Cешанбе, Октябр 21, 2014

Фарҳанг

Хатари маҳви музейи Айнӣ дар Самарқанд

Бо дастури шифоҳӣ аз ҳукумати Узбакистон ашёи ин осорхона бароварда шуда, омодагиҳо ба вайрон кардани бино идома доранд.

x
Сомонаи интернетии Уз.Нюз хабар додааст, ки чандест, зиёрати хоҳишмандон аз ин осорхона қатъ шуда, ҳамаи анҷому колои он, ба монанди чизҳои шахсии Айнӣ, китобу ҷиҳоз аз бино бароварда шудааст.

Бархе аз манобеъи ин сомона гуфтаанд, сарнавишти Хона-музейи Садриддини Айниро як фармони даҳонии яке аз ноиби сарвазири Узбакистон ҳал кард, ки дар ҳузури ҳокимони шаҳр ва вилояти Самарқанд, Зоҳир Мирзоев ва Уктам Барноев амр дод, ки осорхона баста ва худи бино ба хок яксон гардад.

Ба гуфтаи кормандони осорхона, маъмурияти он дар номае ба унвони ҳокими вилояти Самарқанд хоҳиш кард, ки осорхонаи нависанда ва мутафаккири машҳури тоҷик ҳифз гардад, аммо то ҳанӯз ба ин нома посух дода нашудааст.

Вале умеди ин ки мақомоти давлат Хона-музейи Садриддини Айниро ҳифз хоҳанд кард, хеле заъиф аст, зеро аллакай нимпайкараи Айнӣ ва лавҳаи хона-музей аз даромадгоҳи осорхона бардошта шудаанд.

Омодагиҳои аз байн бурдани осорхонаи Айнӣ рӯшанфикрони Самарқандро шадидан нороҳат кардааст. Бисёриҳо бар инанд, ки чунин қадами навбатии бесмаъулиятонаи мақомоти давлат ба муносибатҳои байни Узбакистону Тоҷикистон зарба мезанад ва инчунин тоҷикони Узбакистонро озурда мекунад.

Таври маълум дар Самарқанду Бухоро, Сурхондарё, Намангон ва вилоятҳои дигари Узбакистон тоҷикони зиёде зиндагӣ мекунанд.

Фаъолони Маркази фарҳангии тоҷикон дар Самарқанд гуфтаанд, шикастани ҳайкал ва бастани осорхонаҳо танҳо ҷанбаи аёни сиёсатҳои ҳукумати Узбакистон дар коҳиш додани нуфузи фарҳанги тоҷикӣ дар ин кишвар аст. Онҳо мегӯянд, мушкил дар ин аст, ки мақомоти Узбакистон эътироф намекунанд, ки тоҷикон дар асл дувумин бузугтарин гурӯҳи қавмӣ баъд аз узбакҳоянд.

Чунончи, ба гуфтаи ин фаъолон дар шаҳри Самарқанд дигар ягон мактаби тоҷикӣ намонда, дар деҳот шумораи онҳо ба поинтарин сатҳ афтодааст.

Овозаҳои тахриби Хона-музейи Садриддини Айнӣ сабаби ҷамъоварии имзо зери як номаи дастаҷамъона шудааст.

Садриддини Айнӣ дар соли 1878 дар тумани Ғиждувони наздикии Бухоро ба дунё омада, пас аз таҳсил дар мадрасаҳои Бухоро ба яке аз рӯшангарони давр табдил ёфтааст.

Дар оғози замони шӯравӣ вай бо навиштани тазкираи "Намунаи адабиёти тоҷик"талоши пантуркистҳоро, ки ҳастии мардуми хосеро ба номи тоҷикон рад менамуданд, хунсо кард ва дар солҳои таъқибҳои сталинӣ кам монда буд, ки террор шавад.

Айнӣ нахустин раиси Фарҳангистони улуми Тоҷикистон дар рушди илм дар Осиёи Марказӣ саҳим буда, то фурӯпошии Иттиҳоди шӯравӣ сардафтари адабиёти тоҷик ва узбак ба шумор мерафт. Чанде пеш дар намоишгоҳи китоби Узбакистон дар Душанбе, ба муносибати Рӯзи истиқлолияти Узбакистон чандин асари Айнӣ низ дар маърази тамошо қарор гирифта буд.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо

Ном: Шерак аз: Хуррамшахр
04.09.2009 20:44
Золим намекашад алам аз тиннати хасад,
Танги фишори дидаи узбак намешавад.
Абдулкодири Бедил

Мактабхо миёна ва донишгоххои олии бо забони точикиро пурра бастанд, тамоми асархои адабиёти форсро, ки то соли 1990 нашр гардида буданд, аз тамоми китобхонахои маркази ва махалли гирифта, пурра оташ заданд, бо тарси он, ки мабодо насли оянда китобхои моро хонанд, алифборо иваз намуданд ва ана акнун ба нест намудани осорхои таърихии халки точик пардохтанд. То хатто хайкали Хазрати Чоми ва Алишер Навоиро аз маркази шахр канда, нест карданд.
Ба ягон хунарманд, олим ва овозхонхои мо раводид намедиханд, вале мо бошем хар мох хофизхои онхоро дар Душанбе кабул ва мехмондори менамоем.

