуми сентябр гузаронида шавад.
XS
SM
MD
LG