Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ворух чаҳор нафар боздошт шуданд


Дар деҳаи Ворухи Исфара чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои низомии Тоҷикистон боздошт шудаанд.

Сажера Чоколаева, сухангӯи хадамоти марзбонии Қирғизистон хабари расонаҳоро дар мавриди он ки ин чаҳор нафар аз ҷониби марзбонҳои қирғиз боздошт шудааст, рад кард.

Аз ҳувияти афроди боздоштшуда ва тафсилоти амалиёти боздошти онҳо чизе гуфта намешавад, ба ҷузъ он ки он афрод шомили гурӯҳи мусаллаҳе будаанд, ки дар ҳафтаи гузашта бо марзбонони Қирғизистон вориди даргирӣ шуда буд, ва дирӯз, 19-уми октябр, дар як даргирии дигар бо низомиёни Тоҷикистон чаҳор нафарашонро кушта аз даст дод.

Хонум Чоколаева ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар Бишкек гуфт, нерӯҳои марзбони посгоҳи Боткант ва марзбонони тоҷик дар марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳолати омодабош даромадаанд.

Дирӯз, 19-уми октябр, дар як даргирии мусаллаҳона дар Исфара чаҳор нафари муттаҳам ба узвият дар ҲИУ кушта шуда буданд. Дар он даргирӣ як низомии ОМОН-и Суғд низ захмӣ шуда буд.

Ба гуфтаи Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, мақомоти интизомии Тоҷикистон манзилеро, ки дар он муттаҳамон ба узвият дар гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятӣ пинҳон шуда будаанд, ба муҳосира гирифта, талаби таслим шуданашонро кардаанд. Пас аз посухи рад тасмим ба оғози амалиёти ҷангӣ шудааст.

Пас аз анҷоми амалиёт аз манзил чаҳор ҷасад дарёфт шудааст. Ҳувияти онҳо ошкор шудааст, вале мақомот ба хотири халал ворид накардан дар тафтишот аз исм бурдани онҳо худдорӣ мекунанд. Додситони шаҳри Исфара, Орифҷон Умаров, гуфт, ин афрод аз соли 2006 – и милодӣ ба гумони фаъолият дар ҲИУ ва даст доштан дар як қатор ҷиноятҳои вазнин таҳти таъқиб қарор доштанд.

Аъзои ин гурӯҳ дар судури як силсила ҷиноёти сангин, аз ҷумла дар куштори Саидумар Саидов, раиси бахши ҷустуҷуҳои ҷиноии шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Исфара, дар моҳи сентябр, гумонбар дониста мешаванд.
XS
SM
MD
LG