Ном: Точик аз: Душанбе
04.09.2009 22:22
Ин кори сатхи давлатист. Давлати Точикистон бояд чихати пешгири аз ин икдоми бемасъулиятона хар чи зудтар ба сурати катъи икдом намояд. Узбекхо бояд бидонанд, ки устод Айни на танхо асосгузори адабиёти навини точик, балки яке аз асосгузорони адабиёти навини узбек хам хаст.

Ном: Diyor аз: Garib
04.09.2009 22:24
Kani davlatmandi kununii sohai maorif? vayron kardani tojiksiton-qati mashgulu dar in mas'ala "yurak" namerasad? agane joyata kholi kun ba digaron, to ki oyandayi tojik-ro khub kunad

Ном: Milatparast аз: az Dushanbei azizam
04.09.2009 23:42
Sharm ast ba Dawltdoroni Mo Tojikho haruz Janobi Oli wa muftaxuri digarush MahmadSaid Ubaiduloevero dar Konsertho dida metawoni wale hej waxt nafahmidem dar 1gon axbor ki Janobi Oli ba Tojikoni Samarknad wa eo Buxoroi Sharif wa eo Tojikihoi az watan berun kadom xizmate kardaboshad in sharmandagist wa haruz elon meshawad ki dar Tojikiston boz 1maktabi Uzbaki eo Turki iftitoh shud charo hej waxt Fikri Tojikoni Samarkandu Buxoroi sharifro namekuned charo?

Ном: Мушфики аз: Самарканд
05.09.2009 03:29
Дар Самарканд имтихон кардам, ки ёбам хонае,
Бехтар аз байти тахаллус, хонае пайдо нашуд.
- Чи кунем, ки дар ин минтака ифтихори милли нест...

Ном: мавлави мухиддин аз: душанбе
05.09.2009 07:45
Салом дустони гироми ва кормандони радиои озоди. Чаро мо аз узбакон менолем дар холе, ки хукумати мо алайхи мусалмонон чабру ситам намудаистодааст. Точикони мусалмони дохили кишварро зери такибу фишор карор додаистодааст, чи расад, ки дар фикри осори кадимаи милли дар берун аз кишвар бошад агар кабри Исмоили Сомониро канда дар чояш Чингизхонро гуронанд аз мо садое дар нахохад омад кучо расад ба осорхонаи С Айнии бечора. Хамин гами точикхои мусалмони дохилша хуред ба осорхои берун аз точикистонаш хаволааш ба Худо.

Ном: Мехрон
05.09.2009 09:08
Дар Бухоро то кунун аллома меруид агар,
Баъд аз ин хар лахзае узбак бируяд фахр кун!

Точик андар ватани хеш чаро муттахам аст,
Ё хато рафта ба точик таваллуд шуданам.
Хама халкони дигар анчуман оростаанд,
Дар Самарканд нашуд, сохта як анчуманам.
Ай Бухоро, ту бигу сохати Эронвич ку,
Ман аз ин фочеа чун шиква ба Яздон накунам.
Лоик

Ном: bek аз: namangan
05.09.2009 12:02
salom man az namongon man ham tojik lek bisyori suxanhoi shumhoro namefahmam charo ? baroi haminki dar shahri mo 1 to maktabi tojik mond. dilam ba tojikon meso'zad to kay hamin xel meshavad. charo shumoyon az vatani xud ba digar davlatho meraveton ki in korhoro hal mekunad. ba xatoho mebaxsheton man tahsili uzbeki xondagi.

Назари Шумо чист?

Бойгонии назарсанҷӣ

Писандидаҳо

Тамос бо Радиои Озодӣ

Агар хабаре доред ё мехоҳед, масъалаеро дар миён гузоред, бо имейли Tajik@rferl.org ё телефони интернетии ozodi.skype бо мо дар тамос шавед. Ҳамчунин телефонҳои мо дар хидмати Шумо:

Дар Душанбе:          988 65 94 63               988 65 94 64            985 63 83 56
Дар Прага:               420 725 03 79 43
Skype Me™! Add me to Skype

Мавзӯъҳои рӯз